Суруд сароидан бо забони дигар: бозӣ барои кӯдакони синни 0-6 сола
Суруд сароидан бо забони дигар: барои чӣ ин ба кӯдакон хуб аст
Дузабона будан – фаҳмидан ва сухан рондан бо ду забон ба инкишофи кӯдак мусоидат мекунад. Суруд сароидан усули шавқовари кӯмакрасонӣ ба омӯзиш ва дар хотир нигоҳ доштани калимаҳову сохтори ҷумлаҳо бо дигар забон мебошад.
Вақте, ки кӯдаки Шумо сурудҳоеро месарояд, ки дорои калимаҳои такроршаванда ҳастанд ё нақарот доранд ӯ калимаҳо ва сохтори ҷумлаҳои навро меомӯзад. Ин кӯмак мекунад, то ки фарзандатон калимаҳои навро дар хотир нигоҳ дорад.
Сурудҳои дорои аҳамияти фарҳангӣ ва шахсӣ – масалан суруде, ки дар оила аз насл ба насл мегузарад – метавонад ба кӯдаки Шумо аҳамияти хос дошта бошад.
Барои бо забони дигар суруд хондани кӯдак чи лозим аст
Барои сароидани суруд дар якҷоягӣ бо фарзандатон, суруди оддиро интихоб кунед.
Агар Шумо ягон суруди хуб наёбед онро метавонед аз шабакаи Интернет биҷӯед.
Чӣ гуна бояд бо кӯдак бо забони дигар суруд хонд
Акнун якчанд ғоя барои чӣ гуна дар якҷоягӣ бо кӯдак бояд суруд хонд:
- Сурудҳоеро интихоб намоед, ки рақсидан имконпазир бошад ё онҳоро худатон интихоб ва фикр карда бароед. Ҳаракатҳо ба кӯдак ҳатто дар мавриди нофаҳмо будани ҳамаи калимаҳо имкон медиҳанд, ки чӣ маънӣ доштани сурудро эҳсос намояд.
- Ба кӯдаки худ суруд сароед. Хавотир нашавед, ки Шумо ба ҳама нотаҳо намеафтед. Ба кӯдаки Шумо садои Шумо маъқул мешавад ва ӯ мусиқиву эҳсосоти Шуморо дарк менамояд.
- Сурудҳоеро интихоб намоед, ки кӯдаки Шумо онро бо забони модариаш азёд медонад, масалан суруди «Зодрӯз муборак» ва онро бо дигар забон сароед.
- Дар вақти сароидани суруд ба зуҳуроти чеҳра ва овоз аҳамият диҳед.
- Агар кӯдак калимаҳоро такрор карда амалҳои Шуморо аз пасатон такрор намояд ӯро таъриф кунед. Дар аввал кӯдаки Шумо як ё ду калимаро дар хотир нигоҳ медорад.
- Ба кӯдакатон фаҳмонед, ки суруд дар бораи чист. Шарт нест, ки ҳамаи калимаҳоро Шумо тарҷума кунед.
- Кӯшиш кунед, ки баъзе калимаву ибораҳоро аз сурудҳо дар гуфтугӯи ҳаррӯза бо фарзандатон истифода намоед. Як қисми сурудро сароида ҳамзамон агар онро таҳлил намоед хеле хуб мешавад.
Суруд сароидан бо дигар забон: мутобиқшавии кӯдакон дар синну соли гуногун
Шумо ба кӯдакатон метавонед бо забонҳои гуногун, пас аз таваллуд шудан ё ҳатто пештар аз он суруд сароед. Барои Шумо лозим нест, то интизор шавед, ки ӯ гап занад ё бо як забон озодона гуфтугӯ кунад. Кӯдакон метавонанд ду ва зиёда забонҳоро дар як вақт омӯзанд. Ҳар қадаре, ки барвақт бошад ҳамон қадар барои кӯдак осон аст.
Поп-сурудҳое, ки дар хотири кӯдак нақш мебанданд метавонанд усусли хуби омӯзиши забон барои кӯдаки синни калонтар бошад. Кӯдаки Шумо метавонад як ё ду калимаро сарфаҳм равад, вале агар суруд ба ӯ маъқул бошад, он гоҳ ӯ гӯш кардани сурудро то пурра фаҳмидани он давом медиҳад. Барои боварӣ ҳосил намудани он, ки матни суруд ба синну соли кӯдаки Шумо мувофиқат мекунад, метавонед манти сурудро аз назар гузаронед.