Рафтори навзод: намоиш

Ба гиряи кӯдак посух дода, кӯдакро "эрка кардан" ғайриимкон аст. Таваҷҷӯҳе, ки Шумо ҳоло ба ӯ зоҳир мекунед, барои ба воя расидан ва инкишоф ёфтан кӯмак мекунад.
Body
Рафтори кӯдаки Шуморо чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст

Ҳарчанд фарзанди Шумо баъзан метавонад ба Шумо нигарад, вале гиря кардан метавонад як зуҳуроти асосии рафтори ӯ бошад. Масалан, агар кӯдак гурусна бошад, ба ҳаяҷон ояд, агар ҷойи хобаш тар бошад ё нороҳат бошад, гиря мекунад.

Ҳамаи кӯдакон хислатҳои гуногун доранд. Баъзеҳо ҳаракатҳои осудаву ором доранд ва баъзеи дигар - асабонӣ ва фоҷиавӣ мебошанд. Баъзеҳо доим серҳаракат ва фаъол ҳастанд ва баъзеи дигар худро оромона зоҳир мекунанд. Баъзеҳо аксар вақт хурсанд ба назар мерасанд ва баъзеи дигар – қиёфаи ҷиддӣ доранд.

Гиряи навзод: чиро интизор шудан мумкин аст

Гиря - роҳи асосии муошират бо кӯдаки навзод аст, ки бо ин роҳ ӯ хабар медиҳад, ки ба ӯ чи лозим аст. Ин садо метавонад Шуморо ба амал ҳавасманд кунад, ҳатто вақте ки хобед. Агар Шумо сина маконед, метавонад рефлекси ҳосилшавии ширро ба вуҷуд орад.

Гиряи баландтарин тақрибан дар синни шашҳафтагӣ рӯй медиҳад. Ин давраи гиряи шадиди тифли навзод  гузаранда мебошад.

Кӯдакон ба ҳисоби миёна тақрибан се соат дар давоми як рӯз гиря мекунанд ва беқаророна амал мекунанд. Баъзеҳо аз ин зиёдтар гиря мекунанд. Давраи асосии ин гиряву нооромӣ одатан дар наздикиҳои бегоҳ ва шом ба назар мерасад, ҳарчанд ҳар рӯзона метавонад ба рӯзи гузашта монанд набошад.

Вақте ки кӯдаки Шумо калонтар мешавад, бароятон фаҳмидани сабаби гиряи ӯ ва чӣ хостани ӯ осонтар мешавад. Ва хуруҷи гиря бо эҳтимоли зиёд дар давоми рӯз мунтазам ба амал меояд.

Чӣ тавр рафтори кӯдакро фаҳмидан ва ба он ҷавоб додан лозим аст?

Кӯдаки навзод кӯшиш мекунад фаҳмад, ки муҳити атроф чӣ гуна аст. Бо он, ки чӣ гуна ва махсусан дар вақти гиря карданаш чӣ тавр аксуламал нишон медиҳед, ба ӯ дар бораи муҳити атроф бисёр чизҳоро мефаҳмонад.

Масалан, фарзандатон метавонад фаҳмад, ки дар мавриди гиря кардани ӯ, касе меояд, ки ба ӯ чизи лозимаро медиҳад. Ин метавонад иваз кардани памперс, ғизо додан ё ба оғуш гирифтан бошад. Агар ин тавр шавад, ӯ мефаҳмад, ки муҳити атрофи ӯ, дар умум он қадар бад нест.

Вақте ки Шумо ба таври фаврӣ аксуламал нишон медиҳед ва кӯдаки гирёнро ором мекунед, кӯдак умуман камтар гиря мекунад. Вақте ки ӯ гиря мекунад, ба оғӯш гирифтани ӯ комилан амали  муқаррарӣ аст. Ин амал ба кӯдак мефаҳмонад, ки ӯ дар бехатар мебошад, зеро Шумо волидайни ғамхор ва масъулиятшиносе ҳастед, ки ӯро дӯст медоред.

