Барқарор намудани робитаи эҳсосии мустаҳкам бо кӯдак (синни 3-6 моҳагӣ)
Дар синни 3-6 моҳагӣ тифлон кӯшиши бештар менамоянд, ки бо шахсони дар атрофашон буда фаъолона гап зананд, ба онҳо мубодилаи шавқу рағбати худ ва хоҳиши муошират бо дигарон, ҷалби онҳо ба сӯҳбат муҳимтар мешавад.
Body
Масалан, вақте ки кӯдак ба Шумо табассум мекунад, ӯ мехоҳад, ки Шумо ҳам ба ӯ табассум кунед. Вақте ки ӯ ангунг мезанад, ӯ бисёр мехоҳад, ки Шумо ҷавоб диҳед ва дар ин сӯҳбат иштирок кунед. Вақте ки Шумо ин гуна дархостҳоро мефаҳмед ва ба онҳо ҷавоб медиҳед, кӯдак худро бештар эътимоднок ҳис мекунад: ӯ дарк мекунад, ки Шумо ӯро мефаҳмед, ӯ метавонад он чизеро ки ба он ниёз дорад фаҳмонад, ва ӯ барои Шумо муҳим аст. Ҳамин тариқ, кӯдак робитаи эҳсосии худро бо Шумо мустаҳкам карда барои омӯхтани ҷаҳони атроф ва такмил додани маҳорати худ омода мешавад.
Барои мустаҳкам намудани робитаи эҳсосии байни худ ва фарзандатон дар ин синну сол шумо метавонед ин корҳоро анҷом диҳед:
- кӯдакро ба зонуи худ гузошта ба чашмони якдигар нигоҳ кунед. Бо ӯ нарм сӯҳбат карда меҳрубонона нигоҳ кунед ва табассум кунед. Тамоси чашмиро нигоҳ доред - нигоҳи Шумо бояд нарм ва меҳрубонона бошад. Ба вокуниши кӯдак бо табассум ва сухангӯӣ ҷавоб диҳед;
- ба фарзандатон дар бораи чӣ кор карда истоданатон бигӯед, ҳатто ҳангоми иҷрои корҳои муқаррарии хона. Овози Шумо кӯдакро ором мекунад;
- вақте кӯдак кӯшиш мекунад, ки бо садоҳои гуногун «сӯҳбат» кунад, нишон диҳед, ки шумо гӯш мекунед. Табассум кунед, саратонро ҷунбонед, чашмони худро васеъ кушоед. Ба ӯ саволҳо диҳед, гап занед ва изҳори тааҷҷуб кунед. Ҷавоби шумо кӯдакро водор мекунад, то сӯҳбатро идома диҳад;
- вақте кӯдак асабонӣ мешавад, ба ӯ кӯмак кунед, ки ором шавад. Кӯдаки худро ба оғӯш гиред, бо ӯ нарм сӯҳбат кунед ва мусиқии оромбахшро фаъол созед.