Муносибатҳои муштарак ва инкишофёбии кӯдак
Чаро муҳаббат ва ғамхорӣ дар муносибат муҳиманд?
Инкишофи кӯдаки хурдсол аксар вақт аз он вобаста аст, ки ӯ муҳити атрофро чӣ гуна дарк ва ҳис мекунад. Тавассути муошират бо дигарон, кӯдакон фаҳмидан, муошират кардан, фикр кардан, идора намудани эҳсосоти худ ва рафтори дуруст дар ҷомеаро меомӯзад.
Асоси муносибати байни калонсолон ва кӯдакон дар он аст, ки кӯдак метавонад фикри худро бо воситаи гиря кардан, хандидан ва пурсидани саволҳо баён кунад ва баъдан дар шакли оғӯш кашидан, табассум кардан ё изҳороти шифоҳӣ аксуламал қабул намояд. Кӯдак ба муошират бо калонсолон шавқманд аст, зеро ба шарофати ин ӯ маълумоти нав ва муҳимро дар бораи муҳити атроф ва чӣ гуна дар он зистанро меомӯзад.
Кӯдаки худро мушоҳида кунед, кӯшиш кунед, ки сигналҳои муоширатии ӯро таҳлил намоед ва ӯро дастгирӣ кунед. Дар давоми соли аввали ҳаёт фарзандатон бо Шумо бо воситаи гиря, қиёфа ва имову ишораҳои оддӣ муошират мекунад. Масалан, сарашро ҷунбондан розигӣ ё норозигӣ будани ӯро нисбат ба ягон чиз нишон медиҳад.
Малакаҳои муоширатиро дар ҳолатҳои гуногуни ҳаёт мустаҳкам намоед. Масалан, ҳангоми хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ Шумо метавонед ба фарзандатон имтиёзи интихоб намуданро пешниҳод кунед: "Оё ту пюре ё творожок хӯрдан мехоҳӣ?". Кӯдак ба хӯроки дилхоҳ ишора мекунад ва бо ишораи ризоият интихоби худро тасдиқ мекунад. Чунин муносибат нисбат ба фарзанди Шумо таваҷҷӯҳ ва муҳаббати Шуморо нишон медиҳад ва ба ӯ дар инкишофу омӯзиши малакаҳои нав кӯмак мекунад.
Бо фарзанди худ вақти бештар сарф карда дар оғоз намудани муносибат бо ӯ ташаббус нишон диҳед ва муносибатро нигоҳ доред. Бо шарофати ҳасосӣ ва таваҷҷуҳи худ, Шумо метавонед бо кӯдаки худ робитаи қавӣ барқарор кунед.
Ҳамроҳи Шумо кӯдак худро дилпур эҳсос мекунад ва дар омӯхтани муҳити атроф худро бехатар ҳис мекунад. Фарзандатонро дар ҷустуҷӯи донишҳои нав рӯҳбаланд ва дастгирӣ карда, таҷрибаи шахсии худро бо ӯ мубодила кунед.
Ба роҳ мондани муносибатҳои бармаҳали устувор байни кӯдак ва калонсолони наздик ба рушди кӯдак дар соҳаҳои гуногун, инчунин ташаккули симои мусбати худ мусоидат мекунад.
Муносибатҳои Шумо бо дигарон
Инсон - шахси иҷтимоӣ аст ва ӯ дар ҷомеа зиндагӣ мекунад. Бояд дар хотир дошт, ки на танҳо муносибат бо Шумо рушди фарзандатонро муайян мекунад. Вақте кӯдак мебинад, ки Шумо чӣ гуна рафтор мекунед ва бо одамони дигар муошират мекунед, ӯ бо мурури замон рафтори Шуморо тақлид мекунад. Кӯшиш кунед, ки дар рафтор ва муносибат бо фарзандатон намунаи ибрат бошед.
Чаро бозӣ муҳим аст?
Дар солҳои аввали ҳаёт усули асосии таълим ва инкишоф додани кӯдак бозӣ мебошад.
Раванди бозӣ ба кӯдак лаззат мебахшад ва ба ӯ имкон медиҳад, ки таҳқиқ, мушоҳида, таҷриба, ҳалли мушкилот ва аз хатогиҳои худ ибрат гирад. Барои ин, ӯ ба дастгирӣ ва рӯҳбаландӣ аз тарафи Шумо ниёз дорад. Барои калонсолон муҳим аст, кӯшиш кунанд, ки дар байни кӯмак кардан ба кӯдак ва додани имкони хато кардан мувозинат пайдо кунанд, зеро дарки мустақилонаи ҷаҳон як ҷузъи муҳими тарбияи кӯдак аст.
