Кӯдаки навзод фавран пас аз таваллуд чӣ намуд дорад
Лаҳзаи таваллуди кӯдаки шумо ҳам афсонавӣ ва ҳам пуршиддат аст. Аксар вақт фарзанди шумо он гунае, ки шумо интизор будед, намуд надорад ва рафтор намекунад. Аксар вақт, ин падидаҳо муваққатӣ ё безарар мебошанд ва ҳеҷ гуна сабаб барои нигаронӣ вуҷуд надорад.
Пӯсти кӯдаки навзод
Муҳимтарин тағйирот вақте ба амал меояд, ки кӯдак ногаҳон аз муҳити муҳофизатшуда, ором ва гарм берун меояд. Аз ин сабаб кӯдаки навзод дар дақиқаҳои аввали баъди таваллуд метавонад ранги кабуд ё бунафш дошта бошад; агар ӯ нагз нафас кашад, гарм ва хушк шавад, дар давоми 7 – 10 дақиқа пӯст оҳиста-оҳиста гулобӣ мешавад. Дастҳо ва пойҳо метавонанд то 24 соат кабуд боқӣ монанд, ин муқаррарӣ аст.
Пеш аз таваллуд, пӯсти кӯдак бо як моддаи сафед ва лағжанда пӯшонида мешавад, ки молидании аввалияи рӯи пӯст (первородная смазка) номида мешавад. Кӯдакони бармаҳал таваллудёфта як қабати ғафси ин молиданиро доранд, махсусан дар чинҳои пӯст. Тавсия дода намешавад, ки онро пас аз таваллуд тоза кунед, зеро он нақши муҳофизатӣ дорад.
Рӯйи кӯдаки навзод метавонад ранги кабуд дошта бошад, баъзан бо пилкҳои варамида. Ин одатан дар ҳолате рух медиҳад, ки ноф ба гардан печида боиси кафидани капиллярҳои хурди пӯст мегардад; дар рӯзҳои минбаъда кабудӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад, вале зардии сахт пайдо шуданаш мумкин.
Пӯсти кӯдаки навзод метавонад қабат-қабат ҷудо шавад ё ҳатто пӯст партояд; ин одатан дар навзодоне рух медиҳад, ки дертар аз санаи пешбинишудаи таваллуд шудаанд. Пӯст ва нохунҳо метавонанд ранги сабз бошанд, агар моеъи амниотикӣ сабз буд (яъне моеъи амниотикӣ бо меконии навзод омехта шудааст – пасафканди навзодро пеш аз таваллуд хамин хел меноманд).
Шакли сари кӯдаки навзод
Сари навзодон нисбат ба кӯдакони калонтар ва калонсолон мутаносибан ба андозаи бадан калонтар ба назар мерасад. Фарқият махсусан дар навзодони бармаҳал таваллудшуда ва навзодони камвазн ба назар мерасад.
Муқаррарӣ аст, ки сар дарҳол пас аз таваллуд дароз ба назар мерасад; устухонҳои косахонаи сари кӯдаки навзод нарм аст ва ин барои осонтар гузаштан аз роҳҳои таваллуд зарур аст. Аксар вақт шумо метавонед варами ночизро дар қафои фарқи сар, баъзан чаптар ё росттар мушоҳида кунед. Баъзан он метавонад хеле калон бошад, ба монанди кулоҳ дар сари кӯдак (хусусан, агар он тавассути вакуум экстракция таваллуд шуда бошад), аммо он хеле зуд, дар тӯли якчанд соат мегузарад. Аз рӯзи дуюми ҳаёт, дар баъзе кӯдакон метавонад кефалогематома мушоҳида шавад – хунравӣ байни устухони косахонаи сар ва пардаи рӯи устухон, он метавонад дар паҳлӯи фарқи сар аз як ё ду тараф бошад. Кефалогематома осеби таваллуд ҳисобида мешавад, аммо он безарар аст ва вобаста ба андозаи он тадриҷан дар тӯли чанд ҳафтаи оянда ҳал мешавад.
Ба шакли сар ҳангоми таваллуд омилҳои зиёд таъсир мерасонанд – таваллуди бармаҳал, дугоникҳо ё ҳомиладории бисёртифла, нарасидани моеъи амниотикӣ. Навзодоне, ки дар давраи ҳомиладорӣ пешомади сурин дошта буданд (тазовое предлежание), ҳангоми таваллуд шакли сари муайян доранд ва як хел ба назар мерасанд. Рӯяш мудаввар, фарқи сар ҳамвор, сараш ба тарафи пушти сар дароз шудааст.
Дар ҳар сурат, шакли сар дар чанд ҳафтаи аввал тағйир меёбад – он дурусттар мешавад ва оҳиста-оҳиста шакли аз генҳо вобастаро мегирад.
Як лаҳза ҳам фаромӯш накунед, ки кӯдаки шумо беназир ва зеботарин дар ҷаҳон аст!!!