1 моҳагӣ – Шиносоӣ бо ҳамдигар

Агар ман ба Шумо гуфта метавонстам... “Ана ман. Ногаҳон ҳама чиз тағйир ёфт. Ба ман вақт лозим аст, то ин ки ба ҷомеа мутобиқ шавам. Ман ҳузури Шуморо эҳсос менамоям. Гарчанде, ки ман ҳоло равшан дида наметавонам (ғайр аз ҳолатҳое, ки руйи Шумо дар назди ман аст, ки ин ба ман хеле писанд аст), ман навозиши меҳрубононаи Шумо ва буйи Шуморо ҳис мекунам. Ман овози Шуморо мешунавам (вақте, ки Шумо бо ман суҳбат мекунед ва суруд мехонед). Ба назар мерасад, ки ман овози Шуморо мешиносам –ҳамоне, ки ман ҳангоми дар батни Шумо будан мешунидам. Ба ман маъқул аст, ки Шумо айни замон ба ман наздиктар ҳастед ва ман мехоҳам Шуморо хубтар шиносам. Ман медонам, Шумо низ мехоҳед маро аз наздиктар шиносед.”

Инкишофи кӯдак дар 1 моҳагӣ

Муошират

Чӣ навигарӣ аст?

Дар тӯли моҳи аввали ҳаёт, дар назди тифл вазифаи калон ва муҳим меистад - шинос шудан бо муҳити наве, ки ӯ пас аз таваллуд дар он ҷо пайдо шудааст. Усули асосии муоширати кӯдак бо шумо дар ин давра гиря аст. Гиря карда, кӯдак паёмҳои мухталифи худро мефиристад, ки ӯ гурусна, тар, хаста аст ва ё танҳо ба тасаллии шумо ниёз дорад. Вай ба шинохтани овозҳо шурӯъ мекунад - алахусус садои онҳое, ки ба ӯ ғамхорӣ мекунанд ва барояш муҳим ҳастанд. Вай алалхусус шунидани овозҳои баландро дӯст медорад, бинобар ин ҳам модарон ва ҳам падарон табиатан як навъ "гуфтугӯи кӯдакона" - ро бо кӯдакон истифода мекунанд.

Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?

Дар ин давраи бармаҳал хеле муҳим аст, ки шумо ҳамеша ба дархости кӯдакатон посух гуед. Баъзан шумо шояд намедонед, ки чаро кӯдаки шумо гиря мекунад, аммо бо вуҷуди ин, муҳим аст, ки ӯро бо ҳузуратон, овозатон, оғӯшатон, тасаллиатон ва ҷунбондани тифлатон ором созед. Ҳамаи ин ба ӯ кӯмак мекунад, ки худро дар бехатарӣ эҳсос кунад.Тарзҳои гуногуни гиряи тифли худро гӯш карда, шумо оҳиста-оҳиста мефаҳмед, ки ӯ ба шумо чӣ гуфтанӣ аст. Дар хотир доред, ки бо оғӯш ва ба даст гирифтани кӯдакатон, ӯро хӯрондан, бо ӯ муошират кардан ва бо овози мулоим бо ӯ сӯҳбат кардан шумо ӯро вайрон намекунед.

Ба гиряи ӯ гӯш кунед ва кӯшиш кунед, ки сабаби гиряро бифаҳмед. Кӯдак метавонад гиря кунад, танҳо барои он ки мехоҳад шумо ӯро ба даст гиред, ва  ё ки  гурусна аст, ё каме нороҳатӣ дошта бошад (ҳолати номусоиди бадан ё уребчаи тар), хоболуд будан, кашишхӯрии бадан ва  ё чизи дигаре бошад, ки дард мекунад ва ӯро ташвиш медиҳад. Ҳамеша фарзанди худро тасаллӣ диҳед, бо ӯ бо овози гарму оромбахш сӯҳбат кунед, ӯро ба оғӯш гирифта ҷунбонед ва ғ. Натарсед, шумо ӯро вайрон намекунед.

Эҳсосот

Чӣ навигарӣ аст?

Фарзанди шумо аз ҳама чиз ба чеҳраи шумо ва дигар чеҳраҳои инсонӣ нигаристанро авлотар медонад. Шумо маркази ҳаёти ӯ ҳастед. Ӯ мехоҳад ва бояд дар паҳлӯи шумо бошад. Ин аввалин муносибати ӯст ва он хеле қавӣ аст. Ӯ дӯст медорад, ки ӯро ламс кунанд, аммо на он қадар тез ва ё дағалона.

Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?

Азбаски фарзанди шумо ҳоло аз дур чизи зиёдро дида наметавонад, шумо метавонед ба ӯ наздик шавед ва гуед: «Ана ман! Ба ман нигоҳ кун! "Бо кӯдаки худ ҳарчи бештар робитаи ҷисмониро нигоҳ доред - ӯро дар дастатон дошта ба оғӯш гиред. Аз ламс ва тамоси пуст ба пуст лаззат баред. Бо ӯ сӯҳбат кунед, ба чашмони ӯ нигоҳ кунед ва ҳангоми ғизо додан, пӯшондан ва ё оббозӣ дорондани ӯ табассум карда бо ӯ муошират кунед. Ба ӯ барои ором буданаш тавассути сӯҳбати мулоим ва оромона кӯмак кунед.

Тафаккур

Чӣ навигарӣ аст?

