Бозичаҳои дастисоз ва машғулиятҳо бо истифода аз маводи мавҷуда
Бозичаҳои дастисоз ва машғулиятҳо бо истифода аз маводи мавҷуда: барои чӣ онҳо муфиданд
Бозиҳо ва машғулиятҳо бо истифода аз маводҳои дар хона буда – як роҳи хуб барои фароғати кӯдакон ва кӯмак ба омӯхтан ва рушди онҳо мебошанд. Ин бозиҳо ва фаъолиятҳо ройгонанд ва метавонанд қобилияти эҷодии кӯдаки Шуморо такмил диҳанд. Хусусан, агар Шумо бо сабаби карантин дар вақти пандемия бояд дар хона монед ё агар даромади Шумо ба таври ғайричашмдошт коҳиш ёбад, Шумо ба ҳар ҳол метавонед барои кӯдакон машғулиятҳои зиёде пайдо кунед.
Бо мурури ба камол расидан барои кӯдакон ягон чизро бофта баровардан осон мешавад. Бисёр бозичаҳо ва бозиҳо мавҷуданд, ки Шумо ва фарзандатон якҷоя эҷод карда метавонед.
Шумо инчунин метавонед ба фарзандатон чизҳои дар хона доштаатонро диҳед, ки бо онҳо бо роҳҳои гуногун бозӣ кардан мумкин аст – масалан, кӯдакони хурдсол одатан пӯшидан ва кушодани сарпӯшҳои зарфҳоро дӯст медоранд ва кӯдакони калонтар бошанд, аксар вақт бо сачоқҳои кӯҳна бозӣ карданро. Боварӣ ҳосил кунед, ки ашёе, ки Шумо ба фарзандатон медиҳед, намешиканад ва нисбатан калон ҳаст, то ин ки кӯдакон онро ба даҳони худ нагузоранд ва гулӯгир нашаванд.
Бозиҳо бо кӯдакони навзод
Шумо "бозича" ҳастед, ки кӯдаки навзоди Шумо аз ҳама бештар дӯст медорад. Ламси Шумо, садои овози Шумо, лаҳзае, ки кӯдаки худро дар оғӯшатон меҷунбонед ё мушоҳидаи чеҳраи Шумо барои фароғати кӯдаки навзод кофӣ аст.
Ба кӯдаки Шумо инчунин дар берун будан дар ҳавои нағз, эҳсоси шамол, гӯш кардани навҳаи паррандагон ва ҳис кардани бӯи нав лаззат мебахшад.
Шумо метавонед мусиқии оромбахшро барои ором кардани кӯдакатон пахш кунед ё бо таъмини хомӯшӣ ва оби гарм дар тағорача фазои бороҳатро дар вақти оббозӣ эҷод кунед ва пас аз оббозӣ, Шумо метавонед кӯдаки худро нарм масҳ кунед.
Кӯдакони навзод ба мусиқӣ ҷавоб медиҳанд, аммо бештар аз ҳама овози Шуморо дӯст медоранд. Кӯдакро дар оғӯши худ нигоҳ доред, суруд хонед, сӯҳбат кунед ва ба чашмони ӯ нигоҳ кунед. Чунин фаъолиятҳо намегузоранд, ки кӯдаки Шумо дилгир шавад, инчунин ба ӯ кӯмак мекунад, ки омӯзад ва дар айни замон ҳар касеро, ки ӯро иҳота мекунад, шиносад.
Ҳама кӯдакон беҳамтоанд ва ба баъзе кӯдакон барои лаззат бурдан аз эҳсосотҳои нав назар ба дигарон бештар вақт лозим аст, аз ин рӯ бубинед, ки фарзанди Шумо чӣ гуна вокуниш мекунад ва аз чӣ лаззат мебарад ва ба чӣ таваҷҷӯҳ дорад. Кӯдаки Шумо худаш нишон медиҳад, ки кай аз бозӣ хурсанд мешавад ё вақте ки ӯ хаста мешавад ва истироҳат кардан мехоҳад.
Бозиҳо бо кӯдакони хурдсол
Вақте ки фарзанди Шумо бештар ҳаракат карданро оғоз мекунад, ӯ аз бозиҳои фаъолтар лаззат мебарад – махсусан бо Шумо.
Кӯдаки Шумо хазиданро дар саросари Шумо дӯст медорад ё барои пайдо кардани малакаҳои нави ҳаракат ашёро гирифтан ва ҷунбонданро дӯст медорад. Ба ҳама кӯдакони хурдсол барои бозии ором вақт лозим аст, аз ин рӯ, ба аломатҳое диққат диҳед, ки кӯдаки Шумо ба каме истироҳат ниёз дорад.
Инҳоянд чанд идеяҳои бозӣ барои кӯдакони хурдсол:
- Ҳар рӯз барои бозии як ба як вақт ҷудо кунед – бо кӯдакатон сӯҳбат кунед ё ангуштони пойи ӯро ҳисоб кунед. Ин бозиҳоро як қисми корҳои ҳаррӯзаи худ созед, масалан ҳангоми иваз кардани уребча.
- Лабҳои худро ба шиками кӯдакатон пахш карда, ҳаворо берун кунед ва ангуштони пойи ӯро каме қитик кунед.
- Маракасаҳои бозича созед. Қуттии холии шарбат ё ширро, шуста ва хушк карда, бо биринҷ, макарон, нахӯд, лӯбиёи хушк ё ҳатто бо тугмаҳои кӯҳна пур кунед (боварӣ ҳосил кунед, ки сарпӯшаш маҳкам аст, то кӯдаки Шумо онҳоро фурӯ бурда гулӯгир нашавад).
