Сӯҳбат ва муошират бо кӯдаки хурдсол: чиро бояд интизор шуд ва чӣ гуна кӯмак кард
Суханронии кӯдак: чиро интизор бояд шуд
Дар давраи кӯдакӣ нутқи кӯдаки Шумо босуръат инкишоф меёбад - ӯ аз истифодаи алоҳидаи калимаҳо ба сохтани ҷумлаҳои оддӣ мегузарад. Кӯдаки Шумо инчунин дархостҳои оддиро, аз қабили "Китобатро ба ман биёр" ё "Ба ман хай-хай гӯй" мефаҳмад ва иҷро мекунад.
Кӯдакони хурдсол аксар вақт калимаҳои кофӣ надоранд, то эҳсосоти қавиро изҳор кунанд ё дар бораи таассуроти душвор нақл кунанд. Бо кӯмаки Шумо, кӯдак истифодаи калимаҳоро барои беҳтар муошират кардан, меомӯзад.
Кӯмак ба кӯдакони хурдсол ба гап задан ва муошират
Ба Шумо лозим нест, ки ба кӯдак гап заданро "омӯзонед". Вай ҳангоми муоширати ҳамарӯза, махсусан бо Шумо, ёд мегирад.
Вақте ки Шумо бо кӯдак вақт мегузаронед, муҳим аст, ки ба ӯ бодиққат мушоҳида намоед ва пайхас кунед, ки ӯ ба чӣ таваҷҷӯҳ дорад. Шумо метавонед шарҳ диҳед ё савол диҳед ва ба фарзандатон вақт диҳед, то ҷавоб диҳад. Масалан, агар кӯдаки хурдсол ба гамбӯсак дар боғ ишора кунад, Шумо метавонед гӯед: «Бубин, ин гамбӯсак сабз аст. Ӯ чӣ кор мекунад?”. Сипас интизор шавед ва бинед, ки кӯдак чӣ гуна муносибат мекунад.
Дар чунин лаҳзаҳо ба кӯдак вақт диҳед, то калимаҳоро барои баён намудани фикри худ пайдо кунад. Муҳим аст, ки пурсабр бошед ва ба ҷои он ки ба ҷои фарзандатон ҷавоб диҳед, сухани ӯро гӯш кунед.
Вақте ки фарзанди Шумо ҷавоб медиҳад, нишон диҳед, ки Шумо дар ҳақиқат ӯро гӯш мекунед. Барои ин, ба чашмони ӯ нигоҳ карда, ҷавоб диҳед, масалан: «Ба фикри ту, гамбӯсак сайру гашт мекунад? Бале, бин, ки он чӣ гуна хазида рафт!”. Вақте ки Шумо ин корро мекунед, Шумо нишон медиҳед, ки он чизе, ки фарзанди Шумо мегӯяд, барои Шумо муҳим аст.
Ин муоширати оддӣ ва пурмазмун фарзанди шуморо ташвиқ мекунад, ки бештар гап занад ва калимаҳои бештарро истифода барад.
Ба кӯдакон кӯмак мерасонем, ки ифодаи чеҳра, имову ишора ва эҳсосотро ба калима табдил диҳанд
Дар синни барвақтӣ, кӯдакон аксар вақт забони баданро барои баён кардани фикрҳо ва эҳсосоти худ истифода мебаранд. Масалан, кӯдак метавонад либосҳои шуморо кашад, то ӯро бардоред, сарашро ҷунбонад, ба чизе, ки мехоҳад, ишора кунад ё даст дароз кунад.
Ин вақти хубест барои ташвиқи кӯдак ба истифодаи калимаҳо. Шумо метавонед ин корро тавассути такрор кардани он чизе, ки ба фикри Шумо, фарзандатон гуфтан мехоҳад иҷро кунед. Масалан: «Ту гурусна менамоӣ. Себ мехоҳӣ?"
