Нигоҳубини чашмон, бинӣ ва гӯшҳои кӯдакони хурдсол

Чашмон, бинӣ ва гӯшҳои кӯдаки Шумо мӯҳтоҷи нигоҳубини меҳрубононаи мебошанд як бор дар як рӯз.
Body

Гигиенаи чашмон, гӯшҳо ва бинии кӯдак: асосҳо

Шумо метавонед чашмон, гӯш ва бинии кӯдакатонро ҳангоме, ки оббозӣ медоред, тоза намоед. Оби ширгарм - он чизест, ки ба Шумо лозим аст. Собунро истифода набаред, чунки пӯсти кӯдакатон эҳсоснок аст ва метавонад онро хушк кунад.

Қадамҳо барои тоза кардани рӯи кӯдак

Қадамҳои асосии тоза кардани чашм, гӯшҳо ва бинии кӯдак инҳоянд:

  1. Доираҳои пахтагиро гиред.
  2. Як доираи пахтагиро дар оби ширгарм тар кунед.
  3. Кунҷҳои чашмони кӯдакатонро мулоим аз тарафи дохилӣ ба берунии кунҷи чашмон тоза кунед.
  4. Барои ҳар як чашм дораи пахтагини алоҳидаро истифода баред.
  5. Гирди ҳар як тараф биниро оҳиста тоза кунед, то ки луоб хориҷ шавад. Беҳтар аст, ба бинии кӯдак ягон чизеро наандозед (аз ҷумла тампонҳои пахтагӣ). Ин метавонад ба пардаи бинии кӯдак осеб расонад ва боиси хунравӣ гардад.
  6. Қафои ҳар як гӯши кӯдак ва гирди тарафи берунии ҳар як гӯшро тоза кунед. Бо эҳтиет бошед, ба гӯши кӯдакатон ягон чизро наандозед (аз ҷумла чӯбчаҳои пахтагӣ), чунки Шумо метавонед ба ӯ осеб оваред.
  7. Бо оби ширгарм манаҳ ва гардани кӯдакатонро тоза кунед. Боварӣ ҳосил намоед, ки Шумо мобайни ҳамаи қабатчаҳои пӯсти кӯдакатон, низ тоза кардед.
  8. Бо диққат пӯсти кӯдакатонро бо сачоқи мулоим хушк кунед. Боварӣ ҳосил намоед, ки Шумо ҳамаи қабатчаҳои пӯсти кӯдак ва қафои гӯшҳои ӯро хушк кардед.

Кӯдаки Шумо ҳангоми шустани рӯи ӯ  метавонад нороҳат шавад. Барои ӯро ором кардан Шумо метавонед меҳрубонона бо ӯ муошират кунед ва ё ба ӯ суруд хонед.