Ҳафтаи аввали ҳаёти кӯдаки навзоди шумо: чиро бояд интизор шуд?
Ҳафтаи аввали ҳаёти кӯдаки навзоди Шумо
Кӯдаки Шумо ҳафтаи аввали ҳаётро барои мутобиқ шудан ба муҳити нав мегузаронад.
Дунёи беруна аз бачадон хеле фарқ мекунад, ки он ҷо торик аст, ҳарорат як хел аст, садоҳо паст мешаванд. Шумо метавонед ба кӯдаки худ бо фароҳам овардани меҳрубонӣ, муҳаббат, таваҷҷӯҳ ва бехатарӣ барои мутобиқ шудан ба ҷаҳони беруна кӯмак кунед.
Тағйирот дар намуди кӯдаки навзод дар ҳафтаи аввали ҳаёт
Намуди зоҳирии кӯдаки Шумо дар ҳафтаи аввал тағйир меёбад.
Агар дар натиҷаи гузаштан аз канали таваллуд ё таваллуд бо воситаи вакуум эктраксия сараш шакли каме конусӣ дошта бошад, пас он бояд тадриҷан мудаввар шуда, шакли муқаррариро гирад.
Ҳар гуна варам дар атрофи рӯй ва чашмони кӯдаки Шумо, ё доғи кабуд дар рӯй ё сари кӯдак дар давоми чанд рӯз аз байн меравад. Кӯдакон бо доғҳои кабуд хатари пайдо шудани зардшавии навзодонро доранд. Ба духтури педиатр хабар диҳед, агар пӯсти рӯи кӯдаки Шумо зард бошад ва Шумо фикр кунед, ки ӯ зардшавӣ дорад.
Нофи кӯдак оҳиста-оҳиста хушк мешавад, сиёҳ мешавад ва дар давоми 10 рӯзи аввал меафтад. Кӯшиш кунед, ки онро тоза ва хушк нигоҳ доред. Агар пӯсти атрофи ноф сурх ё часпак ба назар расад, ба духтури оилавӣ/педиатр ё ба ҳамшираи тиббӣ хабар диҳед.
Кӯдаки Шумо метавонад ҳангоми таваллуд як ё якчанд доғҳои модарзодӣ дошта бошад ё онҳо мумкин дертар пайдо шаванд. Доғҳои модарзодӣ ҳолати маъмуланд ва одатан ба таваҷҷӯҳи тиббӣ ниёз надоранд. Аммо агар доғи модарзодии кӯдак Шуморо ташвиш диҳад ё тағир ёбад, хуб аст, ки ба духтури оилавӣ/педиатр ё ҳамшираи тиббии худ муроҷиат кунед, ки бояд онро муоина кунанд.
Ғизо додан ва хоб кардан дар ҳафтаи аввали ҳаёти кӯдак
Кӯдаки навзоди Шумо аксар вақт хоб хоҳад кард ва ҳар чанд соат барои ғизо бедор мешавад. Кӯдакони навзод ҳанӯз "тамоми шаб хобида" наметавонанд. Онҳо шикамҳои хурд доранд, бинобар ин онҳо бояд зуд-зуд бедор шаванд ва ғизо хӯранд.
Аксарияти навзодонро бояд ҳар 2-4 соат ғизо дод ва онҳо дар як шабонарӯз тақрибан 8-12 маротиба ғизо мегиранд. Баъзан, ҳангоми шир додани кӯдаки Шумо, ғизодиҳӣ метавонад то як соат давом кунад.
Кӯдаки Шумо одатан вақте бедор мешавад, ки ба ӯ ғизо додан лозим аст. Аммо баъзе кӯдаконро барои ғизо додан бедор кардан лозим аст, масалан кӯдаконе, ки вазни зиёд гум кардаанд, хеле хурд ҳастанд ё зардшавӣ доранд.
Барои ба вуҷуд омадани реҷаи ғизо ва хоб эҳтимол каме вақт лозим аст.
