Бозиҳо бо кӯдакони навзод

Бозӣ барои инкишофи умумӣ, омӯзиш, саломатӣ ва дилбастагӣ бо кӯдаки навзод муҳим аст. Вақте ки Шумо ба кӯдак табассум мекунед, бо ӯ бозӣ мекунед ва мегузоред, ки ба шикамаш хобад - ин муошират бо кӯдак аст.
Body
Гузаронидани вақт дар назди оинаи нилгун ва нутқи кӯдакон

Ба кӯдакони то 18 моҳа тавсия дода намешавад, ки назди оинаи нилгун вақт гузаронанд (ба истиснои видеочатҳо). Пас аз 18 моҳ, Шумо метавонед ба кӯдак иҷозат диҳед, ки каме вақтро дар назди оинаи нилгун гузаронад, аммо беҳтар аст, ки Шумо бо ӯ ҳамроҳ тамошо кунед ё бозӣ кунед.

Гузаронидани вақти тӯлонӣ дар назди оинаи нилгун ба як қатор мушкилоти саломатӣ дар кӯдакони хурдсол оварда мерасонад, инчунин инкишофи сусти малакаҳои нутқ, хотираи кӯтоҳмуддат ва малакаҳои сусти муошират.

Нигарониҳо дар бораи чӣ гуна гап задани кӯдак

Агар дар синни 18 моҳагӣ кӯдаки Шумо ангунг накунад, калимаҳоро огоҳона истифода набарад ё ба назаратон шуморо нашунавад ё ҳангоми суханронии дигарон гӯш надиҳад, тавсия дода мешавад, ки ба табиби оилавӣ ё ҳамшираи тиббӣ муроҷиат кунед. Шумо инчунин метавонед ба мутахассиси кӯдакона муроҷиат кунед, агар Шумо гапзании кӯдаки худро дар сесолагиаш нафаҳмед ва ё дар ин синну сол ӯ мушкилоти нутқ дошта бошад.