Пас аз таваллуд шудани тифл: соатҳои аввал чиро бояд интизор шуд
Дақиқаҳои аввал пас аз таваллуди кӯдак
Лаҳзаи таваллуди кӯдаки шумо дар як вақт мӯъҷиза ва дар баробари ин ҷиддӣ мебошад. Ҳар он чизе ки пас аз таваллуд рух медиҳад, аз рафти таваллуд, аз он ки чи тавр кӯдак таваллуд меёбад ва то кадом андоза ӯ ба ҳаёти берун аз батни модар зуд мутобиқ мешавад, вобаста мебошад.
Таваллуди беоризаи вагиналӣ
Бештари кӯдакон дар давоми якчанд сония пас аз таваллуд нафас кашида гиря мекунанд.
Агар маълум бошад, ки кӯдаки шумо хуб нафас мекашад, ӯро бе либос, пӯст ба пӯст, ба қафаси сина ва ё шиками шумо фавран пас аз таваллуд мегузоранд. Тамоси пӯст ба пӯст кӯдаки шуморо гарм мекунад, барои ба эътидол овардани нафаскашӣ ва набзи дили ӯ мусоидат менамояд ва ба шумо ва кӯдакатон имкон медиҳад, ки фавран ҷисман ба ҳамдигар наздик ва пайваст шавед. Ин инчунин як омилест барои синамаконӣ.
Момодоя кӯдаки шуморо хушк мекунад ва ҳардуи шуморо бо кӯрпа ё сачоқи гарм мепӯшонад.
Буриши қайсарии банақшагирифташуда
Бештари кӯдаконе, ки тавассути буриши қайсарӣ таваллуд шудаанд, ҳангоми таваллуд фаъолона нафас мекашанд ва гиря мекунанд. Пас аз таваллуди кӯдак момодоя ва ё педиатр кӯдаки шуморо ба ҷои махсуси гармкунанда бурда, ӯро хушк ва муоина мекунанд, ки оё ӯ дуруст нафас кашида истодааст.
Момодоя кӯдакро ба кӯрпаи гарм ва ё сачоқ печонида, то он даме, ки шумо дар мизи ҷарроҳӣ ҳастед, ӯро ба шумо медиҳад (агар шумо дар ҳолати наркози умумӣ набошед). Дар баъзе беморхонаҳо ҳангоме, ки шумо ҳоло дар утоқи ҷарроҳӣ ҳастед, тамоси пӯст ба пӯст ба назар гирифта шудааст, ва шумо метавонед пурсед, ки оё чунин ҳолат мумкин аст дар давоми таваллуд кардани шумо.
Буриши қайсарии ба нақшагирифтанашуда (таъҷилӣ)
Барои навзодоне, ки дар натиҷаи буриши қайсарии ба нақшагирифтанашуда таваллуд шудаанд, бо эҳтимолияти зиёд пас аз таваллуд барои нафас кашидан кӯмак лозим меояд. Дар ин ҳолат момодоя ва ё педиатр кӯдаки шуморо ба ҷои махсуси гармкунанда мебаранд. Онҳо кӯдаки шуморо хушк намуда муоина мекунанд, ки кадом кӯмак ба ӯ лозим.
Ҳангоме, ки кӯдаки шумо хуб нафас мекашад ва нишондиҳандаҳои саломатии шумо низ мустаҳкам ҳастанд, момодоя ва ё педиатр кӯдакро ба сачоқ ва ё кӯрпаи гарм печонида, то он даме, ки шумо ҳоло дар мизи ҷарроҳӣ ҳастед, ба шумо медиҳад (агар шумо наркози умумӣ надошта бошед).
Буридани ноф
Пас аз таваллуд шудани кӯдак нофро бояд баст ва бурид. Буридани ноф мушкил аст, вале ин раванд дардманд нест на барои модар ва на барои кӯдак.
