Бозичаҳо барои кӯдакони навзод: семоҳаи аввал

"Ӯ ҳанӯз хеле хурд аст"; "Ба вай ҳоло мумкин нест"; "Беҳтарин бозичаҳо кадомҳоянд?" - вақте ки сухан дар бораи бозича меравад, волидон маҳз аз ҳамин нигарон мебошанд. Ҷавоб оддӣ аст: беҳтарин бозичае, ки Шумо метавонед ба фарзандатон бидиҳед, вақти дар якҷоягӣ барои бозӣ сарфнамудаи Шумо мебошад.
Body
Бозичаҳо барои навзодон
  • чеҳраи Шумо, ки ҳар вақт дар мавриди хафа будани кӯдак зоҳир мешавад;
  • сӯҳбат кардан бо кӯдак бо овозҳои гуногун ва табассум;
  • ламс кардан ба дастони муштшудаи кӯдак, барои кушодани кафи даст.

Бозичаҳое, ки барои кӯдакони синни 1 моҳа мувофиқанд:

  • тӯбҳо, кубҳои сабуки андозаашон калон, намудҳои гуногуни бозичаҳое, ки дар боли сари ӯ овезонда шудаанд барои мушоҳида намудани онҳо бо чашмонаш ва ангезиш додани кушодани муштҳо;
  • бозичаҳои мусиқавии дорои оҳангҳои нарм;
  • барои он, ки кӯдак аз паси бозичаҳо бо чашмонаш пайгирӣ намояд ва муштҳояшро кушояд , ӯро дар зонуятон ё дар дастатон чун дар лона қапед, чунки дилхоҳ овози баланд, тағйири ногахонии мавкеъ ё харакати тези бозича метавонад боиси тарс ва гиря ва халалдор шудани бози гардад. 
Бозичаҳо барои кӯдакони то 3 моҳа

Давраи моҳҳои 2-юм ва 3-юми ҳаёт бо марҳилаҳои нисбатан тӯлонии бедоршавӣ ва малакаҳои зерин тавсиф карда мешавад:

  • кӯдак торафт бештар дастҳояшро ба даҳон меандозад;
  • ангуштони худро ба ҳам мепайвандад ва либосашро медорад;
  • озодона сарашро аз як тараф ба дигар тараф мегардонад;
  • овоз ва садоҳои гуногун мебарорад;
  • бозичаро бо дастонаш мегирад, вале дар айни замон пойҳояшро ба шикамаш хам кард ба пойҳояш мепечад.

Кӯдакро ба шикам гузоред. Барои устуворӣ, шумо метавонед дастмолеро печонед ва дар зери қафаси синаи кӯдак гузоред ва оринҷҳои ӯро дар пеши хати китф ҷойгир кунед. Ба фарзандатон иҷозат диҳед, ки дастҳои худро ба осонӣ кушояд, то бозичаҳоро ламс кунад ва ҳис кунад. Оҳиста-оҳиста бозичаро дар доираи биноши кӯдакатон ба ҳаракат дароред. Бозичаро наздиктар кунед, то кӯдак ба он даст расонад.

Ба сифати бозичаҳо Шумо метавонед шақшақаҳо, тӯбҳо, кубҳои дорои матнҳои резинии гуногун, бозичаҳои дорои садоҳои нарм ва бозичаҳои дар мавриди ба даҳонаш гузоштан барои кӯдак бехатарро метавонед истифода баред.

Вақте ки кӯдак фаъол ва бедор аст, бо ӯ бозӣ кунед. Дар ин синну соли кӯдак бо ӯ бозӣ карда, Шумо ба ӯ дар самтҳои зерин кӯмак мерасонед:

  • барангезиши назорати ашё бо чашм;
  • барангезиши кушодани муштҳо ва истифодабарии дастон барои гирифтани ашёҳо;
  • барангезиши инкишофи иҷтимоӣ, эҳсосӣ ва нутқ тавассути нақл кардани ҳикояҳо ва тақлид ба садоҳои аз ҷониби кӯдак баровардашуда;
  • бо якҷоя бозӣ карда фароҳам овардани имконияти иштироки фаъолонаи кӯдак, Шумо барои омӯзиши минбаъда ва инкишофи мағзи сари кӯдак заминаи хуб мегузоред.