Оббозидаронии навзод

Навзодонро дар таваллудхона оббозӣ дорондан мумкин нест. Кофист, ки пӯсти онҳоро бо оби ширгарм тоза намуда, самти узвҳои таносул ва маъкадро низ тоза кард. Ҳамин тавр мо қабати муҳофизатие, ки кӯдак бо он таваллуд мешавад ва дар рӯзҳои аввали ҳаёташ лозим аст, “нигоҳ медорем”
Body

14 рӯзи аввал тавсия дода мешавад, ки кӯдакро дар як ҳафта 2-3 маротиба 5 дақиқагӣ, танҳо бо оби ширгарм ва бе собун оббозӣ доронед. Пӯсти баданро бо андак расиш, бе расидани дағалона  хушк  намоед.

Ҳангоми иваз намудани уребча баъд аз пешоб кифоя аст, ки пӯсти баданро бо диски пахтагӣ, ки дар об тар шудааст, тоза намоед. Ҳангоми қазои ҳоҷат, онро аз  маъқадбо  диски пахтагӣ гирифта бо оби ширгарм шуед, махсусан ҷойи қатъи  пӯстро тоза намоед. Тоза намудани қазои ҳоҷат бо қоғази ташноб ё латаи матоъӣ тавсия дода намешавад.

Ҳар шаб бо оби гарм қатии зери манаҳ, гардан, паси гуш, зери каш, байни пой ва охирон узвҳои таносул ва  маъқадро тоза намоед. Узвҳои таносул ва  маъқадро ҳамеша аз пеш ба қафо бо як ҳаракат тоза намоед. Ин амалиётро чӣ қадаре, ки лозим ояд такрор намоед, то он даме, ки ҳамаҷо тоза нашавад. Пӯстро хуб хушк намоед. 

Гарчанде, ки кӯдакон дар рӯзҳои аввали баъд аз таваллуд оббозӣ намекунанд, бояд тозагии пӯстро риоя намуд. Кӯдаконро бо ду роҳ оббозӣ дарондан мумкин аст:

  • Дар даст қапида
  • Дар лагандчаи кӯдакона