Ғелғелакон! Бозиҳои серҳаракат барои кӯдакони 1-6 сола

Бозиҳои серҳаракат - вақте мебошад, ки кӯдакон ба болои ҳамдигар мебароянд, гӯштин мегиранд, ғел мезананд ва ҳатто вонамуд мекунанд, ки ҷанг мекунанд. Ин хел бозиҳо ҳам шавқовар ва ҳам машғулияти хубанд. Онҳо ба кӯдакон имкон медиҳанд, ки малакаҳои ҷисмонӣ ва иҷтимоии худро ба кор баранд. Ба Шумо танҳо фазои васеъ лозим мебошад.
Body

Ғелғелакон! Чаро бозиҳои серҳаракат барои кӯдакон муфиданд

Бозиҳои серҳаракат - вақте мебошад, ки кӯдакон ба болои ҳамдигар мебароянд, гӯштин мегиранд, ғел мезананд ва ҳатто вонамуд мекунанд, ки ҷанг мекунанд.

Кӯдакон чунин бозиҳоро дӯст медоранд ва ин ба онҳо имкон медиҳад ки:

  • малакаҳои ҷисмонӣ ва иҷтимоии худро санҷанд ва машқ кунанд;
  • мувозинати худро машқ кунанд;
  • таваккал кунанд;
  • ҷисми худро санҷанд, аз ҷумла фаҳманд, ки онҳо то чӣ андоза қавӣ ҳастанд.

Бозиҳои серҳаракат на танҳо шавқовар, балки як машғулияти хуб мебошанд!

Барои бозиҳои серҳаракат чӣ лозим аст

Ба Шумо танҳо ҷойи кофӣ лозим аст, ки васеъ бошад, яъне ҷое, ки дар он ҳеҷ чизро вайрон карда ё шикаста намешавад. Бозиҳои серҳаракатро дар кӯча ё майдончаи бозӣ, бозӣ кардан шавқовар аст.

Кӯдак инчунин метавонад дар хона бозӣ кунад - масалан, дар болои диван ё қолинча. Бо вуҷуди ин, Шумо бояд каме эҳтиёткор бошед ва нагузоред, ки бозӣ аз назорат барояд.

Чӣ тавр аз бозиҳои серҳаракат лаззат бурдан мумкин аст

Роҳҳои зиёде мавҷуданд, ки Шумо ва фарзандатон аз бозии серҳаракат лаззат баред. Дар ин ҷо баъзе идеяҳо ҳастанд:

  • Сурсуракбозӣ - бозии шавқовар барои бозӣ бо кӯдаки шашсолаи Шумо дар боғ ё сурсуракон дар долон, то ӯро қапед ва ба оғӯш кашед.
  • Гӯштин. Дар рӯи замин ё фарш хобед, бинед, ки фарзандатон шуморо паҳлӯ гардонида ё ба хестан монеъ шуда метавонад? Ба кӯдакон бо ин роҳ санҷидани қувваи худ писанд аст. Албатта, беҳтар аст вонамуд кунед, ки ӯ аз Шумо қавитар аст.
  • Қитиқкунӣ дар болои диван. Танҳо эҳтиёт шавед, ки ба мебели дигар назанед.
  • Мисли ҳайвон ё аждаҳор ғуррос занед ва вонамуд кунед, ки фарзандатонро мехӯред. Кӯдакро натарсонед, бозӣ то он даме, ки ӯ худро бехатар ҳис мекунад, шавқовар хоҳад буд.
  • Ба кӯча баромада кӯдакро дар пушти худ бардоред ё дасти ҳамдигарро дошта чарх занед ва рақс кунед.

Баъзан кӯдакон ҳангоми бозии фаъол ҷароҳат бардошта метавонанд, хусусан вақте ки бо ҳам гӯштин мегиранд ва ё ҷангбозӣ мекунанд. Дар ин маврид муқаррар намудани баъзе қоидахо фоиданок аст, масалан: «Нагазед, нахарошед, мӯйҳоро накашед. Агар касе "ист" гӯяд, Шумо бояд бас кунед."

Тағйир додани бозиҳо вобаста ба синну соли кӯдак

Шумо метавонед бозии худро мувофиқи вазъият ва синну соли кӯдакатон тағйир диҳед.

Масалан, бо кӯдаки хурдсоли худ махсусан эҳтиёткор бошед. Барои кӯдак кофӣ хоҳад буд, агар Шумо ӯро танҳо дар зонуи худ ҷунбонед ё ба монанди ҳавопаймо ба ҳаво оҳиста бардоред.

Кӯдаки калонтар, эҳтимол, бо дӯстони худ фаъолонатар бозӣ мекунад ва шояд ҳатто ба ӯ хотиррасон кардан лозим аст, ки бас кунад, агар бозӣ барои ҳама дигар шавқовар набошад.