10-12 моҳагӣ – ташаккулёбии одатҳо ва пайдарҳамӣ
Инкишофи кӯдак дар давраи аз 10 то 12 моҳагӣ
Муошират
Чӣ навигарӣ аст?
Ин давраест, ки эҳтимолан аввалин калимаи воқеии кӯдаки шумо талаффуз карда мешавад. Гарчанде, ки ӯ ҳанӯз ҳам аксаран ғавғо мекунад, дар охири аввали соли ҳаёт, фарзанди Шумо эҳтимолан ҳадди аққал як калимаро (масалан “ма-ма” ё “да-да”) истифода мебарад ва мефаҳмад. Вай кӯшиш мекунад, ки бо ҳама роҳҳои имконпазир бо Шумо муоширати зиёд дошта бошад – на танҳо бо калима, балки бо ишора, ҳаракат, ишораи сар, дастафшонӣ... Агар кӯдаки Шумо ҳанӯз сухан нагӯяд, хавотир нашавед. Вай роҳи дигари ҷалби диққати Шуморо пайдо мекунад ва дар бораи чизи дилхоҳаш сӯҳбат мекунад. Вай Шуморо бештар ва бештар мефаҳмад.
Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?
Бо фарзандатон ҳангоми иҷрои маросимҳои ҳаррӯза сӯҳбат кунед – либоспӯшӣ, хӯрокхӯрӣ, сайругашт, харид... Чӣ кор карда истодаед ё дар атроф чиро мебинед, номбар намоед – ин дарс нест, балки танҳо сӯҳбат аст! Агар кӯдак кӯшиш кунад, ки сухан гӯяд, ба овозҳо ягон маънои дигар илова кунед – масалан, вақте, ки ӯ “да-да”, “ма-ма” мегӯяд, Шумо метавонед “ҳа, дада омад” ё “ҳа, модар омад” ҷавоб диҳед.). Бо ин тавр Шумо луғати ӯро васеъ мекунед ва малакаҳои муоширатии ӯро инкишоф медиҳед.
Дар ин давра Шумо мушоҳида мекунед, ки ӯ дастурҳои кӯтоҳро ба монанди “ба апаат деҳ”, “бо дастат ба ӯ хай гӯй” ё ин ки “ӯро нарас” – ро мефаҳмад. Малакаҳои нави ӯро ба таври табассум ё ин ки таъриф эътироф намоед.
Ҳиссиёт
Чӣ навигарӣ аст?
Эҳтимол аст, ки ба мисли хурдсолиаш ӯ дар назди шахси бегона ҳоло ҳам безобитагӣ нишон медиҳад. Вақте, ки Шумо аз хона мебароед, ӯ ҳанӯз ҳам метарсад ва гиря мекунад. Вобаста аз инкишофи эҳсосотии кӯдак, вай бештар талаботҳои худро дарк менамояд. Ҳамин тавр вақте, ки ӯ хубтар муошират намояд, вай дар бораи хоҳиш ва ҳиссиёти худ ба Шумо мефаҳмонад.
Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?
Агар фарзанди Шумо аз одамони нав канорагирӣ кунад, ором намудани ӯро идома диҳед. Ба ӯ таасуроти ҳаррӯза вобаста ба муҳлати муайян аз кӯдак дур шуданатон бахшед – ҳатто ҳангоми ба хонаи дигар рафта аз он ҷой овардани бозича. Бозии чашмпушакон низ метавонад, барои идора кардани ин ҳиссиёт кӯмак намояд. Ҳиссиёташ чӣ гунае, ки набошад, ба он гӯш диҳед ва кӯшиш намоед, ки хоҳишашро тафсир кунед ва эҳсосоташро бо калимаҳо баён намоед (масалан, “бачаҷон ту хаста шуди” ё “бачаҷони ман ин қошуқро гирифтан мехоҳад, биё ман ба ту онро гирифта диҳам”).
Тафаккур
Чӣ навигарӣ аст?
Дар хотир доред, ки фарзанди Шумо дар ин давра ҳамеша меомӯзад. Кӯдакон дар ин синну сол ёфтани ашёҳои пинҳоншударо дар паси кӯрпа ё коса дӯст медоранд. Инчунин кӯдак мехоҳад фаҳмад, ки ашёҳо чӣ гуна кор мекунанд, аксар вақт бо роҳи қапидан, такондан, зарбазанӣ, партофтан ё ин ки ягон чизро ба замин задан (боварӣ ҳосил намоед, ки ашё бехатар аст!). Кӯдак бо шахси калонсоле, ки ӯро нигоҳубин менамояд, бозӣ карданро дӯст медорад. Дар охири яксолагиаш ӯ метавонад, бозиро ташкил намояду, бозичаҳое, ки бо онҳо бозӣ мекунад, нишон диҳад.
Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?
