Бозӣ бо кӯдакон

Бозӣ - як роҳи муҳимми таъмини инкишофи умумӣ, омӯзиш ва саломатии кӯдаки Шумо мебошад. Вақте ки сухан дар бораи бозӣ меравад, манфиатҳои кӯдаки худро дар хотир доред. Муҳимтар аз ҳама - муошират намудан бо ӯ бояд аз мадди назар дур намонад. Ғояҳои бозӣ барои кӯдаки хурдсол: бозии «ку-ку», ташкили ғавғо ё мусиқӣ, сурудхонӣ, хондан ва муошират.
Body

Бозӣ бо кӯдакони хурдсол: чаро ин муҳим аст?

Бозӣ барои инкишофи умумӣ, омӯзиш ва саломатии кӯдаки Шумо муҳим аст.

Тавассути бозӣ, кӯдаки Шумо дар бораи ҷаҳони атрофаш тавассути омӯхтан ва фаҳмидани он, ки корҳо чӣ гуна кор мекунанд, меомӯзад. Масалан вақте ки кӯдак бозичаи шақшақаро меҷунбонад, ӯ мефаҳмад, ки амали ӯ ба чи оварда мерасонад.

Бозиҳои фаъоле, ки кӯдаки Шуморо ба ҳаракат меоранд, мушакҳоро мустаҳкам мекунанд ва малакаҳои мотории умумиву хубро инкишоф медиҳанд. Ва ҳама гуна бозиҳое, ки аз Шумо ба ҳамдигар нигоҳ кардан, сӯҳбат кардан, суруд хондан ва хонданро талаб мекунад, ба кӯдаки Шумо дар бораи эҳсосот, забон ва муошират кӯмаки хуб мерасонад.

Бозӣ бо кӯдаки худ як ҳадафи оддӣ дорад - ба ӯ нишон додани он ки ӯ барои Шумо муҳим аст. Бозӣ робитаи Шуморо бо фарзандатон мустаҳкам мекунад. Ва муносибати қавӣ бо Шумо дар инкишофи ӯ муҳим аст, зеро бозӣ ба кӯдаки Шумо боварӣ мебахшад, ки ӯ кашф намудан ва омӯхтани ягон чизи навро идома диҳад.

Аз бозиҳои кӯдакон чиро интизор шудан мумкин аст

Кӯдакони хурдсол бо одамон бозӣ карданро дӯст медоранд - масалан рӯйи онҳоро ламс кардан ва ба овози онҳо гӯш додан.

Кӯдакони навзод дасту пойҳои худро ҷунбонданро дӯст медоранд ва онҳо ба ҳама чиз - бозичаҳо, ҳайвоноти хонагӣ ва хоҳару бародарон пойи худро мерасонанд! Вақте ки фарзанди Шумо калон мешавад, бозӣ боз ҳам фаъолтар мешавад. Вай метавонад ба кашидани ҷевон, партофтани хӯрок ба фарш ва пахш кардани тугмаҳои дилхоҳаш оғоз кунад.

Як рӯз, кӯдаки Шумо ҳангоми бозӣ кардан мехоҳад, ки масъул бошад ва Шумо аз паси ӯ амалҳои иҷронамудаи ӯро такрор кунед. Дафъаи дигар, кӯдаки Шумо метавонад мустақилона чизе бисанҷад. Шумо бояд ӯро ташвиқ кунед, ки ӯ роҳбари бозӣ бошад, аммо Шумо бояд назорат кунед, ки оё бозӣ барои ӯ хатарнок аст ё хатари ҷароҳат гирифтан вуҷуд дорад.

Кӯдаки Шумо аз хатар огоҳ нест, аз ин сабаб чизҳои хатарнок барои ӯ шавқовар ба назар мерасанд. Дар бораи он ки чӣ тавр хонаи худро барои кӯдаки серҳаракат бехатар кардан мумкин аст, пешакӣ фикр кунед.

Ғояҳои бозӣ ва бозиҳои кӯдакона барои кӯдакони хурдсол

Беҳтарин бозича барои кӯдаки Шумо - худи Шумо мебошед ва беҳтарин бозии кӯдакона бо Шумо бозӣ кардан аст. Ин маънои онро дорад, ки бозиҳои кӯдакон содда ҳастанд.

Якчанд ғояҳои ҷолиб барои Шумо ва кӯдаки Шумо:

  • Масхарабозӣ бозӣ кунед, забонатонро бароред, тақлиди чеҳраи ягон чизро кунед ё «ку-ку» бозӣ кунед. Кӯдакон чеҳраҳоро дӯст медоранд, бинобар ин, ин бозиҳо барои кӯдаки Шумо ҷолибтарин мебошанд.
  • Якҷоя ғавғо кунед. Ҳама гуна сурудҳоро бо овози баланд ва нарм ё суст хонед. Шумо метавонед зарфҳоро бо овози баланд кӯбед ва занг ё зангӯлаҳоро ҷунбонед.
  • Дар хонаи худ ҷои бехатаре созед, ки дар он кӯдаки Шумо тавонад дар гирду атрофи он ҳаракат кунад ва бозӣ кунад. Ин ба ӯ имкон медиҳад, ки малакаҳои нишастан, хазидан, кашидан ва бо даст қапида роҳ рафтанро машқ кунад.
  • Ба кӯдаки худ чизҳои гуногунро барои ламс кардан диҳед — себҳои пӯсти ҳамвор, мукаабҳои бозичаҳои калон ё яхи мукааби сард. Кӯдакон инчунин дӯст медоранд, ки ба қисмҳои гуногуни рӯйи Шумо расанд ва инчунин вақте ки Шумо рӯи онҳоро ламс мекунед, ба онҳо маъқул аст.
  • Сурудҳои оддии бачагона, ба монанди «суғури сафед»-ро бихонед. Кӯдаки Шумо гӯш кардани қофияҳои кӯдакона ва сурудҳои анъанавии фарҳанги Шумо ва бо забони модарии Шуморо дӯст медорад. Кӯдакони навзод махсусан аз шеърҳо ё сурудҳое, ки дар раванди иҷроиши онҳо амал кардан ё ламс кардан амалӣ карда мешавад, лаззат мебаранд.
  • Бо кӯдаки худ "суҳбат кунед". Сухан гӯед ё садоҳои дигар бароварда интизор шавед, ки ӯ ҷавоб диҳад - Шумо шояд ҳайрон шавед, ки ба кӯдаки Шумо чӣ қадар суханҳое ҳастанд, ки ба онҳо гуфтан лозим аст!
  • Ба кӯдаки худ китоб хонед. Якҷоя хондан метавонад он вақти махсусе бошад, ки Шумо бо ӯ мегузаронед, ҳатто агар ӯ мехоҳад, ки як ҳикояро такрор ба такрор хонад. Вақте ки кӯдаки Шумо як ҳикояро такрор ба такрор гӯш мекунад, ин як роҳи омӯхтани забон аст.

Бозӣ - пеш аз ҳама шавқовар аст. Кӯдакатон ба Шумо мегӯяд, ки оё ӯ мехоҳад бозиро идома диҳад ё хаста шудааст ва мехоҳад хомӯш бошад.