Бо фарзандатон бозӣ кунед, муошират кунед ва ӯро гӯш кунед! Вақти ҳамроҳ гузарондаи Шумо ба кӯдак барои аз худ кардани малакаҳои барои ҳаёт зарурӣ кӯмак мекунад.
Дар хотир доред, ки бозӣ як воситаи олии эҷод намудани муносибат аст.
Бозӣ ва муносибатҳо дар амал: мисоли "Аҷи - аҷи "
Бозии оддии "Аҷи - аҷи "- як намунаи олии чӣ тавр бо кӯдак барқарор кардани муносибат ва инкишоф додани ӯ дар тамоми соҳаҳо мебошад.
Вақте ки Шумо бо кӯдак бозӣ мекунед, Шумо рӯи худро бо дастонатон пинҳон мекунед ва боз мекушоед. Дар ин лаҳза, фарзандатон эҳтимол дастҳояшро дароз карда табассум мекунад. Ин усулест, ки фарзандатон ба шумо хабар медиҳад: “Ман мехоҳам идома диҳам! Ман хурсандам!" Шумо такрор ба такрор бозӣ мекунед ва кӯдаки Шумо хушҳол мегардад. Аммо пас аз муддате ӯ метавонад аз бозӣ кардан даст кашад. Бо ин амал ӯ изҳор менамояд, ки бозӣ кофӣ аст ва вақти танаффус расидааст.
Мисоли бозии « Аҷи - аҷи » гувоҳӣ медихад, ки кудак тайёр аст ташаббуси Шуморо дастгирӣ кунад, вай ба Шумо дилбастагӣ дорад ва ба муошират майл дорад. Дилбастагии боэътимод - асоси рушди иҷтимоӣ ва эҳсосии кӯдак мебошад.
Дар давоми бозии мазкур, кӯдак муошират карданро ёд мегирад. Ӯ ба Шумо нигоҳ мекунад, дастонашро дароз карда табассум мекунад. Вақте ки Шумо ба кӯдак ҷавоб медиҳед, Шумо ӯро ташвиқ мекунед, ки муоширатро идома диҳад.
Бозии “Аҷи - аҷи” тафаккур ва худтанзимкунии фарзанди Шуморо ташвиқ мекунад, зеро ӯ интизор шуданро ёд гирифта мефаҳмад, ки пас аз пинҳон шуда баъд аз нав пайдо шудани Шумо чӣ мешавад.
Илова бар ин, вақте ки кӯдак хиҷил мешавад ва дастонашро ба сӯи Шумо дароз мекунад, ӯ малакаҳои ҳаракатӣ ва иҷтимоиро инкишоф медиҳад.
Агар Шумо сигналҳои кӯдакро дуруст таҳлил намоед, новобаста аз он, ки хоҳиши ӯ ин дархост барои идома додани бозӣ ё истироҳат кардан аст, кӯдак мефаҳмад, ки ба Шумо бовар кардан мумкин аст. Ба шарофати ин, ӯ эҳсоси бехатарӣ ва мухофизат намуда дарк мекунад, ки ӯро дӯст медоранд. Эҳсоси бехатарӣ, дар навбати худ ба кӯдак боварӣ мебахшад, ки муҳити атрофро шиносад.
Ин як мисоли бозии оддиест, ки барои муошират, тафаккур, ҳаракати кӯдак, инчунин рушди иҷтимоию эҳсосии кӯдак замина мегузорад.
Муносибат: манфиат барои ҳаёт
Муоширати меҳрубононаи байни Шумо ва фарзандатон ба ташаккули эътимод ба худ, далерӣ ва малакаҳои байнишахсии вай мусоидат мекунад.
Чунин муносибатҳо кӯдакро ба ҳаёти минбаъда омода мекунанд, яъне онҳоро барои ҳалли мушкилот, бартараф кардани стресс ва ташаккули муносибатҳои солим бо одамони дигар дар давоми наврасӣ ва калонсолӣ омода мекунад.
Дилбастагии устувор ва муносибатҳои меҳрубона дар синни бармаҳал барои солимии равонии кӯдак дар давоми умри ӯ замина мегузорад.