Фаъолияти ҷисмонӣ барои тифлон ва кӯдакон: барои чӣ зарур аст ва чӣ қадар

Фаъолияти ҷисмонӣ барои саломатӣ ва инкишофи кӯдакони хурдсол муҳим аст. Фаъолияти ҷисмонӣ - ҳама гуна фаъолиятест, ки дар асоси ҳаракат ба амал меояд. Дар синну соли гуногун аз кӯдакон миқдори гуногуни фаъолияти ҷисмонӣ талаб карда мешавад. Аммо дар ҳар сурат, агар кӯдакон бештари вақти худро барои ҳаракати фаъол ва вақти ками худро барои нишастан сарф намоянд мувофиқи мақсад мебошад.
Body

Фаъолияти ҷисмонӣ: барои чӣ ба кӯдакон  муҳим аст?

Фаъолияти ҷисмонӣ барои солимӣ, некӯаҳволӣ ва инкишофи кӯдак дар замони ҳозира ва оянда муҳим аст.

Фаъолияти ҷисмонӣ барои солимии кӯдак хеле муҳим аст. Аз ҷумла:

  • Мушакҳо, устухонҳо, дил ва шушро қавӣ мегардонад.
  • Ҳаракат, мувозинат, қомат ва сабукиро беҳтар менамояд.
  • Ба кӯдакон барои вазни солим кӯмак мерасонад.
  • Хавфи пайдоиши бемориҳои дил ва саратонро паст менамояд.

Фаъолияти ҷисмонӣ инчунин ҳолати кӯдакро хуб мекунад. Кӯдакони фаъол бештар:

  • ба худ боварӣ дошта дар байни ҳамсолонаш худро бегона ҳис намекунад.
  • асабӣ нестанд ва ором хоб мераванд.
  • дар мактаб кӯшиши зиёд доранд.
  • бо дигар одамон муомила мекунанд ва ба осонӣ дӯстӣ пайдо мекунанд.

Фаъолияти ҷисмонӣ – қисми муҳими бозӣ ва раванди омӯзиш мебошад. Дар мавриди ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шудани кӯдакон бо Шумо ё шахсони дигар онҳо ба роҳ мондани муносибат дар оила ва дар ҷомеа меомӯзанд.

Фаъолияти ҷисмонӣ барои кӯдакон шавқовар мебошад.

Фаъолияти ҷисмонӣ чист?

Фаъолияти ҷисмонӣ – ин ҳама гуна фаъолиятҳоеро меҳисобанд, ки бо ҳаракат алоқаманданд. Ба фаъолияти ҷисмонӣ ҳааркатҳои ҳаррӯза, бозиҳои ҷисмонии фаъолона ва инчунин мушғулиятҳои муташаккилонаи варзишиву ҷисмонӣ мансубанд.

Ба фаъолияти сабуки ҷисмонӣ сайругашт кардан, навохтани асбобҳои мусиқӣ ва ё рост истода расм кашидан мансуб мебошанд.

Дар мавриди фаъолияти ҷисмонии муътадил кӯдакон каме заҳмат мекашанд. Ба ин гурӯҳи фаъолиятҳои ҷисмонӣ дохил мешаванд:

  • қадамзании босуръат;
  • ба назди дӯстон, ба мактаб ва ё ба боғчаи кӯдакона рафтан;
  • рақсидан, аз болои банд ё таноб ҷаҳидан ва сар додани бодбаракҳо;
  • шиноварӣ.

Дар мавриди сарбориҳои вазнини ҷисмонӣ кӯдакон натанҳо заҳмат мекашанд, балки арақ мекунанд. Ба ин гуна фаъолият ҷисмонӣ мансуб мебошад:

  • бозиҳое, ки бо давидан иҷро карда мешаванд, масалан «дарёбак»;
  • ҳаракати босуръат дар велосипед;
  • машғул шудан ба бозиҳои муташаккилонаи варзишӣ, аз ҷумла баскетбол, тач-футбол ё нетбол.

