Сайру гашт бо кӯдак дар фасли тобистон
Кӯдакони навзодро аз рӯзи 15-уми ҳаёт бо назардошти тавсияҳои муайян ба берун барои сайру гашт баровардан мумкин аст. Ҳангоми аз 35 дараҷа боло будани ҳарорати ҳаво бо кӯдак аз хона берун наравед. Дар ҳавои кушод будан ҳолати умумии кӯдак, рӯҳия, хоб, иштиҳо, муқовимат ба сироятҳоро беҳтар мекунад
Body
Ҳавои гарм барои сайру гашти кӯдаки шумо комилан мувофиқ аст, аммо танҳо агар шумо ӯро ба офтоб омода кунед. Дар моҳҳои гарм тавсия дода мешавад, ки бо кӯдак саҳарӣ то соати 11:00 ё баъд аз нисфирӯзӣ, пас аз 17:00 сайру гашт кунед.
- Либоси кӯдак бояд аз матои пахтагини барои муҳофизат аз офтоб мувофиқ ва ҳарчи бештар рангҳои равшан бошад.
- Ба сари кӯдак бояд кулоҳи аз матои табиӣ тайёр карда шуда пӯшонида шавад.
- Нури офтоби на он қадар равшан ба синтези витамини D3 мусоидат мекунад, ки барои ташаккули устухонҳо, дандонҳо ва устувории системаи масуният муҳим аст.
- То синни 6 моҳагӣ ба пӯсти кӯдакон малҳами муҳофизатии зиддиофтобӣ намемоланд. Агар кӯдак аз 6 моҳа калон бошад, ба ҷойҳои бадан, ки бо либос пӯшида нашудаанд, малҳами муҳофизатии зиддиофтобӣ бо омили баланди муҳофизат аз нурҳои ултрабунафш молед. 20 дақиқа пеш аз рафтан ба сайру гашт малҳами муҳофизатии зиддиофтобӣ молед, то хушк шавад.
- Барои муҳофизат кардани кӯдак аз офтоб аробачаро бо матоъ напӯшонед. Овезаи аробачаро истифода баред.
- Ҳангоми ҳарорати баланди ҳаво эҳтиёҷ ба об зиёд мешавад, аз ин рӯ кӯдаки худро зуд-зуд шир диҳед ё агар кӯдак ғизои сунъӣ хӯрад, ба ӯ бештар об диҳед.
- Тобистон вақтест, ки хомӯшакҳо бештар фаъолтаранд, аз ин рӯ, пеш аз баромадан ба кӯча кӯдаки худро муҳофизат кардан муҳим аст (бо истифода аз тӯри аробача, таҷҳизоти сайёр барои гурезонидани магасҳо ё репеллентҳои барои кӯдакон мувофиқ).