Робита бо кӯдаки навзод ва кӯдакони хурдсол: дар расмҳо

Алоқа- ин муносибати наздики эҳсосотӣ байни волидайн ва фарзандони онҳо мебошад. Шумо метавонед ин алоқаро ба воситаи мулоқоти ҳамарӯза барпо намоед. Барои маълумоти бештар ба тасвирҳои зерин нигаред!
Body

Робита тавассути ба оғӯш гирифтан, тамос ва қиёфаи чеҳра

Падар кӯдаки худро ба оғӯш мегирад.

Кӯдакро ба ҷониби чапи сина гузоред, то ин  ки ӯ садои дили Шуморо шунавида тавонад. Ин барои робита бо кӯдаки навзод хуб мебошад, чунки ин ҳолат кӯмак мекунад, ки кӯдак худро дар бехатарӣ эҳсос намояд.

Алоқаи пӯст ба пӯст

Алоқаи пӯст ба пӯст  ба мисли маҳси кӯдакона кӯмак мерасонад, ки худро дар бехатарӣ эҳсос  намояд. Ҳамеша ласмкунии оромкунандаро истифода намоед.

Ба чашмони кӯдакатон нигоҳ кунед

Дар мавриди гап задан бо кӯдак ба чашмони ӯ нигоҳ карда имову ишораро истифода намоед. Ин ба кӯдак ёрӣ мерасонад, ки алоқаи байни калимаҳо ва эҳсосотро дарк намояд.

Муошират ва хониш: барои алоқаи байниҳамдигарӣ хуб аст.

Сӯҳбатҳои кӯдакона

Кӯдакон дар мавриди сӯҳбат бо шахсони калонсол ба ҷои гуфторҳои муқаррарӣ, шунидани калимаҳои мусиқимонандро дӯст медоранд. Дар мавриди гап задан бо кӯдак гуфторҳои мусиқимонандро истифода баред.

Китоб хондан 

Аз худи давраи таваллуд ба кӯдак китоб хонед ва ҳодисаҳоро нақл намоед.

Муошират бо кӯдак

Бо кӯдак дар давоми рӯз сӯҳбат намоед. Кӯшиш кунед, ки ба бозичаҳо ва ашёҳои дар гирду атрофатон буда ном гузоред. Масалан бигӯед: “ Нигоҳ кун, ин ҷӯробчаҳои ту мебошанд. Ҳоло мо онҳоро мепӯшем”.

Суруд сароидан, табассум кардан ва бозӣ кардан: ва ғояҳои бештаре барои бо кӯдак наздиктар шудан

Модар ба кӯдак суруд месарояд

Суруд сароидан – ин усули шавқовари ташаккул додани малакаҳои забонӣ дар кӯдак мебошад. Ба кӯдаки Шумо назм маъқул шуда овози Шумо ӯро ором менамояд.

Падар ба сӯи кӯдак табассум мекунад

Ба кӯдаки худ табассум намоед. Дар мавриде, ки кӯдак табассум кардани Шуморо мебинад ӯ худро хуб ҳис мекунад ва ин ба коркард намудани маводҳои кимиёвие, ки афзоиши мағзи сари кӯдакро хуб мекунанд, мусоидат менамоянд.

Модар бо кӯдак бозиҳои оддиро иҷро менамояд.

Бо кӯдак бозиҳои оддӣ, масалан бозии “ку-ку”-ро иҷро намоед. Бозӣ кардан бо кӯдак барои омӯзиши ӯ ва такмил додани малакаҳои ҳаракатӣ кӯмак мерасонад.