Омӯзонидани кӯдак аз давраи таваллуд то давраи мактабӣ
Омӯзонидан дар синни бармаҳали кӯдакӣ
Кӯдакон ҳамеша дар ҳолати омодагӣ ба таълим гирифтан таваллуд мешаванд ва мағзи сари онҳо дар мавриди чи гуна истифода бурдани он ташаккул меёбад. Барои омӯзиш тавассути бозӣ ва машғулият бо кӯдак муҳити ҳавасманкунанда лозим аст.
Агар дар байни кӯдакон ва шахсони калонсоле, ки нисбат ба онҳо ғамхорӣ менамоянд муносибати гарму самимона ҷой дошта бошад, аз давраи таваллуд кӯдакон бештар меомӯзанд. Барои кӯдаки худ Шумо муаллими аввалин ҳастед, вале на ба маънои «мактабӣ». Хоҳиши тадқиқ кардан ва бозӣ кардани кӯдакатонро бо ҳавасманд ва рӯҳбаланд намудан қабул намуда намунаи ибрат бошед, то ки фарзандатон пас аз ба воя расидан аз Шумо омӯзад.
Чи гуна кӯдакро меомӯзонанд
Кӯдаки Шумо агар бо атрофиёни худ алоқаи тарафайни фаъол барқарор намояд ва танҳо дар як ҷой пассив қарор нагирад, хеле беҳтар меомӯзад. Кӯдак он вақт меомӯзад, ки:
- чизҳои шавқовари муҳити атрофро мушоҳида мекунад, ба чеҳраҳо назар мекунад ва ба садоҳо ҷавоб медиҳад;
- таҳқиқ мекунад – масалан ашёҳоро ба даҳонаш меандозад (бехатариро фаромӯш накунед!), чарх мезанонад ва тоб медиҳад;
- саволҳо медиҳад – масалан «барои чӣ?»;
- меомӯзад, ки ашёҳо ҳангоми палмосидан чӣ гуна мебошанд- ҳамвор, дағал, лағжонак, нарм, пашмин;
- кӯшиш мекунад, ки кореро анҷом диҳад, то эҳсоси ӯро ба ангезиш орад – тамъ, бӯй, биноӣ, ҳисси тактилӣ ва шунавоӣ.
Вақте ки кӯдаки Шумо дар раванди омӯзиш иштирок мекунад, хубтар меомӯзад. Ин хеле осон аст, вақте ки:
- китобҳоро барои хондан интихоб мекунад;
- расмҳои китобро нишон медиҳад;
- ашё ва бозичаҳоеро интихоб мекунад, ки бо ӯ бозӣ кардан мехоҳад;
- барои хӯроки шом сабзавот ҷамъ мекунад;
- микдори ордро барои кулчақанд чен мекунад.
Ба фарзандатон дастур диҳед, ки амалҳои гуногуни ҳаррӯзаро анҷом диҳад (дар хона, дар берун, корҳои фаъолона, оромона ва ғайра), то ки ӯ барои ки донишашро дар амал татбиқ намудан имкониятҳои зиёд пайдо кунад.
Кӯдаки Шумо дар раванди омӯзиш ба дастгирии Шумо ниёз дорад. Масалан, баъзан шояд ба ӯ лозим бошад, ки Шумо ба ӯ чӣ кор карданро нишон диҳед ва таъриф ва рӯҳбаландӣ ҳамеша барои ӯ воситаи ҳавасмандгардонӣ хоҳад буд. Дар баробари ин муҳим нест, ки кӯдак хато кунад ва чӣ гуна будани ҷаҳонро омӯзад - ин қисми асосии раванди таълим аст.
Чӣ гуна Шумо ва оилаи Шумо барои омӯзиши кӯдаки Шумо ёрӣ расонида метавонад
Шумо ва аҳли оилаи Шумо дар омӯзиши малакаҳои худ дар солҳои аввали ҳаёти кӯдак нақши муҳим мебозад. Ин ҳамарӯза кам-кам ба амал меояд.
«Ман» ва муносибат
Аз Шумо ва оилаи Шумо кӯдак мефаҳмад, ки ӯро дӯст медоранд ва ӯ барои наздиконаш чӣ аҳамият дорад.
