Бозӣ дар ҳавои тоза
Чаро бозӣ кардан дар ҳавои тоза муҳим аст
Бозӣ дар ҳавои тоза ба фарзанди Шумо имкон медиҳад, ки муҳити атрофро омӯзад ва саргузашт дошта бошад. Вай метавонад бозӣ кунад, қобилиятхои ҷисмонии худро санҷида, худро нишон диҳад ва боварии худро мустаҳкам намояд.
Дар ҳавои тоза бозӣ кардан маънои бештар ифлос шуданро дорад - ва ҳар қадаре ки Шумо ифлос шавед, ҳамон қадар шавқовартар мешавад!
Вақте ки кӯдаки Шумо дар кӯча аст, ӯ фазои бештар ва озодии ҳаракат дорад - ӯ метавонанд давад, ҷаҳад, пой кӯбад ва гурезад. Чунин бозиҳои фаъол барои саломатӣ, шакли ҷисомнӣ ва рушди кӯдаки Шумо хуб мебошанд.
Вақти дар ҳавои тоза гузаронида эҳтимолияти инкишофёбии наздикбиниро дар кӯдак коҳиш медиҳад. Инчунин хуб аст, ки ҳангоми андешидани чораҳои эҳтиётӣ каме дар зери нурҳои офтоб бошед - каме таъсир кардани нури офтоб метавонад сатҳи витамини D-ро дар организми Шумо афзоиш диҳад.
Чӣ тавр кӯдаки худро ба бозӣ дар ҳавои тоза ҷалб кардан мумкин аст: ғояҳо
Тавсия дода мешавад, ки кӯдаки худро ташвиқ кунед, то ки дар як рӯз якчанд маротиба дар кӯча бозӣ кунад.
Барои сайругашт кардан, махсусан агар дар назди хонаи Шумо майдони кушод мавҷуд бошад, кӯшиши зиёд лозим нест. Ва вақте ки кӯдакон калон мешаванд, Шумо бояд ӯро танҳо ба берун фиристед ва бигзоред, ки худаш бозиҳо фикр карда барорад. Аммо, вақте ки кӯдакони хурдсол дар кӯча бозӣ мекунанд, онҳо ба кӯмаки Шумо эҳтиёҷ доранд, то онҳоро аз хатар эмин бошанд.
Бештари кӯдакони хурдсол "ёрӣ расонданро" дӯст медоранд. Ҳамин тавр, бозӣ дар ҳавои тоза метавонад кор бо фарзанди Шумо ва иҷрои корҳои ҳаррӯзаро дарбар гирад, аз ҷумла хишова кардан, рӯбучини ҳавлӣ, об додани сабзавот ё овехтани либос барои хушк шудан дар ресмон шуда метавонанд.
Вақт ҷудо кардан барои боздид аз боғи маҳаллӣ, варзишгоҳ ё майдони бозӣ метавонад як роҳи арзон ва осон бошад, хусусан агар Шумо ҳавлӣ надошта бошед. Кӯдаки Шумо барои давидан ва бозӣ кардан бо кӯдакони дигар ҷойи боз ҳам бештар хоҳад дошт.
Дар роҳ ба сӯи боғ Шумо метавонед бо фарзандатон қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии пиёдагардонро омузонед. Ҳатто бачагони хурдсолро ҳам аз аробача бароварда, каме роҳ равондан мумкин аст. Якҷоя сайругашт кардан ба фарзандатон нишон медиҳад, ки Шумо низ дар берун буданро дӯст медоред ва аз он ҳаловат мебаред. Шумо инчунин метавонед вақтро дар кӯча бо тарзҳои дигар, масалан савори велосипед ё скутер шудан гузаронед.
Вақте ки фарзанди Шумо калонтар мешавад, ӯро ба машғулиятҳо дар ҳавои тоза, ба монанди сексияи варзишии кӯдакон ҷалб намоед.
Бозӣ дар ҳавои тоза барои кӯдакони синну соли гуногун
Бозӣ дар ҳавои тоза ба кӯдаки Шумо кӯмак мекунад, ки дар бораи муҳитҳои гуногун маълумот ва худро бо муҳити атроф бароҳат ҳис кунад. Якчанд ғояҳо оид ба бозӣ кардан бо кӯдаки худ дар ҳавои тоза :
- ӯро дар болои курпа, дастмол ё курпача ба шикам хобонед;
- бигзор вай дар болои алаф, дар зери нишастгоҳҳо ё аз байни қуттиҳои кӯҳна хазида ҳаракат кунад;
- харакати баргу шохахои дарахтонро тамошо кунед, сурудхонии паррандахоро гуш кунед;
- ба мошинҳои рангоранг, аломатҳои роҳ ё чароғакҳои роҳнамо нигаред.