- Сурудҳо ва шеърчаҳои шавқовари кӯдакона хонед. Кӯдакони навзод воқеан амалҳои такроршавандаро дӯст медоранд - кафкӯбӣ кунед, ангуштонатонро ҷунбонед, кафҳои худро мушт кунед.
- Ҳар рӯз ба кӯдаки худ китобчаҳо хонед, масалан пеш аз хоб. Шумо метавонед аз давраи кӯдакии худ ҳикоя ё афсонаҳои анъанавӣ нақл кунед.
- Аз қуттиҳои чаппашуда, кӯзачаҳо ё тағорачаҳо "нақора" созед. Ба фарзандатон қошуқи чӯбӣ диҳед, то ба он кӯбад.
Бозиҳо бо кӯдакони калонтар
Кӯдакони калонтар ба олимони хурдсол монанданд. Бозиҳои онҳо ба таҷриба, мушоҳида, санҷиш, озмудани ғояҳо ва фаҳмидани он ки чӣ тавр ҳамаи чиз кор мекунад, монанд мебошанд.
Ғояҳои бозӣ бо кӯдакони калонтар дар хона:
- Ба кӯдак якчанд чангчаи ҷомашӯйовезак ва қуттӣ барои онҳо диҳед. Кӯдаки Шумо хурсанд хоҳад буд, ки онҳоро дар дохил ва берун аз қуттӣ гузорад - такрор ба такрор!
- Аз картон лифофаҳои хурдро буред ва онҳоро оро диҳед. Шумо ҳатто метавонед "қуттии мактуб" дошта бошед, агар Шумо дар як тарафи қуттии картон сӯрохӣ кунед.
- Хамири шӯр тайёр кунед ва бигзоред, ки кӯдаки Шумо онро бо ангуштонаш хамир кунад. Якҷоя манорачаҳо, кулчача, гулӯлача – ҳар чизе ки ба кӯдаки Шумо маъқул аст, созед
- Дар қуттӣ либосҳои кӯҳна гузоред, ки кӯдак метавонед онро пӯшида иваз кунад ё бо онҳо бозии вонамуд кунад.
- Дар ҳар ҷои кушод дар ҳавои тоза бозӣ кунед.
Шумо дар мақолаи мо дар бораи қобилияти эҷодкорӣ ва истеъдоди бадеии кӯдакони хурдсол ғояҳои эҷодии бештареро барои сохтани бозичаҳои дастисоз ва машғулиятҳо хоҳед ёфт.
Бозиҳо бо кӯдакони синни томактабӣ
Бисёр идеяҳои барои кӯдакони хурдсол барои кӯдаки синни томактабӣ низ мувофиқ мебошанд. Баъзе аз ғояҳоро барои бози истифода бурда метавонед. Онҳо шавқоваранд ва ба фарзанди Шумо дар инкишоф додани малакаҳои хуби ҳаракат ва моторикаи хурд кӯмак мекунанд:
- Ҷӯробҳои кӯҳнаро бо коғаз ё пораҳои матоъ пур кунед, то мор ё кирмак созед.
- Аз ҷӯробҳои кӯҳна лӯхтаки дастӣ созед. Ба он тугма дӯзед ва дигар мавод часпонед, то чашм, бинӣ ва мӯй созед.
- Ба қуттӣ либоси кӯҳнаи тоза ҷамъ кунед, то онро ороиш дода пӯшида тавонад. Сатилчаи яхмосро барои сохтани кулоҳҳои хандаовар истифода баред. Ё онро бо фолга печонед то фарзанди Шумо ба кайҳоннавард табдил ёбад. Шумо инчунин метавонед ҳар гуна мавод, гулҳои сунъӣ ё пӯпак часпонед, то фарзанди Шумо мӯдтарин одам дар меҳмонӣ шавад.
- Аз рӯзнома кулоҳи роҳзани баҳрӣ ё кулоҳи ҷодугарӣ созед. Ба фарзандатон бигӯед, ки расмҳои рангаи маҷаллаҳои кӯҳнаро бурида ба он часпонад.
- Бигзор тасаввуроти кӯдаки Шумо бигӯяд, ки қуттиҳои картони кӯҳнаро ба кадом бозичаҳо табдил додан мумкин аст – мошин, хона, оташдон ва ғ.
- Агар имконпазир бошад, ба боғи маҳаллӣ ё ба хонаи дӯстон равед, ё дар ҳавлӣ ё маҳаллаи худ сайру гашт кунед. Ҳамаи ин барои фарзанди Шумо саргузашт ва вақтхушӣ аст.
- Китоби оддиро аз коғаз созед. Ба фарзандатон бигӯед, ки ҳикоя эҷод кунад ва саҳифаҳоро оро диҳад, қаҳрамонҳоро мустақилона кашад ё онҳоро аз маҷаллаҳои кӯҳна бурида, ба китоб часпонад.
Дар мақола оиди чӣ гуна ҳавасманд кардани эҷодкорӣ ва истеъдоди бадеӣ дар кӯдакони синни томактабӣ, идеяҳои зиёдеро дар бораи он, ки чӣ гуна Шумо метавонед аз ашёҳои мавҷуда бозичаҳои нави шавқовар созед, пайдо карда метавонед.
Бозӣ – роҳи асосии омӯзиши кӯдакони хурсол ва кӯдакони калонтар аст. Аммо агар бозӣ шавқовар набошад, пас он дигар бозӣ нест. Бигзор кӯдак дар бозӣ асосӣ бошад, ин ба ӯ кӯмак мекунад, ки дилгир нашавад. Агар кӯдак хеле хурд бошад, пас вақте ки ӯ хаста мешавад, Шумо бояд бозиро қатъ кунед. Агар кӯдак синни томактабӣ бошад, ба ӯ имконият диҳед, ки он чизеро, ки мехоҳад бозӣ кунад, интихоб кунад.