Агар ба кӯдаки шумо кӯмаки ҷиддӣ лозим шавад, барои нафаскашӣ пас аз таваллуд, ё ин ки ӯ бемор менамояд, эҳтимолан лозим аст, ки ӯро фавран ба шуъбаи нигоҳубини навзодон бистарӣ намуд. Дар ин ҳол ба оғӯш гирифтани кӯдакатон то барқарор шудани саломатии ӯ бояд мавқуф карда шавад.
Фарзанди шумо пас аз таваллуд чи намуд ва чи гуна рафтор дорад
Ҳангоми баромадан аз муҳити муҳофизатшуда, ором ва гарми батни модар ба олами беруна дар бадани кӯдаки шумо баъзе дигаргуниҳои муҳим ба амал меоянд.
Кӯдаки шумо метавонад дар чанд дақиқаи аввали пас аз таваллуд то ҳадде кабудранг ба назар расад. Агар кӯдаки шумо нафас кашад, ранги пӯсти ӯ дар давоми 5-7 дақиқа пас аз таваллуд тадриҷан гулобиранг мешавад. Дастҳо ва пойҳои кӯдаки шумо метавонанд то 24 соат кабудранг бошанд. Сабаб дар он аст, ки рагҳои хунгузар дар дасту пои кӯдаки шумо хеле хурданд ва барои гардиши дурусти хун ва гулобиранг шудани онҳо вақт лозим аст.
Агар ҳама чиз хуб бошад, аксари навзодон фавран пас аз таваллуд гиря мекунанд. Сипас бештари онҳо оромона бо чашмони кушод ба атрофиёнашон пеш аз он ки хоб раванд менигаранд. Хоб рафтани кӯдакон муқаррарӣ аст, аммо баъзеҳо метавонанд бедор бошанд ва хоҳиши хӯрданро дошта бошанд.
Агар кӯдаки шумо омода ба назар расад, шумо метавонед пас аз таваллуд ба ӯ якчанд дақиқа шир диҳед. Момодоя барои ба кӯдак сина додан ба шумо кӯмак мерасонад.
Арзёби тавассути ҷадвали Апгар
Арзёбӣ мувофиқи ҷадвали Aпгар - ин баҳодиҳии суръати набз, нафаскашӣ, қувваи мушакҳо, аксуламал ба ангезаҳо ва ранги пӯсти кӯдаки шумо аст. Ба ҳар яке аз ин панҷ меъёр баҳои 0,1 ё 2 дода мешавад ва ҷамъи он нишондиҳандаи ҷадвали Апгар аст. Ин ҷадвал ба кӯдак дар давоми 1 ва 5 дақиқа пас аз таваллуд таъин карда мешавад.
Натиҷаи баҳогузории ҷадвали Апгар нишон медиҳад, ки кӯдаки шумо то кадом андоза ва хуб аз ҳаёт дар батни модар ба ҳаёт берун аз батн гузаштааст. Натиҷаҳо аз рӯи ҷадвали Апгар дар дафтарчаи саломатӣ ва рушди кӯдак сабт карда мешаванд.
Назорат ва доруворӣ дар давоми 24 соат
Дар давоми як соат пас аз таваллуд момодоя ба кӯдаки шумо 2 барчасп бо номи ӯ мегузорад.
Сабти вазни кӯдак ва муоинаи ҷисмонии ӯ дар давоми соатҳои аввал гузаронида мешавад.
Барои кӯдаки шумо як ва ё ду сӯзандору ба мушакҳои рони ӯ мегузаронанд, инҳо:
- Витамин К – барои пешгирии вайроншавии лахташавии хун, ки аз норасоии витамини К бармеояд, кӯмак мерасонад.
- Иммунизацияи зидди гепатити B
Дар давоми 48-72 соати ҳаёти кӯдаки шумо, навзод аз муоина мегузарад, ки ӯро барои муайян намудани аломатҳои бемориҳои нодир месанҷанд. Кӯдаки шумо инчунин барои дисплазияи буғумҳои кос (ДТС) ва дар баъзе давлатҳо барои санҷиши шунавоӣ низ муоина мешавад.