Ҳафтаи аввали ҳаёти навзод
Пеш аз ҷавоб шудан аз таваллудхона ҳамаи ҳуҷҷатҳои додашударо бодиққат хонда дар мавриди зарурият барои гирифтани маълумоти иловагӣ оид ба гузаронидани тадқиқотҳои иловагӣ ва ё стандартие, ки тавсия дода мешавад маълумот гиред. Фаҳмед, ки дар мавриди зарурат оё кӯдакро барои муоина ба маркази саломатии маҳаллӣ бурдан мумкин аст.
Пас аз ҷавоб шудан аз таваллудхона саломатии модар ва кӯдак аз ҷониби ҳамшираи тибби минтақавӣ назорат карда мешавад. Агар Шумо дар кӯдаки худ оид ба мавҷудияти ягон мушкилот шубҳа намоед, пас бо ҳамшираи тиб ё табиби оилавӣ/педиатр муроҷиат намоед.
Намуди зоҳирии кӯдаки навзод
Варами валодатӣ паст шуда сари кӯдак ба шакли муътадили худ бармегардад. Агар дар мавриди таваллуд дар рӯй ва пилки чашмони кӯдаки Шумо варамнокӣ ҷой дошта бошад ва инчунин гематомаву рагҳои хурди кафида дар рӯи ӯ дида шавад, дар ин вақт онҳо нест мешаванд. Дар кӯдак метавонад зардӣ пайдо шавад: пӯсти рӯй, бадан ва инчунин сафедии чашмон зард мешаванд.
Боқимондаи ноф тадриҷан хушк шуда сиёҳтоб мегардад ва бо мурури замон, одатан баъд аз рӯзи 10-уми ҳаёт меафтад. Назорат кунед, ки боқимондаи ноф тоза ва хушк бошад. Агар пӯсти атрофи он сурх шавад ё ковок шуда бошад ба мутахассис муроҷиат намоед.
Дар пӯсти кӯдаки навзод метавонанд доғҳои тавлидӣ пайдо шаванд: онҳо метавонанд дар вақти таваллуд ҷой дошта бошанд ё дертар пайдо мешаванд. Ин зуҳуроти паҳншуда буда, одатан безарар мебошанд ва агар Шумо дар ин маврид хавотир бошед пас ба ҳамшираи тибб ё табиби оилавӣ/педиатр муроҷиат намоед.
Талафёбии вазн — ин зуҳуроти пешбинишаванда ва физиологӣ буда, дар рӯзҳои аввали ҳаёт пайдо мешавад: меъдаи кӯдак ҳаҷман хурд буда дар мавриди ғизогирии аввалин 5-10 мл ширро ҷой мекунад. Кӯдак аввалин бор наҷосат хориҷ мекунад (он «меконий» ном дорад) ва баъзан агар ба модар доруҳои қатрагиро дар вақти буриши қайсарӣ ё таваллуд истифода бурда бошанд моеъи зиёдатӣ низ аз бадани кӯдак хориҷ карда мешавад. Кӯдаконро бо талафоти вазни аз 5-7% камтар ба хона ҷавоб медиҳанд ва табибону волидайн бояд доанд, ки ҳадди охирини талафоти вазн, ки 9-10%-ро ташкил мекунад ва дар ин маврид бояд кӯдак солим бошад ва хуб ғизо гирад. Агар дар кӯдак талафёбии вазн бештар ба назар гирифта шавад, он гоҳ то беҳтар шудани ғизогирӣ ва вазнгирӣ кӯдаки навзод бо модараш дар таваллудхона мемонад. Вазнгирӣ одатан дар шабонарӯзи 10-14-уми ҳаёт ба назар мерасад. Дар ин давра ба реҷаи ғизогирии кӯдак омехтаи ширии кӯдакона илова намудан мумкин нест!
Дар ҳолатҳои зерин зудтар ба кӯмаки тиббӣ муроҷиат намоед:
- кӯдаки Шумо хуб ғизо намегирад (дар давоми 24 соат, кӯдак кам ӯ кӯтоҳмуддат ғизо мегирад, ё аз зарфи ширдиҳӣ танҳо як қисмашро мехӯрад, зуд-зуд қай мекунад).
- кӯдаки Шумо хеле асабӣ аст ва ӯро ором кардан душвор аст, хоболуд мебошад ё зуд бедор намешавад.