Дар чанд ҳафтаи аввали ҳаёти кӯдак барои Шумо ғамхорӣ кардан ба худ хеле муҳим аст. Ин маънои онро дорад, ки бояд ғизои хуб хӯред ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ фаъол бошед, инчунин хобидан ҳангоми хоби кӯдак, ки ба Шумо кӯмак мекунад, ки аз хоб сер шавед ва худро бардам ҳис кунед. Ин комилан муқаррарӣ аст, агар ба Шумо лозим ояд, ки аз аъзоёни оила ва хешовандон кӯмак пурсед.
Инкишоф дар ҳафтаи аввали ҳаёт
Кӯдаки Шумо ҳар рӯз бо Шумо бисёр чизҳоро меомӯзад. Ба шарофати он чизе, ки вай мебинад, мешунавад, ҳис мекунад ва ламс мекунад, майнааш калон мешавад ва инкишоф меёбад - ӯ ҷаҳони атрофро ҳамин тавр меомӯзад. Кӯдак аз сабаби рефлекси қапидан дастҳоро беихтиёр фишурда, аз садоҳои ногаҳонии баланд як қад мепарад. Вай инчунин метавонад дар вақти хоб ларзиши бадани беихтиёр дошта бошад.
Барқарор кардани робита байни Шумо ва муошират дар ҳафтаи аввали ҳаёт
Кӯдаки Шумо овози Шуморо мешиносад - охир, ӯ дар давоми нӯҳ моҳи охир Шуморо аз батни модар гӯш мекард. Шумо метавонед бо тифли навзодатон бо овози худ, ламс муошират кунед, инчунин вақте ки ӯ Шуморо мебинад ва бӯи Шуморо ҳис мекунад.
Кӯдак роҳҳои муоширати худро бо Шумо хоҳад дошт, ки дар он ӯ рафтори худро истифода мебарад - ҳатто агар ӯ ҳанӯз табассум карда наметавонад. Дар давоми ин ҳафтаи аввал, Шумо ба фаҳмидани аломатҳои кӯдак ва забони бадани кӯдак шурӯъ мекунед.
Тез-тез ламс кардан, ба оғӯш гирифтан, табассум кардан ва нигоҳ кардан ба кӯдак ба ӯ кӯмак мекунад, ки худро дар назди Шумо бехатар ҳис кунад. Ин ба таҳкими робитаи байни Шумо, ташаккули дилбастагӣ ва рушди солими кӯдак мусоидат мекунад.
Мушкилоти маъмули саломатӣ дар ҳафтаи аввали ҳаёти кӯдак
Гум кардани вазн
Ин муқаррарӣ аст, агар кӯдаки Шумо дар давоми панҷ рӯзи аввали баъди таваллуд вазни худро гум кунад, зеро моеъи зиёдатӣ берун мешавад. Аммо ин талафоти вазн набояд аз 10% вазни таваллуди кӯдак зиёд бошад. Аксарияти кӯдакон пас аз 1-2 ҳафта вазни таваллуди худро барқарор мекунанд. Агар кӯдак вазни аз ҳад зиёдро гум карда бошад, Шумо ва кӯдаки Шумо бояд муддате дар таваллудхона монед, то боварӣ ҳосил кунед, ки ӯ хуб ғизо мегирад ва ҳамарӯза вазн мегирад.
Риму фасод дар чашм
Дар давоми чанд ҳафтаи аввали ҳаёт барои кӯдаки Шумо рим ё омадани оби чашмон муқаррарӣ аст. Роҳҳои басташудаи ашкӣ сабаби маъмултарин мебошанд ва одатан худ аз худ мегузаранд. Ин одатан кӯмак мекунад, агар Шумо чашмони ӯро эҳтиёткорона тоза кунед ва масҳ кунед. Аммо беҳтар аст, ки аз духтури оилавӣ/педиатр ё ҳамшираи тиббии худ хоҳиш кунед, ки чашмони кӯдакатонро барои сурхшавӣ ва рим муоина кунанд.
Доначаҳо дар пӯст
Дар кӯдакони навзод метавонанд ҳама гуна доғҳо дар пӯст пайдо шаванд, ки одатан ташвишовар нестанд. Аммо агар дар пӯсти кӯдак доначаҳо пайдо шаванд, беҳтар мебуд, ки онро ба духтури оилавӣ/педиатр ё ҳамшираи тиббӣ нишон диҳед. Намудҳои маъмули доғҳои пӯст себорея, шалҳидагӣ (опрелость), гармича, экзема ва хушкшавии пӯст мебошанд.