Забон ва муошират
Дар мавриди сӯҳбат кардан бо кӯдак ӯро гӯш кунед, бо ӯ китоб хонед, якҷоя суруд хонед ва бо ин амалҳо Шумо ба ӯ ёрӣ мерасонед, ки ӯ аз чӣ таркиб ёфтани забон ва муоширати шифоҳиву хаттиро фаҳмида инчунин малакаҳои бурдани сӯҳбатро аз худ менамояд ва ӯ мефаҳмад, ки бояд чи гуна сӯҳбат кард ва гӯш кард.
Фазо, мақом ва муҳити атроф
Кӯдак бо дарки муҳити атроф мефаҳмад, ки андоза чист – масалан, «Ман баландтар аз курсӣ ҳастам вале аз миз пасттар ҳастам». Ӯ инчунин мефаҳмад, ки дар муҳити атроф чи мавқеъ дошта ба атрофиён чи гуна таъсир мерасонад. Масалан, «Мо дар ин кӯча зиндагӣ мекунем, боғи истироҳатӣ дар он ҷо мебошад ва дӯсти ман дар кӯчаи дигар зиндагӣ мекунад» ё «Растаниҳо калон шуданд, зеро ман барои нигоҳубини онҳо ёрӣ додам».
Саломатӣ ва меъёрҳои ҷисмонӣ
Барои кӯдаки худ намунаи ибрат бошед: одати тарзи ҳаёти солим ва ғизои солимро ташаккул диҳед. Агар Шумо ҳар саҳар наҳории мукаммал истеъмол намоед ва саросемавор нону чойро истеъмол накунед, кӯдаки Шумо чунин тарзи рафторро аз худ менамояд. Агар ба сайругашт бароед ва оинаи нилгун тамошо накунед, кӯдаки Шумо дарк мекунад, ки истироҳати фаъол ин усули оливу шавқовари вақтгузаронӣ аст.
Машғул шудан ба ҳисоб, хониш, мактуб навистан ва мусиқӣ
Ба кӯдак ҳисоб карданро омӯзед. Ҳар рӯз ҳисоб кардан бо ӯ бояд аз намунаҳои оддӣ оғоз карда шавад: «Чанд хирсак дар катча ҷойгир аст?» ё « Лутфан, ҳамаи ашёҳои рангашонро сурхро дар қуттӣ ҷой кунед. Чанд ашёи сурхро ту гузоштӣ?». Омӯзед ва дар якҷоя бо фарзандатон кӯдакатон сурудҳои ҳисобдорро сароед.
Дар мавриде, ки кӯдаки Шумо бо Шумо чизеро мехонад, ҳикоя нақл мекунад, бозиҳои оддиро бо истифода аз садо ва ҳарфҳо бозӣ кунад, масалан калимаҳои бо овози якхела оғозшавандаро гӯш мекунад, ва инчунин ба расму ҳарф ва калимаҳои гирду атрофи худ назар мекунад (овезаҳо, китобҳо ва каталогҳо) – ин кӯмак мекунад, то ки фарзанди Шумо малакаҳои хондану навиштанро тезтар аз худ намояд.
Ба кӯдаки худ барои навиштан кӯмак карда ӯро ба расм кашидан ҳавасманд намоед. Рӯйхати харидро тартиб дода ба фарзандатон қаламу коғаз диҳед, то ки ӯ низ рӯйхати хариди худро тартиб диҳад. Дар вақти навиштан кӯдак алоқаи байни ҳарфҳо ва садоҳои талаффузшавандаро дарк менамояд.
Дар якҷоягӣ бо кӯдаки худ суруд сароида мусиқӣ монед, то ки вай дар ҳавои он рақсад, ба ӯ асбобҳои мусиқӣ диҳед (метавонанд онҳо хаёлӣ низ бошанд) ва инчунин либосҳоеро харед, ки ҳангоми пӯшидан ӯ худаш иваз карда тавонад – ин ҳама усулҳои олие мебошанд, ки кӯдаки Шумо мусиқӣ, бозиҳои актёрӣ ва рақсро дарк менамояд.
Барои донистан ва санҷидани чизҳои нав барои худи кӯдак ӯро метавонед ҳавасманд кунед, то ки вай нисбати худ боварӣ ҳосил кунад ва донад, ки худи ӯ кист ва аз ӯҳдаи ин кор хуб баромада метавонад.