Ҳаракатҳое, ки барои мустаҳкам намудани мушакҳо ва устухонҳо равона карда шудаанд, маҷбур менамоянд, ки мушакҳо нисбатан зиёдтар фаъолият намуда ба устухонҳо сарбории иловагӣ диҳанд – масалан, ҷаҳидан, давидан, ба баландӣ баромадан ва вазнбардорӣ. Фаъолиятҳои ҷисмонии муътадил ва шиддатнок барои афзоиши мушакҳо ва мустаҳкам шудани устухонҳо ёрӣ мерасонанд.

Бозиҳои иқтидорӣ – шакли фаъолияти табии барои кӯдакон мебошад. Масалан кӯдакон чарх мезананд ва пой мекӯбанд. Кӯдакони синни калонтар медаванд, меҷаҳанд, тоб мехӯранд, меқапанд ва ашёҳоро мепартоянд, дар зери навои мусиқӣ мерақсанд, дар майдончаҳои кӯдакона бозӣ мекунанд ва умуман ҷумбуҷӯл мекунанд.

Ба кӯдакон ҳамарӯза чи қадар фаъолияти ҷисмонӣ зарур аст?

Мувофиқи тавсияҳои олимон аз Австралия кӯдакони синии то 1 сола бояд бештар дар фарш бозӣ кунанд. Кӯдаконеро, ки ҳоло рост истода наметавонанд 30 дақиқа ба шикам хобонидан муфид мебошад. 

Кӯдакони синни аз 1 то 3 сола бояд ҳамарӯза на камтар аз се соат ба кори ҷисмонии фаъол машғул шаванд. Бозӣ бояд иқтидорӣ бошад.

Кӯдакони синни аз 1 то 3 сола бояд ҳамарӯза на камтар аз се соат ба кори ҷисмонии фаъол машғул шаванд. Дар ин маврид онҳо бояд 1 соат фаъолияти иқтидорӣ дошта бошанд.

Кӯдаконе, ки синни аз 5 то 18 сола аст бояд ҳамарӯза на камтар аз 1 соати худро ба фаъолиятҳои ҷисмонии муътадил ё вазнин бахшида илова бар ин якчанд соат ба фаъолияти ҷисмонии сабук машғул шаванд. Ғайр аз ин ба ҳадди аққал дар давоми се рӯз дар як ҳафта вақти худро барои машғулиятҳои мустаҳкамкунандаи мушакҳову устухонҳо бахшанд.

Ҷавонони синнашон аз 18 сола боло бояд ҳамарӯза 2,5-5 соати худро барои фаъолияти ҷисмонии сабук ё 1-2,5 соати худро ба сарбориҳои ҷисмонии шиддатнок бахшанд ва ё ба таври муштарак ба фаъолиятҳои ҷисмонии шиддатноку сабук машғул шаванд, ки онҳо миқдори умумии сарбории кофиро таъмин намоянд. Аққалан 2 маротиба дар як ҳафта машқҳоеро иҷро намоянд, ки барои мустаҳкам намудани мушакҳо равона карда шуда бошанд.

Кӯдак метавонад бо якчанд усул дар давоми шабонарӯз ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул шавад. Умуман сарбории ҷисмонӣ барои кӯдак бояд кофӣ бошад. Чи қадаре, ки кӯдак ба таври ҷисмонӣ фаъол бошад ва чи қадаре, ки вақти вақти нишастан камтар бошад, ҳамон қадар барои ӯ хуб мебошад. 

Фаъолияти ҷисмонӣ ва кӯдакони дорои талаботҳои иловагӣ

Фаъолияти ҷисмонӣ барои ҳамаи кӯдакон муҳим аст. Агар кӯдаки Шумо дорои талаботҳои иловагӣ бошад, ки бо маъюбият ё бемории ӯ алоқаманд мебошад, тавсия дода мешавад, ки бо мутахассисон машварат намоед.