- пӯсташ зардчатоб ё рангпарида аст.
Ғизодиҳӣ ва хоби кӯдак дар ҳафтаи аввали ҳаёт
Дар давоми ҳафтаи аввали ҳаёт, кӯдаки Шумо бештари вақти худро чунин мегузаронад: ӯ хоб меравад ва пас аз ҳар якчанд соат барои ғизогирӣ бедор мешавад. Кӯдакони навзод тамоми шаб намехобанд ва меъдаи онҳо хурд буда зуд гурусна мемонанд.
Дар давоми ҳафтаи аввали ҳаёт кӯдак ритми мунтазами хоб ва бедориро надорад. Бо ҳисоби миёна ӯ дар давоми шабонарӯз 18 соат мехобад ва барои ҳамин ҳам давраи бедории ӯ тӯлонӣ нест (ба ғайр аз вақти ғизодиҳӣ ва иваз намудани уребча).
Бештари кӯдаконро бояд ҳар 2-3 соат ғизо дод ва онҳо дар давоми шабонарӯз 8-12 маротиба гурусна мемонанд. Меъдаи кӯдакон ҳаҷман хурд буда миқдори ками ширро меғунҷонад. Шири модар дар муддати кӯтоҳ ва тақрибан дар давоми 90 дақиқа ҳал мешавад ва бинобар ҳамин ҳам кӯдак зуд гурусна мемонад. Ҳар як кӯдак аз давраи таваллуд шудан хусусиятҳои инфиродиро доро мебошад ва ҳатто дар кӯдакони хеле хурд низ ба мисли калонсолон хусусиятҳои ғизоии инфиродӣ вуҷуд дорад. Баъзе кӯдакон дар давоми шабонарӯз 6-8 маротиба ва баъзеашон мехоҳанд якчанд «луқма» гиранд, ки 12-14 маротиба ба онҳо ғизо додан зарур аст.
Кӯдакон барои ғизогирӣ худашон бедор мешаванд, вале барои таъмин намудани ритми ғизодиҳӣ ва хоб одатан вақт зарур аст.
Баъзе кӯдакон дар давоми ҳафтаи аввали ҳаёт хоболуд ва нофаъол мешаванд (одатан кӯдакони норасид, кӯдакони камвазн, кӯдакони бемор ва кӯдаконе, ки талафоти вазнашон зиёд аст). Дар ин гуна мавридҳо барои ангезиш додани ҳисси макидан ба бадан наздик намуда (пӯст ба пӯст) бояд кӯдакро бедор карда ҳар се соат шир дода уребчаашро иваз кардан лозим аст. Ҳатман вазни кӯдакро зуд-зуд чен карда истед.
Кӯдак ҳар рӯз ба муҳити атроф мутобиқ шуда аксуламал нишон медиҳад ва волидайн талаботҳои кӯдаки худро дарк мекунанд. Кӯдак хабар медиҳад, ки ӯ чӣ мехоҳад ва Шумо кӯшиш намоед дарк кунед, ки хостаи ӯро фаҳмед ва амалҳои муайян иҷро кунед, то дар ин марҳила дарки талаботҳои кӯдаки Шумо ташаккул меёбанд. Дар ин давра Шумо якдигарро мешиносед, ки ин барои дигар аъзоёни оилаатон метавонад ғайриодӣ бошад. Барои он, ки оромии волидайн ва кӯдак таъмин карда шавад бояд маъракаҳои зодрӯз, ҷамъшавии хешу табор ва наздикон дар хонаи Шумо ба таъхир гузошта шавад. Вақте, ки падар, модар ва кӯдак ба мисли як даста амал мекунанд, он гоҳ барои гузаронидани иду ҷашнҳо ва муошират бо наздикон вақт пайдо мешавад.
Дар давоми ҳафтаҳои аввали ҳаёти пас аз таваллуд шудани кӯдак дар бораи худ фаромӯш носозед. Шумо бояд мунтазам дар вақти хоби кӯдакатон ғизо гирифта баъзан фаъолияти ҷисмонӣ кунед ва хоб равед, ки ин имкон медиҳад норасогии хоби Шуморо бартараф намояд. Аз кӯмак пурсидан аз наздикону хешовандон шарм надоред. Ин ҳолати муқаррарӣ аст.