Шумо кӯдаки худро эрка намекунед. Агар кӯдак гиря кунад, ӯ нишон медиҳад, ки ба кӯмаки Шумо эҳтиёҷ дорад. Агар Шумо ба гиряи ӯ оромона ва доимо ҷавоб диҳед, ин амали Шумо ба фарзандатон мефаҳмонад, ки муҳити атроф - ҷойи бехатар ва пешгӯишаванда аст.

Гиряи оромнашаванда ё хала

Баъзе кӯдакон муддати тӯлонӣ бисёр гиря мекунанд ва дар мавриди гиряи онҳо гӯё ҳеҷ чиз онҳоро ором намекунад. Инро аксар вақт хала меноманд.

Хала метавонад дар баъзе кӯдакон як зуҳуроти табиӣ бошад, махсусан агар он дар охири рӯз ва пас аз машқҳои зиёд дида шавад. Гиря метавонад ба кӯдаки навзод кӯмак кунад, ки амалҳои дар атрофаш рӯйдҳандаро назорат кунад. Ӯ гӯё мегуяд: “Бас! Ман барои он ки ягон чизро дар атроф набинам ва нашунавам, танҳо дод мезанам.”

Вақте ки кӯдаки Шумо чунин гиря мекунад, таҳаммул кардани он барои Шумо мумкин аст хеле душвор бошад. Инак якчанд маслиҳате, ки барои Шумо ва фарзандатон кӯмак мерасонанд:

  • Дараҷаи ҳаяҷонро дар атрофи кӯдак кам кунед - масалан, кӯшиш кунед, ки бо кӯдак дар як ҳуҷраи орому торик шинед.
  • Кӯдаки худро дар кати хоб ба паҳлӯ гузоред ва бо ритмикиву нарм пушташро молиш диҳед. Агар ӯ  хоб рафтанӣ шавад, оҳиста ӯро ба пушт гардонед.
  • Кӯшиш кунед, ки дар гӯшҳоятон гӯшмонакҳои хаёлӣ гузоред. Бигзор садои гиряро ношунида гиред ва тасаввур кунед, ки он садоро намешунавед. Ба худ гӯед, ки ҳама чиз хуб аст. Шумо тамоми кори аз дастатон меомадаро мекунед, то ба фарзандатон кӯмак кунед.
  • Кӯдаки худро бо аробача ё фалахон сайругашт бароред. Баъзан ҳаракат кардан низ оромбахш мебошад.
  • Кӯшиш кунед, ки садои заминавиро бо фаъол намудани - вентилятор ё радио ҳосил кунед. Ин метавонад дар ором шудани кӯдак кӯмак расонад.

Ғояҳои бештарро дар дастурамали қадам ба қадам тартибдодаи мо, ки барои чӣ гуна ором кардани кӯдаки гирякунанда тартиб дода шудааст, ёфта метавонед.

Кай барои кӯмак муроҷиат намудан лозим аст

Ҳама кӯдакон ба бехатар зиндагӣ кардан ва таҳти муҳофизат қарор гирифтан ҳуқуқ доранд. Аммо нигоҳубини кӯдаки навзод метавонад кори душвор бошад. Агар Шумо ҳис кунед, ки аз ӯҳдаи нигоҳубини кӯдак намебароед, пас кӯмак ҷӯед. Шояд яке аз аъзоёни оила ва ё дӯстони Шумо тавонанд, ки бонавбат бо кӯдаки гирёнчак сайругашт кунанд? Оё дар наздикӣ модарони дигаре ҳастанд, ки якдигарро дастгирӣ кунанд?

Бо мурури замон кӯдаки Шумо дар бораи муҳити атроф бештар меомӯзад ва хабар додани чизҳои заруриро ба Шумо ёд мегирад, ки ин барои мубориза бурдан бо гиря ба Шумо осонтар мешавад. Илова бар ин Шумо ҳатман дар фаҳмиши рафтори кӯдаки худ таҷриба пайдо мекунед. Ягон нафари дигар кӯдаки Шуморо чун Шумо намешиносад ва агар Шуморо гиряи зиёду сахти кӯдак, ки боиси асабонияти Шумо мегардад, нороҳат кунад, бо табиби худ ё дигар мутахассисон барои гирифтани машварат ҳамсӯҳбат шавед.