Бо кӯдак сӯҳбат кунед
Ба волидайн тавсия дода мешавад, ки аз рӯзҳои аввали ҳаёти фарзандашон бо кӯдак сӯҳбат кунанд, афсона гӯянд, суруд хонанд ва ҳар он чизеро ки кӯдак анҷом медиҳад ва ё иҷро мекунад, мебинад ва аз сар мегузаронад, бигӯянд. Ҳар қадаре, ки волидайн калимаҳоро такрор кунанд ва онҳоро бо амалу ҳаракатҳои дар муҳити атроф будаву таҷрибаи кӯдак алоқаманд намоянд, ҳамон қадар қобилияти омӯзишии кӯдак зиёд мешавад. Дар мавриде, ки дар муҳити зиндагии кӯдак имкониятҳо, сӯҳбат ва сухангӯӣ камтар аст, ҳолати баръакси он дида мешавад: сабтҳои хотиравии мағзи сар аз байн мераванд ва қобилиятҳои омӯзишӣ кам мешаванд.
Инак, он чизе, ки Шумо метавонед ба фарзандатон барои "сершавии забонӣ" таъмин намоед:
- дар хотир доред, ки сӯҳбат кардан раванди дуҷониба мебошад - диққат диҳед, ки чӣ тавр Шумо фарзанди худро барои сӯҳбат кардан ташвиқ мекунед, ҳарчи бештар бо ӯ сӯҳбат кунед, чӣ кор карданашро назорат кунед, ки дар мавриди бо Шумо сӯҳбат кардан ба чӣ диққат медиҳад ё ба чӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.
- дар ҳолате, ки Шумо бо кӯдак дар тамос мешавед, такон медиҳад, ба оғӯш мегиред, либоси кӯдакро иваз мекунед, оббозӣ медоронед, бозӣ мекунед - кӯшиш кунед, ки бо ӯ бо овози гарму нарм сӯҳбат намоед. Бигзор кӯдак суръати сӯҳбатро назорат кунад: оҳиста ҳарф занед ва ба ӯ вақт диҳед, ки «ҷавоб» диҳад. Бо кӯдаки худ тамоси чашмӣ барқарор кунед ва кӯшиш кунед, ки тамоси чашмиро нигоҳ доред. Таваҷҷуҳи кӯдакро тавассути тағйир додани оҳанги овоз ё суръати нутқи худ ҷалб кунед.
- кӯдак ва аксуламалҳои ӯро ҳангоми сӯҳбат назорат кунед: вақте Шумо мебинед, ки кӯдак дигар дар раванди сӯҳбат фаъолона иштирок намекунад, намуди муоширатро тағйир диҳед. Вақте ки кӯдак ба ҷойи дигар нигоҳ мекунад, сабр кунед ва ба ӯ имкон диҳед, то истироҳат кунад ва сӯҳбатро "аз нав сар" кунад. Вақте ки ӯ бори дигар ба Шумо нигоҳ мекунад, бо табассум ва суханони рӯҳбаландкунанда салом диҳед. Вақте Шумо мебинед, ки кӯдак дигар муоширатро дӯст намедорад ё ӯ аллакай "суҳбаташро тамом кардааст", ба ӯ имкон диҳед, ки бештар истироҳат кунад ва иҷрои кори дигареро пешниҳод кунед.
Ҳангоми сӯҳбат кардан бо кӯдаки худ телевизор, телефони мобилӣ ва дастгоҳҳои шабеҳро хомӯш кунед.
Дар хотир доред, ки кӯдаки дастгириву таваҷҷӯҳи зиёдро талабкунанда, барои ҷустуҷӯ ва фаъолият бештар омода мебошад. Аз ҳамин сабаб, бигзор сӯҳбатҳои Шумо як роҳи мусоид барои таҳкими робитаи байни Шумо ва фарзандатон бошад.