Барқарор намудани робитаи эҳсосии мустаҳкам бо кӯдак (синни 9-12 моҳагӣ)

Дар ин синну сол кӯдак аллакай ҷойивазкунӣ, гирифтани ашёҳои дар гирду атрофаш бударо хеле моҳирона иҷро мекунад. Ӯ усули аниқ пайдо намудааст, ки ба воситаи он ашёҳоро таҳқиқ мекунад — онҳоро тоб медиҳад, ба фарш мезанад, мепартояд, ба даҳонаш мебарад, ба ҳамдигарашон мезанад, ҷобаҷо мегузорад, ҷамъ мекунад, ба даруни қуттӣ гузошта боз мегирад.
Body

Ҳар як кашфиёти нав ба кӯдак таҷрибаи зиёди нав ва таассурот, ғоя ва эҳсосоти нав меорад. Бо вуҷуди ин, бисёр чизҳои нав метавонанд кӯдакро хаста кунанд ва ҳатто тарсонанд. Вақте ки ӯ дар ҳаяҷон аст, ба ӯ ором шудан лозим аст, танаффус кардан, фаъолиятро иваз кардан лозим аст - инҳо малакаҳое мебошанд, ки кӯдак ҳанӯз азхуд накардааст. Аз ин лиҳоз, барои Шумо хеле муҳим аст, ки бо ӯ муносибати меҳрубононаву гармро, ки ӯро ба омӯзиши минбаъда ташвиқ мекунад, нигоҳ доред ва ин ба кӯдак дар фаҳмидани ҳодисаҳое, ки дар атрофи ӯ рӯй медиҳанд, кӯмак намуда ба ором шудан ва бароҳат будани ӯ ёрӣ мерасонад. Новобаста аз ҳама тадқиқоти муҳити атроф ва таҷрибаҳои нав, робита бо Шумо муҳимтарин чиз дар ҳаёти кӯдак мебошад. Кӯдак мехоҳад ҷаҳонро бо Шумо ва дар паҳлӯи Шумо омӯзад – то ба Шумо нишон диҳад, ки чӣ кор карда истодааст ва бинад, ки шавқу рағбати ӯ барои Шумо муҳим мебошад ва Шумо мехоҳед дар ин фаъолият иштирок кунед.

Бо ин амалҳо Шумо метавонед дар ин синну сол робитаи эҳсосиро бо кӯдак мустаҳкам намоед:

  • ба ифодаи чеҳраи фарзанди худ вокуниш нишон диҳед ва ба таври шифоҳӣ баён намоед, ки ӯ чӣ гуна эҳсосоти худро изҳор мекунад. Масалан: "Оҳ, овози ин шақшақа хеле баланд аст?" Ё «Нигоҳ кун, чӣ хел хирсаки мулоим аст!» Ин ба фарзанди Шумо кӯмак мерасонад то фаҳмад ва фарқ кунад, ки чиро ҳис ва эҳсос мекунад. Ҳамдардӣ ва дарки ҷаҳон аз нигоҳи кӯдак робитаи байни Шуморо мустаҳкам мекунад;
  • мушоҳида намоед, ки кӯдак нисбати чӣ шавқ дорад, чӣ кор кардан мехоҳад ва дар ин фаъолият иштирок кунед. Ҳамеша шарҳ диҳед - бо ёрии калимаҳо гӯед, ки кӯдак чӣ кор карда истодааст. Масалан, агар ӯ ба китоб ишора кунад, Шумо метавонед гӯед: "Ин китоб аст. Китобро хондан мумкин аст. Оё мехоҳӣ, ки мо ин китобро хонем?"
  • имконият диҳед, ки фарзандатон дар паҳлӯи Шумо бозӣ кунад. Боварӣ ҳосил кунед, ки ӯ метавонад ба бозичаҳо, китобҳо ва дигар ашёҳои бозимекардааш дастрасӣ дошта бошад – онҳоро дар рафҳо ё қуттиҳое ҷойгир кунед, ки кӯдак онҳоро гирифта тавонад (дар ҳуҷраи кӯдак, меҳмонхона ё ошхона).