Робитаи эҳсосӣ бо тифл
Робитаи эҳсосии Шумову фарзандатон пеш аз ҳама дар вақтгузаронии якҷоя бо ӯ ва қобилияти Шумо ба омӯхтани муҳити атроф аз нигоҳи кӯдак, фаҳмидани эҳтиёҷоти ӯ ва нишон додани омодагии бомеҳр ва пайваста ба ин эҳтиёҷот, асос ёфтааст. Муошират бо кӯдаки хурдсол пеш аз ҳама аз он вобаста аст, ки Шумо ӯро то чӣ андоза хуб мешиносед.
Барои робитаи инфиродӣ бо фарзандатон ҳар рӯз вақт ҷудо кунед
Нигоҳубини кӯдаки навзод, барқарор кардани саломатии худ ва муқаррар кардани реҷаи нави ҳаррӯза метавонад хеле хастакунанда бошад. Аз ин рӯ муҳим аст, ки барои худ ва фарзандатон вақт ҷудо кунед, вақте ки Шумо дар бораи чизҳои дигари вобаста ба корҳои хонаву дигар ташвишҳо фикр намекунед, вақте ки Шумо комилан ба муошират ва "сӯҳбат" бо тифл омодаед. Ба кӯдакатон наздик бошед, то ки ӯ Шуморо бинад, шунавад ва ламс кунад. Бо овози нарм сухан гӯед, кӯдакатонро ламс кунед ва кӯшиш кунед, ки тамоси чашмиро то ҳадди имкон дарозтар нигоҳ доред. Ин ба кӯдак кӯмак мекунад, ки аз робитаи ором ва нарм бо Шумо лаззат бурда ба Шумо наздиктар шавад.
Фарзандатонро нарм ламс карда ба оғӯш кашед ва сила кунед
- Тифлон ба ламс кардан фаъолона ҷавоб медиҳанд ва нисбат ба онҳо хеле ҳассос мебошанд. Ин амалро зуд-зуд иҷро кунед - ҳангоми оббозӣ доронидан, иваз кардани либос, ғизо додан ва инчунин ҳангоми якҷоя вақт гузаронидан.
Вақте ки кӯдак гиря мекунад, ҳамеша аксуламал нишон диҳед
- Кӯдакро ба оғӯш гиред, ӯро алвонҷ диҳед, нарм ба синаи худ пахш кунед. Ҳамин тавр кӯдак мефаҳмад, ки Шумо ҳамеша ӯро муҳофизат мекунед ва тасаллӣ медиҳед. Барои ӯ ин манбаи асосии ҳисси бехатари аст.
Кӯдаки худро дар болои даст гиред
- Аз синни барвақтӣ тифлро то ҳадди имкон ба баданатон наздик нигоҳ доред. Барои кӯдакони навзод дар рӯзҳои аввали ҳаёт, алоқаи ҷисмонӣ аҳамияти махсус дорад.
- Кӯдакро ба даст бардоштан «одат кунонидан» ва бо ин васила ӯро эрка кардан ғайриимкон аст. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ламс ва тамоси ҷисмонӣ дар рӯзҳои аввали ҳаёти кӯдак - беҳтарин манбаи ҳисси бехатарӣ, имконият барои омӯзиш ва барпо намудани робита байни кӯдак ва волидайн аст.
Кӯдаки худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ бехатар нигоҳ доред
- Ҳамеша сар ва гардани кӯдаки худро нигоҳ доред. Диққат диҳед, ки чӣ тавр Шумо мавқеи ӯро тағйир медиҳед ва кадом мавқеъ барои ҳаракат, нигоҳ ва гуфтугӯ кардан мувофиқ аст.
Аз рӯзи аввал бо навзод сӯҳбат кунед
- Овоз бояд нарм, паст, оромбахш бошад. Истифодаи ангунги кӯдакона шарт нест; бо суханони муқаррарии оддӣ, вале нарм сухан гӯед. Дар бораи чизе ки хоҳед сӯҳбат кунед, дар бораи коре, ки мекунед, нақл кунед, афсона гӯед. Аз рӯзи аввал бо кӯдак сӯҳбат кардан ба ӯ имкон медиҳад, ки овози Шуморо шиносад ва ин баъдтар асоси инкишофи нутқи ӯ мегардад.
Вақте ки Шумо сухан мегӯед ё суруд месароед, ба чашмони кӯдаки худ нигоҳ кунед
- Бо чеҳраи кушод табассум кунед ва чеҳраи худро мувофиқи он чизе, ки мегӯед ва чӣ тавр мегӯед, ба таври намоён тағйир диҳед. Ҳангоми сӯҳбат оҳанг ва баландии овози худро тағйир диҳед. Ин ба Шумо имкон медиҳад, ки диққати фарзандатонро ҷалб кунед ва ба ӯ тамаркуз карданро омӯзонед.