Чун пештара фарзанди Шумо ҳангоми бозӣ хубтар меомӯзад. Дар қисмати “Ҳамроҳ бозӣ мекунем” Шумо машулиятҳои зиёдеро, ки ба фарзанди Шумо дар ин синну сол писанд меоянд, дарёфт карда метавонед. Ҳар як кӯдак беҳамто аст, бинобар ин ташаббуси ӯро ба инобат гиред ва интхоби бозича ва шавқу рағбати ӯро дастгирӣ намоед. Ашёҳои одии маъмулӣ ва машғулият дониш ва малакаҳои тафаккури ӯро ғанӣ мегардонанд. Китоб хонед, ҳикояҳои анъанавӣ нақл намоед, мусиқӣ навозед ё суруд хонед ва ба ӯ шеърҳои кӯдакона гуед. Бигзор ӯ китобчаҳои расмдорро варақ занад. Оббозидаронӣ ва пӯшонидан вақти беҳтарин барои нишон додани қисмҳои бадани кӯдак мебошад.
Ҳаракат
Чӣ навигарӣ аст?
Дар ин моҳҳо ҳодисаҳои наҷиб ба амал омаданд. Эҳтимол фарзанди Шумо ягон ҷоеро қапида рост меистад. Баъдтар ӯ мустақилона бархестанро кӯшиш мекунад ва эҳтимол, ки қадамҳои аввалини худро низ гузорад. Ҳамаи кӯдакон гуногун ҳастанд, аммо баъзеи онҳо дар охири ин давра ҳатто мустақилона роҳ гашта метавонанд. Бо вуҷуди ин роҳ рафтан барои кӯдакон мушкилии калон аст ва баъзеи онҳо, ки барвақт роҳ рафта буданд, метавонанд, боз ба гаваккашӣ ҳамчун воситаи осонтари омӯхтани муҳити атроф баргарданд. Ҳамзамон, кӯдак дар истифодаи дастҳо ва ангуштони худ барои омӯхтани муҳити атроф моҳиртар мешавад.
Шумо чӣ тарв кӯмак карда метавонед?
Ба кӯдак роҳ гаштанро омӯзондан лозим нест! Лекин усулҳои ҳаррӯзаи шавқоварро барои ҳаракат кардани ӯ ёбед, то ин ки мушакҳои ӯ барои ҳаракатҳои боз ҳам мушкилтар боқувват шаванд. Акнун вақте, ки ӯ роҳ меравад, тафтиш намоед, ки оё хонаи Шумо барои моҷароҷуйи хурд бехатар аст? Ҳамоҳангсозии ӯ ва истифодаи дастон низ мукаммал мегарданд. Шумо метавонед барои таҳқиқ намудани сохти ашёҳо бо расидани онҳо ё ин ки як ашёро бо дигараш задан, дар як қуттӣ ҷамъ намудан, аз он баровардан, ё ин ки аз руйи миз нонрезаҳоро ҷамъ намудан кӯмак намоед. Ба ӯ қалам диҳед, то ин ки ӯ дар қоғаз расм кашад.
Барои тарзу воситаҳои дигари дастгирии инкишофи кӯдак бо воситаи бозӣ ба қисмати “Ҳамроҳ бозӣ мекунем” гузаред.
Ташвиши падару модар оид ба инкишоф дар давраи аз 10 то 12 моҳагӣ
Азбаски ҳар як кӯдак ба таври мухталиф рушд мекунад, бинобар ин дақиқ пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки кай ва чӣ гуна фарзанди Шумо маҳорати муайянро аз худ мекунад. Маҳоратҳои интизорӣ ва номбаршуда дар ин давра (давраҳои инкишоф) танҳо тасаввуроти умумӣ дар бораи тағйироте Шумо бо калоншавии фарзандатон умедвор ҳастед, медиҳанд. Хавотир нашавед, агар рушди кӯдак каме дигар хел равад.
Аммо агар Шумо дар фарзандатон яке аз аломатҳои зерини ақибмонӣ мушоҳида намоед, агар фарзанди Шумо баъзе малакаҳоро гум кардааст, ки дар хурдсолиаш дошт ё ин ки дигар сабабҳое ҳастанд, ки Шуморо хавотир месозанд, барои мутмаин шудан ҷиҳати инкишофи дурусти фарзандатон ба табиби оилавӣ муроҷиат намоед:
- фарзандатон ба чашматон нигоҳ намекунад ва ё бо чашмаш аз пайи ашёҳои ҳаракаткунанда пайгирӣ намекунад
- ба овозҳо эътино намекунад
- ба номи худ, ҳангоми ҷеғ задан эътино намекунад
- кӯдакона гап намезанад
- кушиш намекунад, ки хоҳишҳо ва талаботҳои худро ба Шумо баён кунад
- ба ашёҳо ишора намекунад
- эҳсосот баён намекунад
- гавак намекашад.
Reference:
https://raisingchildren.net.au/babies/development/development-tracker-3-12-months/10-11-months
https://raisingchildren.net.au/babies/development/development-tracker-3-12-months/11-12-months
Laura E. Berk (2006), Child development (7ht edition), Allyn & Bacon
Dr sci Nirvana Pištoljević (2016), Rani razvoj deteta: šta treba znati, Udruženje pedijatara Srbije, Beograd.