Дар даст дошта оббозӣ даровардани кӯдак
Пеш аз оббозидаронӣ тамоми чизҳои лозима ва хуҷраро омода намоед.
Ҳар ду волидайн дар оббозидаронии кӯдак иштирок менамоянд. Яке аз волидон кӯдакро дошта меистад, дигараш бошад, об мерезад.
Дасти чапатонро зери қафаси синаи кӯдак бо ангушти калон аз як тараф, тавре, ки ангушти калон аз як тараф дар зери каши ва ангушти дигарро ба қафаси синаи кӯдак аз дарафи дигар бояд ҷойгир шуда бошад. Ягон ангушт набояд зери гардан бошад.
Мувозинатро дар ҳамин мавқеъ ёбед, ба кӯдак бояд қулай бошад.
Матои таҳшударо ба болои кундаи ноф гузошта, нофро тар накунед.
Эҳтиёткорона аввал сари кӯдак, баъд тан ва дастон ва дар охир сурин (кунчаашро) ва пойҳояшро шуед.
Дар охири қатронкунӣ (чайқондан) яке аз волидайн бояд обро барои қатронкунӣ (чайқондан) ба тахтапушти кӯдак резад (об набояд бевосита ба кӯдак рехта шавад, он оҳиста ба дасти волидайн рехта мешавад.
Ҳаракатҳо бояд маҳин ва бе такон бошанд, то ин ки кӯдак натарсад. Сари кӯдакро тоза шустан лозим аст, то ин ки дар фарқи сари кӯдак пӯст ҷамъ нашавад.
Пас аз оббозӣ сари кӯдакро бо сачоқи мулоим пӯшонед ва ӯро пурра бо он печонед. Пӯстро хушк намоед, бо таври каме ба бадан расондан, лекин молиш надиҳед. Пӯсти сарро бо ҳаракатҳои даврагӣ хуб молед, то он даме, ки муй пурра қоқ шавад.