Арзёбӣ бо ҷадвали Апгар – арзёбии навзодон ҳангоми таваллуд
Арзёбии APGAR ва он чи гуна муайян карда мешавад
Дар соли 1952, анестезиолог доктор Вирҷиния Апгар бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи кормандони шӯъбаҳои таваллудхона ба навзодон усули зуд ва ҳамаҷонибаи арзёбии қобилияти ҳаётии организми навзодро таҳия намуд.
Арзёбии APGAR ин рақам / холҳое, ки бо воситаи арзёбии панҷ аломати зерини клиникии тифли навзод ҳисоб карда мешавад: набзи дил, нафаскашӣ, аксуламалҳои рефлексӣ (аксуламали кӯдак ба катетер дар бинӣ), тонуси мушакҳо ва ранги пӯст.
Ба ҳар як андозаи арзёбӣ метавонад баҳои 0, 1 ё 2 гузошта шавад, аз ин рӯ арзёбӣ метавонад аз 0 то 10 хол бошад. Аръёбии Apgar 60 сония пас аз таваллуди пурраи кӯдак ва инчунин пас аз 5 дақиқа муайян карда мешавад. Холҳои 8-10 нишон медиҳад, ки навзод дар ҳолати хуб қарор дорад ва танҳо дар утоқи таваллуд ба нигоҳубини муқаррарӣ ниёз дорад. Холҳои 5-7 нишон медиҳад, ки кӯдак каме "хаста" аст, дар ҳоле ки холҳои 0-4 нишон медиҳанд, ки навзод ба кумаки фаврӣ ниёз дорад. Агар, сарфи назар аз чораҳои эҳёгарӣ, баҳои паст боқӣ монад, яъне. кӯдак шифо намеёбад, баҳо пас аз 10, 15 ва 20 дақиқа дар баробари гузаронидани чорабиниҳои эҳёи зарурӣ боз муайян карда мешавад.
Арзёбии APGAR дар дақиқаи 1-ум танҳо барои кормандоне, ки таваллуди тифлро қабул карда истодаанд, ҳамчун кӯмак барои арзёбии он ки оё кӯдак аз ягон ҷиҳат мӯҳтоҷи кӯмак ҳаст, хизмат мерасонад. Арзёбӣ тавассути ҷадвали APGAR ҳангоми 5-ум дақиқа барои баҳогузории барқароршавии кӯдак ва аксуламали ӯ ба чорабиниҳои эҳёӣ буда, аҳамияти пешгӯии калонро надорад. Танҳо холҳои пасти дарозмуддат аҳамияти пешгӯиро дорад.
Барои дарки муҳиммияти “арзёбии таваллуд”, донистан лозим аст, ки:
- Арзёбии APGAR – ин усули субъективӣ аст.
- Он барои кӯдаконе, ки пеш аз мӯҳлати муайяншуда таваллуд мешаванд, мутобиқ нашудааст.
- Депрессияи навзод дар натиҷаи доруҳое, ки модар ҳангоми таваллуд кардан гирифтааст, метавонад ба нишондиҳандаҳои арзёбӣ низ таъсир расонад (бедардкунандаҳо, анестетикҳо, маводҳои седативӣ).
- Гарчанде ки бештари кӯдакон «даҳи комил»-ро мегиранд, дар ҳақиқати ҳол хеле ками кӯдакон дар дақиқаи 5 ва хусусан дар дақиқаи 1, 10 холро мегиранд.
- Холи 8 ё 9 аъло аст ва ба даҳ баробар аст.
- Арзёбӣ аз рӯи ҷадвали APGAR дар дақиқаҳои 5, 10 ва 30 имкон медиҳад, ки мутобиқшавии тифли навзодро ба ҳаёти муҳити беруна беҳтар дарк намуд ва он аҳамияти беҳтари пешгӯикунандаро дорад. Холҳои паст - ин ишора ба педиатр аст, то ки рушди равонию ҷисмонии кӯдакро шадидтар назорат кунад.
Омилҳои зиёде мавҷуданд, ки ба инкишофи кӯдак ҳангоми дар батни модар будан таъсири худро мерасонанд ва ягон хол ва ё усуле вуҷуд надорад, ки фавран пас аз таваллуд тавонад тасвири пурраи ҳолати кӯдак ва тамоми имкониятҳои рушди ӯро нишон диҳад.