Оббозӣ доронидани кӯдак дар тағорачаи кӯдакона

Оббозӣ дорондани кӯдаки навзод дар аввал, махсусан дар мавриде, ки Шумо фикр кунед ӯ ҳаммомро дӯст намедорад, метавонад душвор бошад. Якчанд маслиҳатҳои оддӣ кӯмак мекунанд, ки оббозӣ доронидан барои Шумо ва кӯдакатон лаззатбахшу осон бошад.
Body
Кӯдаки навзодро чанд маротиба оббозӣ дорондан лозим аст

Барои тоза нигоҳ доштани кӯдаки навзод ӯро дар давоми ҳафта 2-3 маротиба оббозӣ дорондан кифоя мебошад. Аммо агар кӯдакатон оббозӣ карданро дар ҳақиқат дӯст дорад, Шумо метавонед ӯро бештар оббозӣ доронед. Аз ҳад зиёд оббозӣ дорондан (бештар аз як маротиба дар як рӯз) метавонад боиси аз даст додани қобилияти муҳофизатии пӯст гардида он хушк шавад.

Шумо метавонед узвҳои таносули кӯдаки худро дар фосилаи мобайнии оббозӣ дорондан бо оби гарм ва пахта тоза кунед.

Оббозӣ дорондани кӯдаки навзод бояд тақрибан 5-10 дақиқа давом намояд - ин кифоя аст. Дар мавриди пӯсти хушк ё ҳассос доштани кӯдаки Шумо инро махсус бояд қайд кард.

Дасту рӯй шустан ва шустушӯи узвҳои таносули кӯдак – ин мавриде мебошад, ки Шумо чашму рӯйи кӯдакро бо оби гарму матои пахтагин пок карда дастонаш ва узвҳои таносули ӯро мешӯед. Дар ин ҳолат Шумо метавонед ба ҷойҳое, ки воқеан бояд шуста шаванд, таваҷҷӯҳ зоҳир намоед ва ҳангоми иҷрои амалҳои мазкур ба Шумо лозим нест, ки қисми зиёди либосҳои кӯдакро кашед.

Кӯдаки навзодро кай ва дар куҷо оббозӣ дорондан лозим аст

Шумо метавонед кӯдаки худро дар вақти дилхоҳ оббозӣ доронед. Беҳтар аст, ки вақтеро интихоб кунед, ки Шумо истироҳат мекунед ва ҳеҷ чиз Шуморо парешон намекунад. Пеш аз ҳама бояд дар хотир дошт, ки кӯдакро ҳангоми гурусна будан ё дарҳол пас аз ғизо додан оббозӣ дорондан лозим нест.

Агар кӯдаки Шумо оббозӣ карданро дӯст дорад ва ба назар мерасад, ки ӯ аз оббозӣ истироҳат мекунад, Шумо метавонед оббозиро ҳамчун роҳи ором кардани кӯдакатон ҳар бегоҳ истифода баред.

Шумо метавонед кӯдаки навзодро дар тағорачаҳои хурди пластикӣ оббозӣ доронед.

Маслиҳатҳо оиди тайёр намудани ҷой барои оббозӣ дорондани кӯдаки навзод

Инак, чӣ тавр бояд ба оббозӣ доронидани кӯдаки навзоди худ омода шавед:

  • Ҳангоми оббозӣ доронидани кӯдак телефони худро як тараф гузоред ё хомӯш кунед.
  • Боварӣ ҳосил кунед, ки ҳама чизҳои барои Шумо заруриро дар даст доред: дастмол, исфанҷ, лосьон, либоси тоза ва уребчаи тоза. Аз истифодаи собун худдорӣ кунед, зеро собун пӯсти кӯдаки Шуморо хушк мекунад. Агар лозим бошад аз маводҳои шӯяндаи нарме, ки собун надоранд ё равғанҳои бебӯй истифода баред.
  • Тағораро тавре ҷойгир намоед, ки он устувор ҷойгир шуда дар баландие гузошта шуда бошад, ки нигоҳ доштани кӯдак бароятон мувофиқ бошад. Баъзан мизи таомхӯрӣ барои ин хеле мувофиқ аст.
  • Агар кӯдаки Шумо аз шашмоҳа хурдтар бошад, тағораро тақрибан то 5 см об пур кунед.
  • Соат ва ҷавоҳиротро аз дастҳоятон кашед ва  дастҳоятонро шӯед.
  • Пеш аз гузоштани кӯдак ба тағора тафтиш кунед, ки ҳарорати об 37-38°C бошад. Агар Шумо термометр надошта бошед, ҳароратро бо даст ё оринҷатон санҷед - об бояд бароҳат гарм бошад ва бадани кӯдакро насӯзонад.
  • Ҳангоми оббозӣ дорондани кӯдак об илова накунед.
Оббозӣ дорондани кӯдаки навзод

Барои оббозӣ доронидани кӯдак таҷриба зарур аст ва бинобар ҳамин ҳам ором шуда, ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Дар мавриде, ки агар ягон каси дигар барои кӯмак дар бари Шумо бошад, ба оббозӣ доронидани кӯдакатон барои Шумо осонтар мешавад. Агар Шумо тарсед, ки кӯдаки худро дар дастатон нигоҳ дошта наметавонед, он гоҳ бо гузоштани парпеч ё сачоқи тоза дар дохили тағора лағжонакии тағораро камтар намоед.

Кӯдакон метавонанд дар давоми якчанд сония дар ҷои наонқадар чуқур ғарқ шаванд. Ҳеҷ гоҳ кӯдаки худро дар дохили тағора, ҳатто агар курсичаи шустушӯӣ ё теппачаи шустушӯиро истифода баред ҳам, танҳо нагузоред. Нигоҳубини кӯдакро ҳеҷ гоҳ ба фарзандони калон ё бародарону хоҳарон вогузор накунед. Агар ба Шумо ҷавоб додан ба занги телефонӣ ё иҷрои ягон кори дигар лозим шавад, кӯдаки худро аз тағора берун гузоред.

Агар дар аввали оббозӣ д дорондан ин барои кӯдак тарсовар бошад ин ҳолати муқаррарӣ аст. Аммо аксари кӯдакон зуд ба оббозӣ  кардан одат мекунанд. Барои он ки кӯдакатон аз оббозӣ кардан лаззат барад, кӯшиш кунед, ки дасти худро боэҳтиётона ба шиками ӯ гузоред. Ин ба кӯдаки Шумо кӯмак мекунад, ки худро дар дохили тағора бехатар ҳис кунад.

Агар кӯдаки Шумо оббозиро дӯст надорад, кӯшиш кунед, ки як рӯз танҳо дасту рӯйи ӯро шуста рӯзи дигар оббозӣ доронед. Тақрибан дар синни семоҳагӣ кӯдаки Шумо аз оббозӣ дар тағора лаззат мебарад.