Инкишофи нутқ дар синни аз 3 то 12 моҳа
Оид ба инкишофи нутқи кӯдак
Малакаҳои муоширатии фарзанди Шумо дар давоми соли аввали ҳаёт босуръат инкишоф меёбанд. Ӯ худбаёнкунӣ, аксуамал намудан ба Шумо ва дарк кардани онро, ки Шумо бо ӯ муошират мекунед, ёд мегирад. Ҳамаи ин то он вақте, ки ӯ ҳатто суханони аввали худ талаффуз мекунад, ба амал меояд, тахминан ҳангоми якум соли зодрузаш.
Баён кардани фикри худ: инкишофи нутқи кӯдак
Суханронии кӯдаки Шумо дар соли аввали ҳаёташ метавонад аз он суханоне, ки Шумо одат кардаед, тамоман фарқ кунад.
Дар синни 3-4 моҳагӣ ӯ метавонад:
- ба чашмони Шумо нигоҳ кунад;
- «агу» гӯяд ё дигар садонок ва ҳамсадоҳоро омехта карда бигӯяд;
- садонок ва ҳамсадоҳо, аз ҷумла «га-га-га-га», «ба-ба-ба-ба», «ма-ма-ма-ма» ва «да-да-да-да»-ро муштарак намояд ва якҷоя кунад.
Дар синни 5-7 моҳагӣ ӯ метавонад:
- садоҳо ва имову ишораҳои муайян, ба монанди сулфидан, хандидан, чапак задан ё ҳубобчасозӣ бо луоби даҳонро пас аз Шумо тақлид кунад.
- бо садоҳои гуногун, аз ҷумла “ааииее”, “буу” ва “ааа” дар дараҷаҳои гуногуни садоӣ (баъзан гӯшхарош!) бозӣ кунад.
Дар синни 8-9 моҳагӣ ӯ метавонад:
- садоҳои пайдарпаю дарозе мебарорад, ки гапзании муқаррарӣ монанданд – ин амал то даврае давом мекунад, ки калимаҳои аввалинро гуфта тавонад.
- «модар» ё «падар» гӯяд, гарчанде ки ӯ ҳанӯз намедонад, ки ин калимаҳо чӣ маъно доранд.
Дар синни 10-11 моҳагӣ ӯ метавонад:
- ба таври мақсаднок муошират кардан, асосан барои пурсидан, исрор кардан, рад кардан ё истиқбол кардан;
- чизе талаб кунад, чизеро нишон диҳад. Ё аввал ба ягон кас ва баъд ба он чизе ки ӯ мехоҳад, нигоҳ мекунад.
Тақрибан дар синни 12-14 моҳагӣ кӯдаки Шумо метавонад, баъзе калимаҳо ба монанди "модар" ё "падар" ва ҳангоми сӯҳбат дар бораи модар ё падар мегӯяд ва мефаҳмад, ки онҳо чӣ маъно доранд.
Аксуламал нишон додан: инкишофи нутқи кӯдак
Дар давоми ин моҳҳо кӯдаки Шумо бо тарзҳои гуногун вокуниш нишон медиҳад. Масалан, ӯ метавонад:
- дар мавриди сӯҳбат кардан ё номи ӯро гирифтан овоз барорад, ба ҳаяҷон ояд ё ором шавад;
- садо барорад ё хандад - масалан, ҳангоми иваз кардани уребча;
- ҳангоме, ки бо ӯ бозй мекунед, табассум мекунад ва механдад;
- бозиҳои ба монанди «ку-ку» ва дигар дигар бозиҳои ҳаракатиро дӯст медорад;
- аз имову ишораҳо ба мисли ба даст гирифтани қалам ё ба чизе ишора карданро истифода мебарад;
- дар мавриди номашро гирифтан вокуниш нишон медиҳад - ӯ нигоҳ мекунад, чашмаш калон мешавад, гӯш мекунад ё табассум мекунад.
Фаҳмиш: инкишофи нутқи кӯдак
Ҳайратовар аст, ки кӯдаки Шумо аллакай чӣ қадар фаҳмиш дорад - ӯ ҳамеша гӯш мекунад, меомӯзад ва кӯшиш мекунад, ки муҳити атрофро дарк кунад.
Дар давоми ин моҳҳо Шумо метавонед дарк кунед, ки фарзанди Шумо қудрати фаҳмидани чиро дорад:
- калимаи «не» тақрбан дар синни 10-моҳагӣ пайдо мешавад - гарчанде ки ӯ то ҳол он чизеро, ки Шумо мегӯед, иҷро намекунад.
- дастурҳои хеле содда бо аломатҳои шифоҳӣ ва визуалӣ - масалан, дар синни 12 моҳагӣ, вақте ки Шумо даст дароз карда, "деҳ" мегӯед, ӯ ба Шумо бозичаеро медиҳад, ки дар дасташ аст.
Кӯдакон бо суръати гуногун калон мешаванд ва инкишоф меёбанд. Маълумот дар ин мақола танҳо ҳамчун дастур хизмат мекунад. Агар Шумо дар бораи инкишофи нутқи фарзандатон нигарон бошед, ба табиби кӯдакона муроҷиат кунед.