Рушди эҷодкорӣ дар наврасон: чиро интизор шудан мумкин аст
Бозиҳои эҷодӣ: чаро онҳо барои омӯзиш ва рушди кӯдакон муҳиманд
Бозиҳои сюжети-ролӣ (нақшбозӣ), мусиқӣ, рақс ва санъати тасвирӣ ба рушди эҷодкорӣ ва тасаввуроти кӯдакони хурдсол мусоидат мекунанд. Фаъолиятҳои эҷодӣ ба кӯдакони хурдсол кӯмак мекунанд, ки эҳсосоти худро баён кунанд. Онҳо ба кӯдакон имкон медиҳанд, то бигӯянд, ки ҷаҳонро дар атрофи худ ва ҷои худро дар он чӣ гуна мебинанд.
Бозии эҷодӣ барои ифодаи эҳсосот кӯмак мекунад. Кӯдакон на ҳама вақт медонанд, ки чаро онҳо хашмгин, ғамгин, шодӣ ё тарс доранд. Эҷодкорӣ барои тасвир ва ифода кардани ин эҳсосот бо истифода аз рангҳо, ҳаракатҳо, ифодаи чеҳра, нақш иҷро кардан, сурудхонӣ ё рақс кӯмак хоҳад кард.
Эҷодкорӣ ба кӯдакон имкон медиҳад, ки ғояҳо ва роҳҳои гуногуни иҷрои ягон корро дар амал санҷанд. Худи раванди фаъолият аз натиҷаи ниҳоӣ муҳимтар аст.
Маслиҳатҳои мо ба Шумо нишон медиҳанд, ки чӣ гуна бо фарзанди худ корҳои шавқовар ва эҷодиро оғоз кунед.
Омӯзиш ва инкишоф тавассути бозиҳои сюжетӣ-ролӣ
Нақшбозӣ барои кӯдакони хурдсол – ин тақлид кардани он чизе, ки онҳо аз дигарон дидаанд. Масалан, кӯдаки Шумо метавонад қошуқро ба гӯшаш дошта гап занад, гӯё он телефони мобилӣ бошад. Ё ӯ метавонад ашёҳоро дар сатилча ҷамъ кунад, гӯё дар мағоза бошад. Чунин бозии сюжетӣ-ролӣ тасаввуротро инкишоф медиҳад.
Эҳтимол фарзанди Шумо ҳар рӯз ба Шумо саволҳои гуногун медиҳад. Нақшбозӣ ба ӯ кӯмак мекунад, ки ба саволҳои худ худаш ҷавоб ёбад. Вай ба саволу супоришҳо мустақилона ҷавобҳои шавқовар ва эҷодкорона меёбад. Масалан, вақте фарзанди Шумо вонамуд мекунад, ки мошин меронад, ӯ бояд тасаввур кунад, ки ба куҷо меравад, бо ӯ боз кӣ дар мошин аст, чароғаки светофор сурх аст ё сабз.
Омӯзиш ва рушд тавассути санъати тасвирӣ ва ороишӣ-амалӣ
Кӯдакони хурдсол бо ангуштони худ расм кашидан, часпонидан, ранг кардани расмҳо, коғазро қат ё пора кардан ва аз гил ё пластилин суробсозиро дӯст медоранд. Кӯдаки Шумо ҳангоми ин фаъолият ҳатман худаш ва ҳама чизҳои атрофашро ифлос мекунад, ин муқаррарӣ аст ва ҳеҷ гоҳ сабаби хашмгин шудан нест. Эҷодкорӣ ба кӯдак кӯмак мекунад:
- бо эҳсосотҳои нав шинос шавад – тар, лағжонак, часпак, ноҳамвор, ҳамвор, дурушт, патдор, қирадор;
- омӯзад, ки ранг дар рӯи коғаз чӣ гуна мешавад ва маводи гуногун бо ҳамдигар чӣ гуна таъсир мекунад;
- дилпурона қаламро дар даст нигоҳ дорад ва қайчиро истифода барад – маҳорати хуби ҳаракати маҳин;
- фикрҳо, эҳсосот ё ғояҳои худро баён кунад.
Парво накунед, агар он тамом нашуда бошад ё нокомил бошад. Чизи асосӣ – процесс, такони эчодӣ, ифодаи худ ва эҷоди чизи нав аст. Кӯдаки Шумо ҳоло фаҳмидани чӣ гуна шаклҳо ва хатҳоро меомӯзад, аз ин рӯ расми ӯ метавонад ба Шумо кирмакҳоро хотиррасон кунад, аммо барои ӯ ин дарахт аст!
Омӯзиш ва инкишоф тавассути мусиқӣ
Кӯдакон гӯш кардан ва мушоҳида карданро дӯст медоранд. Онҳо махсусан бозиҳои мусиқиро дӯст медоранд. Кӯдакони хурдсол аксар вақт ҳангоми машғул будан ба бозиҳои дигар, худ ба худ оҳиста суруд замзама мекунанд.
Сурудҳо ва бозиҳои мусиқӣ як роҳи олии ифодаи худ мебошанд.
Вақте ки кӯдак суруд мехонад, ӯ ба истифодаи калимаҳо одат мекунад ва хотираашро машқ медиҳад. Хотираи ӯ ҳоло дар инкишёбӣ аст, бинобар ин ӯ дар як вақт танҳо якчанд калимаро дар хотир нигоҳ медорад. Аммо вақте ки Шумо суруд мехонед, кӯдак дӯст медорад, ки таҳти мусиқӣ ҳаракат кунад ва дар он ҷойҳое, ки калимаҳоро дар хотир дорад, суруд хонад.
Кӯдакони хурдсол асбобҳои мусиқиро дӯст медоранд, асбобҳое, ки метавонанд ларзонанд ё зада шаванд, махсусан маъмуланд. Наздик ба синни сесолагӣ, кӯдак бо боварии бештар бо Шумо бозӣ мекунад ва ба оҳанг дохил мешавад.
Омӯзиш ва инкишоф тавассути рақс
Кӯдакон дар ҳар фурсат ҳаракат ва рақс мекунанд. Онҳо рақсро чунон дӯст медоранд, ки дар атроф чизеро пай намебаранд.
Вақте ки кӯдаки Шумо рақс мекунад, дар сараш бисёр фикрҳои гуногун – хаёлот, фикрҳо ва эҳсосоти марбут ба мусиқӣ ва ҷаҳони атроф чарх мезананд.
Рақс малакаҳои ҳаракатро инкишоф медиҳад ва инчунин ҳамоҳангсозии даст ва чашм.
Кӯдак метавонад тавре ки мехоҳад, рақс кунад – роҳ равад, мувозинатро нигоҳ дорад, ҷаҳад, парад, дастонашро ҷунбонад ва пойҳояшро дар зери мусиқӣ кӯбад. Фарқ надорад, ки ӯ ба оҳанг мефарояд, аз ҳама муҳимаш хурсандӣ кардан аст!