Оббозӣ кардани кӯдаки навзод: дар тасвирҳо

Подготовка ванночки для новорожденного. Купание новорожденного. Безопасность новорожденного в ванне. 
Body

Омодашавӣ  барои оббозии навзод

Bathing a newborn: in pictures Ҷамъоварии тамоми маводҳои барои оббозӣ лозимаро оғоз намоед – сачоқ, дастмолҳо, пахта, уребчаи нав  ва либоси тоза. Онҳоро дар ҷойи барои Шумо дастрасу қулай, дар ҳамом гузоред. Барои хушконидани кӯдак сачоқи кушодаро тайёр кунед. Bathing a newborn: in pictures Боварӣ ҳосил намоед, ки ҳарорат дар хона бароҳат аст. Дар лаганди оббозии кӯдак 10-13 см. оби ширгарм резед. Обро бо ҳароратсанҷ, банди даст ё оринҷ санҷед –он бояд тахминан 37–38 ° C бошаду сузон набошад.

 

Bathing a newborn: in pictures Маводи пахтагинро бо оби нарм тар намоеду, эҳтиёткорона чашми кӯдакро тоза намоед, аз кунҷи дарунии чашм то пули бинӣ. Барои њар як чашм маводи пахтагии навро истифода баред.

Оббозидаронии навзод

Bathing a newborn: in pictures Вақте, ки оби лаганд омода мешавад, либосҳои кӯдакро кашед. Сар ва китфи кўдакро бо як даст қапед, бо дигар даст бошад, баданашро. Оҳиста ӯро ба лаганд гузоред. Bathing a newborn: in pictures Дар як ҳафта як ё ду маротиба муйи кӯдакро шуед. Барои ин ӯро дар лаганд ҷой намуда, сарашро эҳтиёткорона бо об тар намоед. То он даме, ки кӯдак калонтар нашавад, ба Шумо истифода бурдани шампун лозим нест. Шустани сари кӯдак дар лагандча. Дастмоли мулоимро истифода бурда, амалҳои зеринро ба анҷом расонед. 1. Эҳтиёткорона руйи кӯдакро тоза намоед. 2. Гардан ва бадани кӯдакро тоза кунед. 3. Узвҳои таносул ва қисми поёнии бадани кӯдакро  дар навбати охир тоза кунед.

 

Bathing a newborn: in pictures Дастмоли мулоимро барои қадамҳои зерин истифода намоед. 1. Эҳтиёткорона руйи кӯдакро тоза намоед. 2. Гардан ва бадани кӯдакро тоза кунед. 3. Узвҳои таносул ва сурини кӯдакро дар навбати охир шуед.

Бехатарии кӯдак дар лагандча

 

Bathing a newborn: in pictures Кӯдакон дар чуқурии камтар аз 5 см. метавонанд ғарқ шаванд. Ҳеҷ гоҳ навзодро дар лагандча бе назорат нагузоред. Агар ба Шумо лозим ояд, ки аз ҳамом бароед, кӯдакро ба сачоқ печонда бо ҳамроҳии худ гиред. Bathing a newborn: in pictures Одатан собунро истифода намудан лозим нест-он бадани кӯдакро лағжонак карда, метавонад пӯстро барангезонад. Ҳангоми зарурат маводи мулоими тозакунанда истифода баред. Bathing a newborn: in pictures Пеш аз оне, ки обро мепартоед, кӯдакро дар ҷойи бехатар гузоред, масалан дар катчааш.