Бисёрзабонӣ ва дузабонӣ дар кӯдакон: афзалиятҳо ва мушкилот
Бартарии тарбияи кӯдаконе, ки ду ё зиёда забонро медонанд
Тарбияи кӯдаконе, ки ду ё зиёда забонро медонанд, на танҳо барои онҳо, балки барои оилаи Шумо ва муҳити Шумо низ муфид аст.
Кӯдакон: манфиатҳои бисёрзабонӣ ва дузабонӣ
Вақте ки сухан дар бораи кӯдакон меравад, донистани беш аз як забон бартариҳои зиёд дорад:
- натиҷаҳои беҳтари таълимӣ - кӯдакони бисёрзабона ё дузабона бештар фикри худро тамаркуз мекунанд, масъалаҳоро беҳтар ҳал мекунанд, сохторҳои забонро беҳтар мефаҳманд ва дар иҷрои корҳои гуногун уҳдабаро ҳастанд.
- имкониятҳои гуногун ва ҷолиби барои касб дар оянда.
Илова бар ин, агар кӯдакон бо забонҳои гуногун сухан ронда ба воя расанд, онҳо худбаҳодиҳии баландтар дошта шахсият ва мансубияти худ беҳтар ҳис мекунанд, зеро:
- аз мероси худ фахр мекунанд;
- худро дар муошират ва барқарор намудани муносибатҳо бо хешовандони дур ва одамоне, ки бо забонҳои дигар гап мезананд, дилпур ҳис мекунанд;
- онҳо метавонанд аз мусиқӣ, кино ва адабиётҳо ба забонхои гуногун ҳаловат баранд.
Оилаҳо: Манфиатҳои бисёрзабонӣ ва дузабонӣ
Агар дар бораи оилаи Шумо сухан ронем, пас муошират бо кӯдакон бо забони модарии Шумо:
- муоширати байни аъзоёни оилаатонро беҳтар мекунад;
- робитаҳои эҳсосиро мустаҳкам мекунад;
- барои Шумо ва фарзандонатон омӯхтани фарҳанги модарии онҳо осонтар мекунад;
- ҳисси фарҳангӣ ва мансубиятро дар оилаи худ мустаҳкам мекунад.
Атрофиён: манфиатҳои бисёрзабонӣ ва дузабонӣ
Агар дар бораи муҳити васеътар сухан гӯем, вақте ки кӯдакон якчанд забонро медонанд, пас:
- дар муҳити атроф ба бештар забонҳо ва фарҳангҳои гуногунро қадр мекунад;
- пас аз калон шудан барои ин кӯдакон сафар кардан ва кор кардан дар кишварҳо ва фарҳангҳои гуногун осонтар аст;
- кӯдакон фарҳангҳои гуногунро мефаҳманд ва қадр мекунанд.
Мушкилоти эҳтимолӣ дар тарбияи кӯдакони бисёрзабона ва дузабона
Бо вуҷуди ин, тарбияи кӯдакони бисёрзабона ё дузабона метавонад бо баъзе масъалаҳо алоқаманд бошад, масалан Шуморо лозим меояд, ки бо фишороварӣ, дар мавриди гап задан бо забони аксарият рӯбарӯ шавед. Баъзан ин фишор аз ҷониби дигар аъзоёни оилае оварда мешавад, ки шояд мехоҳанд, ки аъзоёни оила дар хона танҳо бо забони аксарият гап зананд. Шояд маслиҳатҳои мо барои Шумо муфид бошанд:
- зиндагии худро тавре ташкил кунед, ки фарзандони Шумо имконияти шунидан ва истифода бурдани забонҳои дуюм ва дигарро дошта бошанд;
- бо муаллимони фарзандонатон сӯҳбат кунед ва бо кӯшишҳои худ онҳоро дастгирӣ намоед;
- одамони ҳамфикрро пайдо кунед - бо дӯстон ва оилаҳое, ки кӯдакони бисёрзабона ё дузабона тарбия мекунанд дар тамос шуда, дар минтақаи худ гурӯҳҳои томактабии дузабона пайдо кунед.