Кай бояд ба духтури оилавӣ/педиатр ё ба ҳамшираи тиббӣ муроҷиат кард
Агар Шумо фикр кунед, ки чизе нодуруст аст ва Шумо дар бораи кӯдаки навзоди худ хавотир бошед, ба кӯмаки тиббӣ муроҷиат кунед. Бо мутахассисони тиббии таваллудхонае, ки кӯдак таваллуд шудааст, ба духтури оилавӣ/педиатр ё ҳамшираи тиббӣ муроҷиат кунед.
Ҳарчи зудтар ба кӯмаки тиббӣ муроҷиат кунед, агар:
- кӯдаки Шумо ғизо намехӯрад — масалан, ӯ нисфи миқдори муқаррарии худро мехӯрад, ё ду маротиба камтар дар як рӯз мехӯрад ё зиёда аз нисфи ҳолатҳо аз се маротибаи ғизодиҳии пай дар пай қай мекунад;
- кӯдаки Шумо дар як рӯз камтар аз 6-8 уребча тар мекунад;
- кӯдаки Шумо асабонӣ, суст ё хеле хаста ба назар мерасад ё бедор кардани ӯ барои ғизо додан душвор аст;
- кӯдаки Шумо пӯсти рангпарида ё зард дорад.
Гиря дар ҳафтаи аввали ҳаёти кӯдак
Гиряи кӯдакони навзод як чизи муқаррарӣ аст, аммо агар Шумо надонед, ки кӯдаки Шумо бо гиряҳои худ ба Шумо чӣ гуфтан мехоҳад, он метавонад Шуморо аз мувозинат берун кунад. Кӯдак метавонад гиря кунад, зеро:
- вай гурусна аст;
- вай уребчаи тар ё ифлос дорад;
- худро нороҳат ҳис мекунад (аз ҳад зиёд гарм ё хунук);
- ӯ мехоҳад, ки Шумо дар назди ӯ бошед.
Агар кӯдаки навзоди Шумо гиря кунад, Шумо метавонед ба ӯ ғизо диҳед, уребчаашро иваз кунед, ӯро ба оғӯш гиред ё дар бағал ҷунбонед, бо ӯ гап занед ё бо овози оромбахш суруд хонед, ё дар оби ширгарм ва оромкунанда оббозӣ доронед. Агар кӯдаки Шумо бисёр гиря кунад, ин маънои онро надорад, ки Шумо аз ӯҳдаи нақши нави худ ҳамчун волидайн намебароед.
Кай барои гиряи тифли навзод бояд муроҷиат кунед
Агар Шумо фикр кунед, ки кӯдаки навзоди Шумо аз ҳад зиёд гиря мекунад ё ба Шумо тоқат кардан ба гиряи ӯ душвор аст, ҳарчи зудтар аз духтури оилавӣ/педиатр ё ҳамшираи тиббии худ маслиҳат гиред.
Аз ҷумла, ба ёрии тиббӣ муроҷиат кунед, агар:
- кӯдаки Шумо гиряи баланди гӯшхарош дорад (ба мисли гурба);
- ба назар чунин намояд, ки кӯдаки Шумо фарёди паст мекунад ё нолиш мекунад;
- кӯдаки Шумо хеле дуру дароз гиря мекунад.
Гиря - як роҳи асосии кӯдаки навзод аст, ки ба Шумо хабар диҳад, ки ӯ ба чизе ниёз дорад.
Пас аз ҳафтаи аввали ҳаёт: муоинаи тиббии кӯдак
Маркази саломатии маҳаллии Шумо ба кӯдаки Шумо, одатан дар соли якуми ҳаёти кӯдак бо муоинаи саломатӣ ройгон таъмин мекунад.
Ҳангоми муоинаи кӯдак Шумо метавонед ба духтур дар бораи саломатии кӯдаки худ саволҳо диҳед. Шумо метавонед рӯйхати саволҳоро пеш аз муоинаи тиббӣ нависед, то фаромӯш накунед, ки аз духтур чизе пурсед, ки мехоҳед донед.