Ба кӯдакони калонтар омӯхтани муҳити атроф ва санҷидани қуввату малакаҳои худ дар иҷрои ягон амал шавқовар мебошад. Бозӣ дар ҳавои тоза барои кӯдаки Шумо метавонад бошад:
- тӯбро партофта, аз паси он давидан;
- бозичаҳо ва ашёҳои гуногунро ғелондан, тела додан ё кашидан;
- сайр кардан ва давидан дар атрофи дарахтҳо, аз болои сангҳо ё тарқишҳои фарш ҷаҳидан аз кӯлчаҳо ё ашёҳои ба шумо маъқул;
- ҳубобчаҳоро бод кардан ва ҳангоми парвоз кардани онҳо аз паси онҳо давидан;
- дар қум, лой ё каме об бозӣ кунед - аммо ҳамеша аз бозӣ бо об эҳтиёт шавед, то фарзандатон ғарқ нашавад.
Кӯдакони синни томактабӣ бо дигар кӯдакон бозӣ карданро ёд мегиранд. Онҳо инчунин орзу карданро дӯст медоранд. Шумо метавонед ба фарзандатон кӯмак расонед, ки аз ин марҳилаи ҳаёти худ бештар истифода барад, ба онҳо ғояҳо барои бозӣ дар ҳавои кушодро пешниҳод кунед. Масалан, Шумо метавонед, иҷро кунед:
- бозӣ кардан, пинҳон шудан ва ё партофтани тӯб ба ҳамдигар;
- аз байни «нақбҳо» хазида гузаштан ё ба болои дарахтони афтида баромадан;
- баргҳои рангоранг, гулҳо, рӯймолҳо ё лентаҳоро алвонҷ додан;
- аз қуму лой бо истифода аз қолабҳо «кулча пухтан»;
- якҷоя ба сайри табиат рафтан ва ҳар садоеро, ки мешунавед, тахмин кардан, ки садои чӣ аст;
- аз қуттиҳо, сабадҳои ҷомашӯӣ ё ҷевонҳое, ки дар боғ ҳастанд ё ҳар чизе, ки Шумо метавонед бо онҳо дар берун бозӣ кунед, хона созед.
Кӯдаки синни мактабии Шумо ба бозиҳои қоидавӣ, аз ҷумла варзиш таваҷҷӯҳи бештар пайдо мекунад, аммо ба ҳар ҳол муҳим аст, ки ӯ барои иҷро намудани бозиҳои озодона дар ҳавои тоза вақт дошта бошад. Дар ин синну сол кӯдакон дӯст медоранд:
- бо асбобу анҷом, мебел ё дигар чизҳое, ки дар кӯча пайдо мекунанд ягон чиз созанд;
- бозӣ кардан, пинҳон кардан ё дастгир кардан;
- ба дарахт баромадан.
Борон ё барф маънои онро надорад, ки Шумо ва фарзандатон бояд дар хона бимонед - дар асл, он метавонад хаёлот ва эҷодиёти кӯдаки Шуморо ба вуҷуд орад. Шумо метавонед кӯшиш кунед, ки бо чатр ва куртаҳо сайр кунед, пас аз борон шино кардани баргҳоро тамошо кунед ва аз болои кӯлчаҳо бо мӯзаҳои резинӣ ҷаҳед.
Зарбхӯрӣ ва кабудшавӣ ҳангоми бозӣ кардан дар кӯча
Агар кӯдаки Шумо ҳангоми бозӣ кардан дар кӯча осеб бинад ин як чизи муқаррарӣ мебошад. Баъзан фарзанди Шумо да вақти барои худаш ягон чизи навро санҷидан метавонад ба ҳаяҷон ояд. Ин дар вақти иҷро намудани бозиҳои кӯчагӣ як амали муқаррарӣ буда он набояд барои дар кӯча бозӣ кардани кӯдак монеа шавад.
Дар кӯча кӯдаки Шумо метавонад ҳудуди бозиро васеъ намояд, зеро ӯ мехоҳад тезтар давида, баландтар барояд ва дуртар ҷаҳад.
Ин метавонад боиси афтидан, харошидан ё гиря кардани кӯдаки Шумо оварда расонад, аммо "бозии хатарнок" ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад, ки аз хатогиҳо биомӯзад ва зуд даст кашад.
Кӯдаконе, ки дар ҳавои тоза камтар бозӣ кунанд, бо эҳтимоли зиёд дар мавриди дар оянда бозӣ кардан дар берун осеби ҷиддӣ мебинанд.