Нигоҳубини нофи кӯдак

Нофи кӯдак – он чизест, ки пас аз таваллуд аз наи ноф боқӣ мемонад. Пеш аз таваллуд маводи ғизоӣ ва оксиген аз модар тавассути наи ноф ба кӯдак интиқол дода мешавад. Вақте ки наи ноф ҳангоми таваллуд бурида мешавад, дар рӯи шиками кӯдак боқимондаи хурди он боқӣ мемонад.
Body
Боқимондаи наи ноф дар фарзанди Шумо: чиро интизор шудан мумкин аст?

Баъди таваллуди кӯдак наи ноф бурида мешавад. Момодоя ба қисми боқимондаи наи ноф ҳалқачаи пластикӣ мегузорад ё онро мебандад. Ҳалқача пас аз як ё ду рӯз, вақте ки боқимондаи наи ноф хушк ва сиҳат мешавад, хориҷ карда мешавад.

Дар давоми чанд рӯзи аввали пас аз таваллуд, боқимондаи наи ноф сиёҳчатоб мешавад, хушк мешавад ва дар ниҳоят ҷудо шуда меафтад. Баъзан ин як ё ду ҳафтаро дарбар мегирад. Агар боқимондаи наи ноф пас аз зиёда аз 3 ҳафта наафтад, ба ҳамшираи шафқат ё табиби оилавӣ/педиатр муроҷиат кунед.

Ҳангоме ки боқимондаи наи ноф хушк мешавад ва дарҳол пас аз афтидани он, Шумо метавонед дар атрофи нофи кӯдак ихроҷро мушоҳида кунед. Он метавонад шаффоф, часпак ё қаҳваранг бошад, инчунин метавонад дар либос ё уребчаи тифли Шумо доғ гузорад. Он инчунин метавонад бӯй дошта бошад. Ин як қисми муқаррарии раванди сиҳатшавӣ аст ва ҳеҷ чизи ташвишовар нест.

Тоза кардан ва нигоҳубини нофи тифли Шумо

Пеш аз тоза кардани ноф дастҳои худро шӯед ва агар имконпазир бошад, кӯшиш кунед ба он даст нарасонед.

Барои тоза нигоҳ доштани нофи кӯдак обро истифода баред. Барои тоза кардани он собун, малҳам, антисептик ё спирт истифода бурдан лозим нест, инчунин нофро бастан ҳам лозим нест.

Боварӣ ҳосил кунед, ки ноф пас аз оббозӣ комилан хушк шавад. Агар ноф ба қадри имкон "нафас" кашад, тезтар хушк мешавад ва шифо меёбад. Онро бо эзорча ва уребчаҳои обногузар напӯшонед. Агар имконпазир бошад, миёнбанди уребчаро ба поён қат кунед, то ба ноф нарасад.

Агар пешоб ё пасафканди тифли Шумо ба ноф афтад, онро бо оби тозаи равон шӯед. Ҳеҷ гоҳ кӯшиш накунед, ки боқимондаи наи нофро худатон канда гиред, ҳатто агар ба назар чунин намояд, ки он ҷудо шуда истодааст.

Гранулемаи ноф

Пас аз афтодани боқимондаи наи ноф, дар баъзе тифлакон метавонад гранулемаи ноф пайдо шавад. Он одатан чун варами хурди ранги гулобӣ ё сурх дошта дар минтақаи ноф зоҳир мешавад. Баъзан аз ин варам ихроҷ пайдо мешавад.

Гранулемаи ноф одатан безарар аст, аммо ба ҳар ҳол табиби оилавӣ/педиатр ё ҳамшираи шафқат онро муоина карданашон лозим аст.

Чурраи ноф

Агар дар атрофи нофи тифл варам пайдо шавад, ин метавонад чурраи ноф бошад. Ин одатан хатарнок нест ва ба тифли Шумо зарар намерасонад.

Чурраи ноф дар ду соли аввали ҳаёт худ аз худ мегузарад, гарчанде ки дар баъзе ҳолатҳо он то синни чорсолагӣ ва бештар аз он рафъ намешавад.

Сирояти боқимондаи наи ноф – ин асорати ҷиддӣ аст. Агар фарзанди Шумо яке аз ин аломатҳоро дошта бошад, ҳарчи зудтар ба табиб муроҷиат кунед:

  • минтақаи ноф гарм мешавад, сурх мешавад ё варам мекунад;
  • тифли Шумо таби баланд мекунад ё худро бад ҳис мекунад;
  • агар пас аз чанд рӯз баъди афтодани боқимондаи наи ноф моеъи часпанда хориҷ шудан гирад.