Омӯзиши эҷодӣ ва рушди эҷодкорӣ дар кӯдакон: ғояҳо ва фаъолиятҳо
Бозиҳои эҷодӣ барои фарзанди Шумо
Кӯдакон дӯст медоранд, ки эҷод кунанд, тасаввуроти худро истифода баранд ва худро баён кунанд. Дар эҷодиёти кӯдакон чизи асосӣ эҷодкорӣ аст, на натиҷаи идеалӣ.
Бигзор кӯдак чӣ гуна, ки мехоҳад, бозӣ кунад, таваҷҷӯҳи ӯро ба ҷаҳони атроф ташвиқ кунед. Ин барои омӯзиш ва рушд муҳим аст.
Он чизе, ки кӯдак барои бозии эҷодӣ ниёз дорад, танҳо вақти кофӣ аст. Бигзор кӯдак худаш чӣ кор карданашро интихоб кунад. Баъзан шавқу ҳаваси ӯ панҷ дақиқа давом мекунад. Баъзан вай тамоми пагоҳирӯз бо шавқу завқ бозӣ карда метавонад. Вақте ки фарзанди Шумо вақти кофӣ дорад, ӯ метавонад барои худ бозиҳои гуногун пайдо кунад.
Ҳамеша фарзанди худро таъриф кунед, зеро барои ӯ чизи асосӣ – ин раванд аст, на натиҷа. Аз ин рӯ, ӯ ба қобилиятҳои худ боварӣ ҳосил мекунад ва аз хаёл кардани чизи нав наметарсад.
Фаъолияти эҷодӣ: санъати тасвирӣ ва ороишӣ
Барои бозӣ ва эҷод кардан чизҳои махсус лозим нест, ашёҳои оддӣ, ҳамарӯза кофианд – худи кӯдак хаёл карда мебарояд, ки бо онҳо чӣ кор кардан лозим аст. Инҳоянд чанд маслиҳат барои оғоз кардан:
- Барои сохтани лӯхтак ё ҳайвон аз лӯлапечи қоғазин ё зарфҳои пластикии хурд истифода бурдан мумкин аст. Лӯхтакро бо фломастер ранг кунед, бо стикерҳо, либосҳои коғазӣ, матоъ ва ҳама гуна маводи дар даст мавҷудбуда оро диҳед.
- Маводи табииро истифода баред. Барои ҷамъоварии баргҳо ба кӯча равед, сипас онҳоро ба албом часпонед, аппликатсия эҷод кунед, онҳоро ранг кунед.
- Ба фарзандатон як қуттии калони картонӣ диҳед ва бигзоред, ки онро бо қалам, ранг ва фломастер мувофиқи хоҳишаш ранг кунад. Он метавонад мошин, қатора, хона, қаиқ, ғор ва ҳар чизе бошад. Ба фарзандатон дар буридани тирезаҳо ё дарҳо кӯмак кунед.
- Аз ду лӯлаи қоғази ҳоҷатхона дурбин созед. Фаромӯш накунед, ки тасмачаро ба ду тараф часпонед. Бигзор ӯ аз тиреза ба берун нигоҳ кунад ва ҳар чизеро, ки мебинад, нақл кунад.
- Аз сарпӯшҳои пластикӣ, шаддаҳои чӯбӣ ё макарон марҷон созед. Ин метавонад як фаъолияти хуб барои кӯдакони калонтар бошад.
Ҳама чизҳоеро, ки барои эҷодкорӣ муфид буда метавонанд – қалам, стикер, зарфҳои холии хӯрокворӣ, табақи коғазӣ, сарпӯши шиша, пораҳои қоғази бастабандӣ, картонҳои тухм ва тасмачаҳоро ба қуттии махсус гузоред. Танҳо боварӣ ҳосил кунед, ки ҳама ашёе, ки ба дасти кӯдак меафтад, бехатар аст; хеле муҳим аст, ки онҳо ӯро гулӯгир ё нафасгир карда натавонанд. Мӯлчоқҳо ва халтаҳои пластикӣ барои кӯдакони хурдсол хатарноканд. Онҳоро дар ҷои дастнорас нигоҳ доред.
Фаъолияти эҷодӣ: бозиҳои серҳаракат ва рақс
Инҳоянд мисолҳое, ки кӯдаки хурдсол метавонад худро тавассути ҳаракат ва рақс баён кунад:
- Мусиқии дӯстдоштаи фарзандатонро пахш кунед. Кӯшиш кунед, ки кӯдаки худро бо намудҳои гуногуни мусиқӣ шинос кунед.
- Ба кӯдаки худ ҳамроҳ шавед! Хазед, чарх занед, ҷаҳед, аз ресмон ҷаҳед, якҷоя чарх занед.
- Ашёҳоро барои рақс интихоб кунед: тасмачаҳои зебо, матоъҳои рангоранг, қошуқ ва қуттӣ барои кӯфтан, гитараи бозича, шақшақа ё лӯхтаки дастисоз – ҳама чизеро, ки фарзанди Шумо дӯст медорад.
Идеяҳо барои бозиҳои сюжети-ролӣ
Кӯдакон нақшбозиро дӯст медоранд. Асбобҳои оддиро истифода баред, аз қабили либосҳои ғайриоддӣ, рангоранг, сумкаҳо, ороишот, чанбарак ва сарсӯзан, лӯхтакҳо, бозичаҳо, сатилҳо ва тӯбҳо. Кӯдаки Шумо метавонад:
- лӯхтакчаро хобонад;
- уребчаҳоро барои бозичаҳо иваз кунад;
- барои кор ҳамчун модар, падар, муаллим, духтур ё ронандаи мошини боркаш либос пӯшад;
- барои харид кардан, саёҳат ё кор борхалтаҳо ҷамъ кунад;
- поезди хаёлиро идора кунад;
- мошин ё бозичаи дӯстдоштаи худро шӯяд.
Бозиҳо бо мусиқӣ ва садоҳо
Бозиҳои мусиқиро ба одат табдил диҳед. Ба фаъолиятҳо ва бозиҳои оддӣ мусиқӣ илова кунед.
Инҳоянд баъзе идеяҳо барои оғоз кардан:
- Ҳангоми иваз кардани уребча, оббозӣ доштани кӯдак, дар мошин саёҳат кардан, шеърчаҳои оддии кӯдаконаро хонед ё худ сурудҳои аҷоиб эҷод кунед.
- Ҳамроҳи фарзандатон суруд хонед, аммо интизор нашавед, ки ӯ метавонад бо Шумо дар як овоз суруд хонад ё дарҳол ба оҳанг афтода бошад. Ба ӯ мисраи аввали шеърчаи кӯдаконаро хонед ва вақт диҳед, ки боқимондаашро сарояд.
- Кӯдаки Шумо аз бозӣ кардан, садо додан ва навохтани мусиқӣ бо асбобҳои худсохт ва харидашуда лаззат мебарад. Ба ӯ номи асбобҳоро гӯед, нишон диҳед, ки кадом садоҳоро бароварда мешавад.
- Шеърчаҳо ва сурудҳои анъанавии кӯдаконаро аз ёд кунонед.
- Ба фарзандатон чизе диҳед, ки ба он бо шодӣ кӯфта шавад – зарфи пластикӣ, тағорача, қуттии ҷарангосӣ ё аз зарфи пластикӣ ба дохилаш дона ё нахӯд андохта маракас тайёр кунед. Кӯшиш кунед, ки ҳамаи ин асбобҳои мусиқиро истифода баред, то ба оҳанги мусиқӣ дохил шавед.