Шумо метавонед ба фарзандатон сӯҳбат кунед ва фаҳмонед, ки чӣ тавр калимаҳо, эҳсосот, ифодаи чеҳра ва имову ишораҳо бо ҳам алоқаманд мебошанд. Масалан: «Ташаккур ба ту барои нишон додан, ки ранг рехтааст. Мебинам, ки ту аз безеб шудани расмат хафа шудӣ.”. Ин ба кӯдак кӯмак мекунад, ки эҳсосоти худро бо калимаи "хафа" алоқаманд кунад.
Фаҳмидани эҳсосот ва дар бораи онҳо гап задан – қадамҳои муҳим дар роҳи худтанзимкунӣ мебошанд.
Чӣ тавр кӯдакро ба гап задан водор бояд кард
Инҳоянд чанд маслиҳатҳои амалии ҳаррӯза барои кӯмак ба кӯдакатон дар гап задан ва омӯхтани калимаҳои бештар:
- Якҷоя хонед ва афсонаҳо нақл кунед. Афсонаю ҳикояхое, ки ритм, қофия ва расмҳои рангоранг доранд, аксар вакт шавқу ҳавас ва диққати тифлро ба худ мекашанд.
- Бо фарзанди худ сурудҳо ё шеърҳо хонед. Ин ба ӯ кӯмак мекунад, то ин ки садои гуногун доштани калимаҳоро аз худ кунад.
- Вақте ки Шумо бо кӯдак бозӣ мекунед, калимаҳоро барои тасвир кардани ҳодиса истифода баред, ба монанди "Тӯбро ба модар парто" ва "Ту тӯбро доштӣ!"
- Ба фарзандатон бо истифода аз калимаҳо ва ашёҳо имконияти интихоб диҳед. Масалан, Шумо метавонед ду ҷуфт пойафзол гиред ва гӯед: «Мо ба кӯча меравем. Ту пойафзоли сурх пӯшидан мехоҳӣ ё кафшҳои кабуд?»
- Вақте ки кӯдак феълҳои “бофтааш”-ро истифода мебарад, ба монанди “мама кардӣ”, бо истифода аз шакли дурусти калима ҷумларо такрор кунед. Масалан: «Бале, хӯрок хӯрдӣ».
- Вақте ки кӯдак ибораҳои оддиро истифода мебарад, ба монанди "Саг, рав" ё "Падарҷон, ин ҷо биё", калимаҳоро ба кӯдак бо ибораҳои пурра такрор кунед. Масалан, "Ту мехоҳӣ, ки падар сагро пеш кунад?"
Маслиҳатҳо барои кӯмак ба кӯдакон дар фаҳмидани калимаҳо
Мо аксар вақт фаромӯш мекунем, ки кӯдакон ҳар як гуфтаҳои моро намефаҳманд. Инҳоянд чанд маслиҳатҳо дар барои расонидани кӯмак ба кӯдак, вақте ки ӯ суханони шуморо намефаҳмад:
- Кӯшиш кунед, ки як чизро бо роҳҳои гуногун гӯед. Масалан: "Бозичаҳоро дар қуттӣ гузор" ё "Ана қуттӣ. Бозичаҳоро дар он гузор."
- Кӯшиш кунед, ки чизҳоро бо ҳамон як калимаҳо тасвир кунед. Агар Шумо ҳамон калимаҳоро такрор кардан гиред, фарзандатон онҳоро мефаҳмад. Масалан, вақте ки Шумо дар бораи либосе, ки кӯдак мепӯшад мегӯед, Шумо ҳамеша метавонед калимаи "курта" -ро истифода баред.
- Вақте ки ба Шумо лозим аст, ки ба кӯдак дастур диҳед ё хоҳиш кунед чизеро иҷро кунад, онро бо калимаи оддӣ гӯед ва зиёда аз ду вазифаро надиҳед — масалан, «Сарпӯши фломастерҳоро пӯш. Баъд фломастерҳоро дар қуттӣ гузор."
Агар кӯдаки Шумо имову ишораҳоро, ба монанди, ҷунбондани сар, бо ангушти худ нишон додан, истифода набарад, ё барои муошират сухан истифода набарад, ба мутахассис муроҷиат кунед.