Бозгашт ба кор пас аз таваллуд кардани кӯдак: 15 маслиҳат
Бозгашт ба кор
1. Пеш аз бозгашт ба кор ҳама чизро ба нақша гиред
Фикр кунед, ки ҷадвали нави Шумо чӣ гуна хоҳад буд ва худи ҳозир барои осон кардани гузариш ба ҷадвали мазкур - аз ҷумла кӯшиши ташкил кардани реҷаи нави ҳаррӯзаи фарзандатон ё пайдо кардани доя, чӣ кор карда метавонед. Пешакӣ фикр кунед, ки кӯдак бо кӣ меистад, кай Шумо дар ҷойи кор меравед ва кӯдак чӣ гуна нигоҳубин карда мешавад.
2. Дар бораи роҳҳои зуд омода кардани ғизо фикр кунед
Шумо метавонед дар як вақт якчанд маротиба пухтан ва пасмондаҳоро барои оянда ях кунед. Вебсайтҳои пухтупаз аксар вақт барои тамоми оила дастурҳои зуд ва осон доранд.
3. Кӯшиш кунед, ки ба масъалаҳои корӣ дар хона машғул нашавед
Ҳоло, ки Шумо дар хона камтар ҳастед, вақте, ки Шумо бо фарзандатон сарф мекунед, бояд ба таври пурра истифода бурда шавад. Барои ҳамин ҳалли масъалаҳои корӣ, аз ҷумла тафтиши паёмакҳо, ҷавоб додан ба почтаи электронӣ ва зангҳоро маҳдуд намоед.
4. Кореро, ки бегоҳ имкони анҷом додани онро доред, ба саҳар нагузоред.
Агар бегоҳ либос ва хӯроки шом омода созед, пагоҳирӯзӣ ташвишатон камтар мешавад.
5. То ҳадди имкон ба реҷаи ҳаррӯза риоя намоед
Агар дар оила ягон тартиб вуҷуд дошта бошад, кӯдакон медонанд, ки чӣ онҳоро интизор аст ва ин ба рафтори онҳо низ таъсири мусбӣ мерасонад. Ҳаёти оилавӣ бештар бо тартиб мешавад ва ин изтиробро камтар мекунад.
6. Бо мурабии фарзандатон дар тамос бошед
Ин изтироби Шумо ва кӯдакатонро камтар мекунад. Илова бар ин, Шумо огоҳ хоҳед шуд, ки кӯдак чӣ кор мекунад ва чиро меомӯзад. Ба муррабӣ иброз намоед, ки Шумо кори ӯро то чӣ андоза қадр мекунед.
7. Фикр кунед, ки дар ҳолати зарурӣ боз кӣ метавонад кӯдакро нигоҳубин кунад
Бо доштани нақша барои ҳолатҳои ғайричашмдошт, Шумо метавонед камтар дар ташвиш бошед ва безобита шавед. Шумо метавонед, ки камтар дар ин бора фикр карда хавотир шавед. Хеле муҳим аст, ки Шумо ягон шахси боваринок дошта бошед, ки дар мавриди ягон чизро хоҳиш кардани Шумо ӯ метавонад зуд ба Шумо кӯмак намояд. Ин шахс метавонад аз хешовандон ё дӯстони Шумо бошад.
8. Нақшаи чорабиниҳоро дар ҳолати бемор шудани кӯдак таҳия кунед
Кӯдаконе, ки ба боғча мераванд, аксар вақт бемор мешаванд. Аз ин рӯ, Шумо бояд дар мавриди рӯй додани чунин ҳолатҳо нақшае дошта бошед. Фаҳмед, ки оё яке аз волидайн метавонад вақти корашро иваз кунанд ё дар вақти бемор будани кӯдак аз хона истода кор кунанд. Интихобан, Шумо метавонед ягон каси дигареро пайдо кунед, ки дар ҳолати ғайричашмдошт ба Шумо кӯмак расонад.
9. Имкониятҳои истироҳат ва оромшавиро пайдо кунед
Ин ба паст кардани сатҳи изтироб ва беҳтар кардани некӯаҳволии умумӣ мусоидат мекунад. Агар Шумо бо нақлиёти ҷамъиятӣ ба ҷои кор равед, метавонед дар ин вақт китоб хонед ё мусиқӣ гӯш кунед. Дар вақти танаффуси нисфирӯзӣ дар боғи истироҳатӣ сайругашт кунед, мағозаҳоро тамошо кунед, ба толори варзишӣ равед, бо дӯстатон қаҳва нӯшед ё китоб хонед - аз вақти барои худатон ҷудокарда лаззат баред.