То ба ҳол кӯдаки шумо дар фазои бехатари батни модар рушд мекард. Таваллуд барои кӯдак тағироти бузург аст. Ҳоло бошад  ӯ бо дидан, шунидан ва ламс кардан меомӯзад. Дар ин давра чеҳраи инсон барои кӯдаки шумо аз ҳама чизи ҷолиб аст. То охири моҳи аввал, кӯдаки шумо эҳтимолан метавонад чеҳраи шуморо бо чашмони худ пайгирӣ кунад, агар он то андозаи кофӣ ба ӯ наздик бошад (тақрибан аз 20 то 30 см). Ӯ ҳамчунин ба чизҳои рангаи дурахшон - сиёҳ ва сафед ё сурх ва сафед шавқи зиёд хоҳад дошт. Вай овози шуморо мешунавад ва мешиносад, аммо баъзан метавонад аз садои ногаҳонӣ тарсад ва бо тамоми баданаш вокуниш нишон диҳад. Дар охири ин моҳ, кӯдаки шумо назар ба вақти таваллудаш хеле бодиққат хоҳад шуд - тағиротҳои калон танҳо дар давоми якчанд ҳафта!

Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?

Ҳар рӯзе, ки кӯдак бо Шумо мегузаронад, калиди инкишофи ҳамаҷонибаи ӯ ва рушди мағзи сараш мебошад. Чӣ гунае, ки шумо ба ниёзҳои фарзанди худ ҷавоб медиҳед, симои ҷаҳони ӯ ва одамонро дар он ташаккул медиҳад. Ин хеле оддӣ  вале муҳим аст.

Ҳаракат

Чӣ навигарӣ аст?

Гарчанде ки системаи асаби кӯдаки шумо ҳанӯз рушд ёфта истодааст, ӯ дар моҳи аввали ҳаёт босуръат инкишоф меёбад. То охири моҳи аввал, кӯдаки шумо метавонад ҳангоми ба  шикамаш хобондан сарашро ба мӯҳлати кӯтоҳ боло бардорад ё ҳангоми ба пушт хобидан сарашро ба паҳлӯ тоб диҳад. Ин ба ӯ кӯмак мекунад, ки дар куҷо буданатонро бинад ва олами ҷолиби атрофро мушоҳида кунад. Баъзан ӯ ангушти шуморо бо дасташ сахт нигоҳ медорад, аммо аксар вақт дастҳояшро дар мушт нигоҳ медорад. Вай метавонад дастҳо ва пойҳояшро дар ҳаракатҳое, ки баъдтар мулоимтар ва ҳамоҳангтар мешаванд,  меҷунбонад ва баъзан дастонашро ба чашм ва даҳон наздик меорад.

Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?

Илова бар он, ки кӯдакро дар оғӯш мегиред, ӯро дар ҳолати бехатар ба пушт хобонед, дар вақти ҳушёрӣ ва шумо ӯро дар дастатон нигоҳ надоред, ӯро бо шикам дар зонуҳоятон гузошта каме бо ӯ  “вақти дар шикам хобидан”-ро  гузаронед. Ба ӯ озодӣ диҳед, то дасту пойҳояшро ҷунбонад ва ҳаракат диҳад, аммо дар ҳолате, ки ӯ ғамгин аст, ӯро печонед.

Барои дарёфти усулҳои дигари дастгирии инкишофи кӯдак тавассути бозӣ ба бахши “Ҳамроҳ бозӣ мекунем” гузаред.

Ташвиши падару модар оид ба инкишоф дар 1 моҳагӣ

Азбаски ҳар як кӯдак ба таври мухталиф рушд мекунад, дақиқ пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки кай ва чӣ гуна фарзанди шумо маҳорати мушаххасро такмил дода метавонад. Қобилиятҳо (марҳилаҳои инкишоф), ки барои ин давра интизор мешаванд ва номбар шудаанд, ба шумо танҳо тасаввуроти умумӣ дар бораи тағироте медиҳанд, ки шумо ҳангоми калоншавии фарзандатон интизор шуда метавонед. Лутфан хавотир нашавед, агар инкишофи ӯ каме роҳи дигарро пеш гирад.

Лекин, агар шумо дар фарзандатон ягон аломати қафомонӣ дар инкишоф муаян намудед ва ё агар фарзанди шумо баъзе малакаҳоеро, ки қаблан дошта буд гум кард ва ё дар инкишофи кӯдакатон сабабҳои дигари нигаронӣ доред, ҳатман бо педиатр (ё дигар мутахассиси кӯдакона) сӯҳбат кунед :

  • Кӯдакатон  бисёри вақт гиря мекунад ва шумо ӯро ором карда наметавонед  
  • ӯ хеле суст шири синаро  мемакад ва бисер оҳиста мехӯрад  
  • ӯ аз ҳад зиёд хоб меравад (зиёда аз 16 соат дар якшабонарӯз)  ё ки ором хоб намеравад
  • ӯ тамоман бо дасту пояш ҳаракат намекунад
  • аз овози баланд намеларзад  
  • дар ҳолати ҷароғи равшан чашмак намезанад. 
References and comments

Reference:

https://raisingchildren.net.au/newborns/development/development-tracker/0-1-month

Laura E. Berk (2006), Child development (7ht edition), Allyn & Bacon  

Dr sci Nirvana Pištoljević (2016), Rani razvoj deteta: šta treba znati, Udruženje pedijatara Srbije, Beograd. [Nirvana Pistoljevic, PhD (2016), Early child development: what you need to know, Serbian paediatric association, Belgrade – available in Serbian]