Ангезиши инкишофи ҳаррӯза: кӯдакони навзод

Бузургтарин мушкилоте, ки волидайни кӯдакони навзод ба он дучор мешаванд, одат кардан ба реҷаи нави ҳаёти оилавӣ, махсусан ҳангоми таваллуди кӯдаки аввал аст.
Body
Шумо чанд маротиба дар як рӯз як амалро такроран иҷро мекунед?

Кӯдаки навзод ҳар 2-3 соат хӯрок мехӯрад, Шумо дар як рӯз камаш се маротиба уребча иваз мекунед, либосашро иваз мекунед, кӯдакро бардошта мегардед, дар оғӯш мебардоред, то ором шавад. Барои ҳар яке аз ин ҳолатҳо, Шумо ҳадди аққал 5 дақиқа сарф мекунед. Ҳамин тариқ, вақтеро, ки Шумо бевосита бо кӯдак мегузаронед, метавонад то 4 соат бошад.

Шумо дар давоми корҳои ҳаррӯза бо навзодатон чӣ гуна маълумотҳоро медиҳед?

Тамоси баданӣ ҳисси ламс намуданро дода, кӯдакро ором мекунад, ба ӯ роҳат мебахшад, ҷарраёни нафаскашии ӯро ором мекунад, ба хоби ором мусоидат мекунад ва ҳамаи ин ба вазнгирии солими ӯ низ мусоидат мекунад. Кӯдак бӯи пӯст ва шири модарашро ҳис мекунад ва мешиносад ва ин ба кӯдак оромиву тасаллӣ ва бехатарӣ мебахшад.

Ҳангоми иваз кардани уребча бо кӯдак тамоси чашм ташаккул меёбад ва ӯ ба чашмони онҳое, ки бо ӯ муошират мекунанд, пайравӣ мекунад, сухани волидайнро гӯш мекунад ва тағйир додани мавқеи баданро меомӯзад.

Кӯшиш кунед, ки ҳама амалҳоро дар назди кӯдак оромона ва оҳиста иҷро кунед. Ба ӯ вақт диҳед, то дарк намуда, ба амали оянда омода шавад ва ба ӯ бигӯед, ки ҳоло чӣ кор мекунед. Бо ин роҳ, Шумо муносибатҳои боэътимодро эҷод карда ба кӯдак имкони омӯзиш ва рушди минбаъдаро фароҳам меоред.