Тарс аз оббозӣ

Кӯдакони навзод баъзан оббозӣ карданро дӯст намедоранд. Кӯдакони каме калонтар метавонанд аз оббозӣ кардан тарсанд. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки кӯдаки навзод ба оббозӣ доронидан оҳиста ва боэҳтиёт, ҳамчун як кори гуворо ва ором одат кунонида шавад. Бозӣ кунед, бигзор об бадани кӯдакро навозиш кунад, бигзор кӯдак расидани сабуки обро эҳсос кунад ва доираҳо ва мавҷҳои дар рӯи об пайдошударо бинад. Бозиҳои гуногунро пешниҳод кунед, то кӯдакатон истироҳат кунад ва парешон нашавад, пас оббозӣ лаззатбахш хоҳад буд. Ҳамеша боэҳтиёт бошед ва ба он диққат диҳед, ки кӯдаки шумо ҳангоми оббозӣ чӣ гуна рафтор ва бозӣ мекунад.
Body
Тарс аз оббозӣ чӣ гуна пайдо мешавад?
  • Кӯдаки навзод метавонад аз вазъияти наве, ки онро идора карда наметавонад, тарсад.
  • Тифлон ва кӯдакони хурдсол аз садои об, тар шудани мӯй ва сар, ва баъд аз оббозӣ бо танпоккун хушк кардани баданашон метавонанд тарсанд.
Пешгирӣ кардани нороҳатӣ ва тарс аз оббозӣ:

Ба рафтори кӯдак бодиққат вокуниш намоед ва агар бинед, ки кӯдак худро беҷуръатона ҳис мекунад, ба ӯ фишор наоред.

Эҳсоси бехатариро таъмин кунед:

  • тағорачаи хурдтар интихоб кунед ва дар аввал обро аз ҳад зиёд пур накунед;
  • ҳарорати мӯътадили обро интихоб кунед;
  • пушти сар ва сари кӯдакро доред, тамоси чашмонро нигоҳ доред;
  • кӯдакро оҳиста-оҳиста ба об фароварда, интизор шавед, ки кӯдак эҳсоси гармиро ҳис кунад ва ба он одат кунад;
  • шикамро масҳ кунед/шӯед, то ин ки бадан гарм шавад;
  • ба рӯй ва бинии кӯдак об нарезед, балки онҳоро оҳиста бо даст шӯед.
  • бо тифл гап занед, суруд хонед, бо ҳаракатҳои нарм ба баданаш об резед.
Чӣ бояд кард агар тағорача хурд шавад?
  • Оҳиста-оҳиста дар тағорачаи калонтар мустақилона нишастанро ҷорӣ кунед - об бояд оҳиста илова карда шавад.
  • Тағорачаро ба ваннаи калон гузоред, бигзор кӯдак ба андозаи нав одат кунад.
  • Бо кӯдак ҳамроҳ оббозӣ кунед, ӯро ба зонуи худ гузоред ё дар байни пойҳои худ нигоҳ доред, то ӯ худро бехатар ҳис кунад.
  • Барои налағжидан ба қаъри ванна часпакҳои резиниро васл кунед.
  • Пеш аз холӣ кардани об кӯдаки худро аз тағорача ва ҳатто аз ҳаммом берун кунед, то ки ӯ аз садои он натарсад.
  • Агар кӯдак тарсад, ки шампун ба чашмонаш ворид мешавад, мӯяшро боэҳтиёт шӯед ва чашмонашро муҳофизат кунед (бо дасти дуюм ё лапари махсус) ё аз шампуни кӯдакона истифода баред, ки чашмонро озор намедиҳад.
Бигзор оббозӣ шавқовар шавад, якҷоя бозӣ кунед!

Шумо метавонед тарси оббозиро кам кунед ё аз байн баред, агар онро ба вақтгузаронии якҷояи шавқовар табдил диҳед:

  • Барои бозиҳои обӣ бозичаҳои махсус гиред (бозичаҳо барои пошидан, рехтан, шиноварӣ). Бигзор кӯдаки шумо моъеи кафккунанда ё бозичаи махсусро барои оббозӣ интихоб кунад.
  • Оббозӣ бо бародарону хоҳарон бағоят шавқовар аст; бозиҳои якҷоя ва хурсандӣ тарси оббозиро кам мекунад.
  • Бигузор оббозӣ як машғулияти якҷояи шавқовар бошад - суруд хонед, саҳнача бозед, афсона гӯед.
  • Оббозӣ ин имконест, ки кӯдак бозича ё лӯхтакҳои дӯстдоштаи худро оббозӣ дорад. Он инчунин барои фаҳмидани маъно ва аҳамияти оббозӣ кӯмак мекунад.
  • Бигзор кӯдак бӯй ва таркиби малҳамро интихоб кунад, ки шумо баъд аз оббозӣ ба пӯст мемолед, ва ё ранг ё нақшу нигори танпоккунро.
  • Оббозӣ набояд танҳо дар вақти муқарраршуда бошад. Вақти оббозиро тағир диҳед, то фаҳмед, ки фарзанди шумо дар кадом вақти рӯз оббозӣ карданро бештар дӯст медорад.

Ҳангоми оббозии кӯдак ҳеҷ гоҳ ҳаммомро тарк накунед. Кӯдакон ба осонӣ ба зери об мефароянд. Боварӣ ҳосил кунед, ки пеш аз гузоштани кӯдаки худ ба тағорача, ҳама чизи лозимаро омода кардаед.

Ҳама амалҳои мустақили кӯдакро дар робита ба оббозӣ таъриф ва ташвиқ кунед. Агар вақти оббозӣ бо эҳсосоти мусбӣ гузарад, вақтхушии муфид, шавқовар ва пурмаҳсул бошад, тарс бешубҳа кам мешавад ва оқибат аз байн меравад.