Ба кӯдак бозичаҳоро интихоб менамоем
Бозичаҳои беҳтарин барои кӯдакон
Бозичаҳо аз ҳама беҳтар метавонанд инкишофи кӯдаки Шуморо ҳавасманд кунанд. Лекин барои кӯдаки Шумо дар ҳақиқат бозичаҳо на он қадар бисер лозим аст.
Бозичаҳои беҳтарин барои кӯдакон - ин «бозичаҳои кушода». Ба монанди он бозичаҳое, ки кӯдак метавонанд онҳоро ҳар хел истифода барад. Онҳо кӯдакро водор месозанд, ки хаёлот, эҷодкорӣ ва малакаҳои ҳалли мушкилотро истифода барад. Гузашта аз ин, беҳтарин бозичаҳо - онҳо мебошанд, ки ба рушди доираи васеи малакаҳои иҷтимоию маърифатӣ ва эҷодии кӯдак мусоидат мекунанд.
Ба бозиҷаҳои кушода дохил мешаванд:
- кубикҳо - имрӯз кӯдаки Шумо аз онҳо бурҷе месозад ва фардо метавонад онро ба гӯши худ куб гузорад, ва вонамуд кунад, ки гӯё бо телефон гап мезанад.
- тӯбҳо - барои ғелондан, кӯфтан, тафтиш кардан ва партофтан хеле хубанд.
- қуттиҳои картон - фарзанди Шумо метавонад бо қутти бозӣ карда, худро чунин вонамуд созад, ки гӯё он мағоза, танӯр, мошин, киштӣ, хонаи лӯхтак ва ғайра бошад.
- бозиҳои нақшдор - ба фарзандатон чизҳои гуногуни либос ва пораҳои матоъро диҳед ва ӯ метавонад худро ба ҳар касе, ки мехоҳад табдил дода бозӣ кунад.
- маводҳо барои эҷодкорӣ - коғази ранга, пластилин ё ширеш, қаламҳо ва фломастер ба кӯдак дар инкишофи хаёлот кӯмак мекунанд.
На ҳама вақт лозим аст, ки Шумо бозича бихаред. Ашёҳои рӯзмарраи рӯзгор ба монанди дегу табақ, зарфҳои пластикӣ, сабадҳои либос ва кӯрпаҳо одатан бозичаҳои олии берунӣ мебошанд. Аз ҳама муҳим он аст, ки боварӣ ҳосил кунед, то ки ҳама ашёи рӯзгоре, ки фарзандатон бо он бозӣ мекунад, бехатар бошад, аз ин рӯ ашёи тез ё ашёи хурдеро, ки метавонад ба кӯдак зарар расонад, аз ӯ дур нигоҳ доред.
Интихоби бозичаҳо барои кӯдакон
Бисёр бозичаҳо бо синну соле, ки барои кӯдакон пешбинӣ шудааст, нишонгузорӣ карда мешаванд. Ин, дар ҳоле ки муфид аст, танҳо як дастури умумист. Манфиатҳо ва сатҳи инкишофи фарзанди Шумо беҳтарин калид барои интихоби бозичаҳо хоҳад буд.
Аммо, маълумот дар бораи синну сол, ки барои он бозича пешбинӣ шудааст, метавонад барои бехатарӣ муҳим бошад - масалан, бозичаҳои дорои қисмҳои хурд, ки кӯдак онҳоро фурӯ бурда метавонад. Дар ин ҳолатҳо, риоя кардани тавсияҳои синну солӣ оқилона аст.
Беҳтарин "бозича" барои кӯдаки Шумо - ин Шумо ҳастед, ҳамчун парастори кӯдак ва ё дигар аъзои оилаи наздики Шумо. Барои кӯдак, нигоҳ кардан ба рӯи шумо, овози шуморо гӯш кардан ва бо Шумо будан муҳим аст. Ҳатто машғулиятҳои бачагона ба монанди дидани як бозичаи овезони дурахшон ё кӯшиши расидан ба ягон бозичаи рангин, вақте ки Шумо ва кӯдакатон ин корро якҷоя мекунед, лаззат мебахшад.
Кӯдакони хурдсол бо қуттиҳо бозӣ карданро дӯст медоранд ва аксар вақт ба муқобаи (болопуш) тӯҳфа назар ба худи ҳадя таваҷҷӯҳи бештар доранд. Варианти дигари хуб барои кӯдакон, кубикҳо мебошанд (Шумо ҳатто метавонед онҳоро аз қуттиҳои холии шир тайёр кунед) Кӯдакон инчунин асбобҳои оддии мусиқиро дӯст медоранд, ки онҳоро ҷунбондан ё задан мумкин аст, ба монанди нақора аз қутӣ барои гул ва қошуқи чӯбӣ.
Кӯдакони калонтар низ бозии вонамуд карданро дӯст медоранд. Соддатарин ашёҳои ҳамарӯза - ба монанди руймол, шарф, коса ё кулоҳ - ба фарзандатон андешаҳои гуногунеро барои бозӣ кардан медиҳанд. Кӯдакони синни томактабӣ одатан сохтанро дӯст медоранд, онҳо конструкторҳои гуногунро дӯст медоранд - дар ин ҷо инчунин имкониятҳои зиёди худсохт мавҷуданд. Муаммоҳо ва ё бозиҳо, ки фарзандатон метавонад бо дигарон бозӣ кунад, ҳам имконияти хуб аст.
Бозичаҳо ва арзишҳои оилаи Шумо
Маҳз ба Шумо вобаста аст, ки фарзандатон дар хона бо кадом бозичаҳо бозӣ карда метавонад.
Агар Шумо дар бораи бозичаҳои муайян тасмим гирифтаед, шояд бо фарзандатон дар бораи онҳо бояд сӯҳбат кунед, хусусан вақте ки ӯ калон мешавад. Шумо метавонед шарҳ диҳед, ки Шумо дар бораи чӣ ва чаро фикр мекунед. Масалан, “Силоҳ хеле даҳшатнок ва хатарнок аст. Силоҳ одамонро захмӣ мекушад. Дар оилаи мо бо бозичаи силоҳ бозӣ намекунем.
Агар Шумо нахоҳед, ки калонсолони дигар ба фарзандатон бозичаҳои муайян харанд ва ё тӯҳфа кунанд, шарҳи кӯтоҳ ва ором кифоя аст. Дар охир, ин қарори шумост.