Бинии кӯдакро чӣ гуна бояд тоза кард
Волидони кӯдакони навзод аз он нигаронанд, ки кӯдакон аксар вақт атса мезананд ва дар бинии онҳо луоб пайдо мешавад. Гарчанде ки дар ин синну сол ин муқаррарӣ аст, ҳолатҳое ҳастанд, ки онҳо бояд бинии кӯдаконро шуста тоза кунанд.
Body
Бинии кӯдак
Бинии кӯдак мустақилона тоза мешавад, зеро луоб чиркро дар худ нигоҳ медорад ва хориҷ мекунад. Нигоҳубини изофӣ барои бинӣ танҳо дар сурате зарур аст, ки аз он луоб аз ҳад зиёд ҷудо шавад, ки ҳангоми шамолхӯрӣ/зуком рух медиҳад. Барои шустани бинӣ маҳлули физиологӣ истифода мешавад:
- кӯдакро ба паҳлӯ хобонед;
- чанд қатра маҳлули физиологӣ ба сӯрохи бинии болотар буда чакконед ё пошед;
- кӯдакро каме баланд бардоред, то сараш ба поён гардад, бо дастатон ӯро нигоҳ доред ва сипас сабук пушташро кӯбед, то луоб ҷорӣ шавад ё намоён гардад;
- агар Шумо шунавед, ки луоб ҳаст, вале онро намебинед, дубора маҳлули физиологиро ба бинӣ чакконед ё пошед;
- кӯдакро рӯ ба поён гардонед ва вақте ки луоб намоён мешавад, онро бо як кунҷи парпеч ё чӯбчаи пахтагини хушк кашида гиред;
- пас аз якчанд дақиқа, кӯдакро ба паҳлӯи дигар гузошта, амалро барои сӯрохи дигари бинӣ такрор кунед;
- агар лозим бошад, пеш аз ҳар як синамаконӣ биниро тоза кардан мумкин аст.
Ҳеҷ гоҳ чӯбчаҳои пахтагиро ба сӯрохи бинӣ нагузоред. Барои тоза кардани бинии кӯдаки солим луобкашак (соплеотсос) ё аспираторҳои биниро истифода набаред — онҳоро танҳо вақте истифода баред, ки кӯдак бемор аст ва луоби зиёд дорад. Агар кӯдаки Шумо ҳангоми синамаконӣ аз хӯрок хӯрдан мушкилӣ дошта бошад ё аз сабаби баста шудани бинӣ аз ғизо даст кашад, духтури оилавӣ/педиатр маслиҳат гиред.