Ту мебари! Бозӣ барои кӯдакони аҳ 0 то 6 сола

Такрор кардан аз қафои кӯдаки худ — хуб аст, чунки кӯдаки Шумо дар мавриди шавқманд будан ба бозӣ беҳтар аз ҳама меомузад. Барои бозие, ки кӯдаки Шумо фикр карда шудааст ягон чизи махсус аз ҷониби Шумо талаб карда намешавад. Чунин бозӣ дар мавриде оғоз карда мешавад, ки Шумо ба мавзӯи ба кӯдакатон шавқовар диққат дода баъдан ба раванд ворид шавед.
Body

Вақте ки кӯдак масъули бозӣ аст: чаро ин ба кӯдакони хурд ва калон хуб аст

Вақте ки кӯдак дар бозӣ масъул аст, ин маънои онро дорад, ки ӯ қоидаҳоро фикр карда мебарорад ва бозиро роҳбарӣ мекунад. Кӯдаки худро назорат карда ба он чизе, ки ӯ мегӯяд ё иҷро мекунад, аксуламал нишон диҳед, то бештар диққат диҳад.

Вақте кӯдак ҳис мекунад, ки дар раванди фаъолият ӯ масъул аст ва Шумо қоидаҳои бозии ӯро риоя мекунед, ӯ бо нигоҳ доштани таваҷҷуҳи худ нисбати фаъолияти мазкур беҳтар аз ҳама меомӯзад. Агар Шумо аз рӯи қоидаҳои пешниҳоднамудаи кӯдак бозӣ кунед, пас ба ӯ кӯмак мекунед, ки дар рафти фаъолияти мавриди таваҷҷӯҳаш ӯ чизи навро аз худ кунад.

Илова бар ин, вақте ки фарзандатон роҳбари бозӣ аст, ӯ малакаҳои муоширатро такмил дода дарк менамояд, ки чӣ тавр метавонад ба воқеаҳои дар атрофаш рӯйдода таъсир расонад.

Барои бозие, ки кӯдаки Шумо мехоҳад, чи лозим аст

Барои бозиҳои мазкур ягон чизи махсус лозим нест.

Он чизе, ки бояд иҷро карда шавад – ин аст, ки Шумо бояд танҳо аз он чизе, ки мавриди таваҷҷӯҳи кӯдакатон қарор дорад,  пайравӣ кунед. Ин метавонад бозича ё ягон чизи дигари дар атрофи вай мавҷудбуда, ба монанди парранда ё мошини оташнишонӣ бошад. Шояд ин Шумо бошед, инчунин чеҳраҳои хандоваре, ки ба якдигар нишон медиҳед ё садоҳое, ки якҷоя мебароред.

Чи гуна фаҳмидан мумкин аст, ки дар давоми бозӣ барои кӯдак чӣ муҳим аст.

  • Ба он чизе, ки диққати кӯдаки Шуморо ҷалб мекунад, аҳамият диҳед. Масалан кӯдак бо тӯб бозӣ мекунад ё коре мекунад, масалан аз кӯлмак меҷаҳад. Кӯдакони калонсолтар ва кӯдакони синни томактабӣ ҳар гуна маводҳои шавқовари доимӣ, масалан динозавр, мошинҳои оташнишонӣ, гурбаҳо ва мусиқиро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳанд.
  • Аз фарзандатон пурсед, ки оё Шумо метавонед бо ӯ бозӣ кунед.
  • Ба кори кӯдак ҳамроҳ шавед. Агар ӯ тӯбро ба Шумо мепартояд метавонед онро ба кӯдак баргашта партоед. Ба дарси кӯдакатон низ таваҷҷӯҳ зоҳир намоед. Кӯдакро парешон накунед ва тарзи рафтори ӯро низ дигар накунед. Агар фарзанди Шумо сохтани қалъаро дӯст дораду қалъаро аз чоркунҷаҳо бунёд кунад, ӯро тамошо кунед ва якҷоя ба сохтани бино оғоз намоед ё ба ӯ барои интихоби чоркунҷаҳо кӯмак расонед.
  • Саволҳо диҳед ё шарҳ диҳед, ки ҳардуи Шумо чӣ кор карда истодаед - масалан, "Ин ҳамон чизест, ки ту ғелондӣ - ман онро қариб медоштам!" ё «Қасри калон! Ба фикри ту кӣ дар он зиндагӣ мекунад?» Ба кӯдак вақт диҳед, то ҷавоб диҳад.
  • Агар фарзанди Шумо ба ягон чизи нав гузарад, бигзор ӯ масъул бошад. Масалан, агар ӯ тӯббозиро қатъ карда ба бозӣ бо чоркунҷаҳо шурӯъ кунад, Шумо низ бо ӯ ин амалро оғоз намоед.

Бозиҳое, ки масъули он – кӯдакони хурд мебошанд

Ҳатто кӯдакони хеле хурдсол метавонанд дар раванди бозӣ масъул бошанд. Барои фаҳмидани самти таваҷҷӯҳи кӯдак бубинед, ки нигоҳи кӯдак ба куҷо нигаронида шудааст.

Масалан, «Ин кист? Оё ин хола дар роҳаткурсӣ нишастааст? Вай чӣ кор мекунад? Оё вай ба ту ишора мекунад? Агар фарзанди Шумо дар ҷавоб садо диҳад ё ғавғо кунад, ҳамон тавре, ки Шумо бо ҳамдигар сӯҳбат мекардед, сӯҳбатро идома диҳед.

Агар Шумо бинед, ки фарзанди Шумо ба бозичае, ки рахҳои рангоранг доранд менигарад, бозичаро ба ӯ наздик кунед ва бигзор ӯ бозичаро нигоҳ дорад ё ҷумбонад.