Мушкилоти саводнокӣ дар синни барвақтӣ
Мушкилоти саводнокӣ дар синни барвақтӣ
Гарчанде ки кӯдакон дар ибтидо дар синни барвақтӣ бо хондан ва навиштан душворӣ мекашанд, онҳо ба ҳамсолони худ расида мегиранд. Аммо баъзе кӯдаконе, ки дар давраи барвақтӣ пешравии суст доранд, аксар вақт ба кӯмаки иловагӣ ниёз доранд. Агар онҳо дар синни томактабӣ ва ибтидоии мактабӣ душворӣ дошта бошанд, онҳо метавонанд дар муддати тӯлонӣ дар омӯзиши хондан ва навиштан оқибмонӣ дошта бошанд.
Ба мутахассис муроҷиат кунед агар фарзанди Шумо 3-4 сола бошад ва Шумо нигарон бошед оиди:
- чӣ тавр фарзанди Шумо гап мезанад ва гӯш мекунад;
- чӣ гуна фарзанди Шумо ҳарфҳои алифборо мешиносад;
- чӣ гуна фарзанди Шумо садоҳоро барои сохтани калимаҳо якҷоя мекунад.
Агар дар авлодатон дар омӯзиши хондан ва навиштан мушкилот вуҷуд дошта буд, машварат махсусан муфид мебошад.
Аз сӯҳбат бо парастори кӯдак ё муаллими мактаб, педиатр/духтури оилавӣ ё логопед оғоз кунед. Агар лозим бошад, ин мутахассисон ба Шумо барои гирифтани кӯмак роҳнамоӣ мекунанд.
Аломатҳои мушкилоти саводнокӣ дар синни барвақтӣ: кӯдакони аз 3 то 4 сола
Кӯдакони хурсол ва калонтар нутқро бо суръати гуногун инкишоф медиҳанд. Масалан, бисёре аз кӯдаконе, ки дер ба гап медароянд, то се-чорсолагӣ ба ҳамсолони худ расида мегиранд. Мушкилоти нутқ дар синни хеле барвақтӣ нишонаи мушкилоти ибтидоии саводнокӣ нест.
Аммо вақте ки кӯдакон 3 ё 4 сола мешаванд, баъзе мушкилот бо калимаҳо ва нутқ метавонанд мушкилоти саводнокиро нишон диҳанд, агар:
- кӯдак дер ба гап даромада, дар омӯхтан ва дар хотир доштани калимаҳои навро душворӣ кашад
- вай калимаҳоеро мепартояд, ки барои сохтани ҷумлаи пурра заруранд - масалан, "ман ба боғи ҳайвонот" ба ҷои "ман ба боғи ҳайвонот меравам"
- ӯ ҳарфҳои алифборо намешиносад
- барои сохтани шаклҳои ба ҳарф монанд бо хати каҷукилеб навиштанро душворӣ мекашад
- вай калимаҳоеро, ки садоҳояшон ба ҳам монанд аст, ба ҳам алоқаманд карда наметавонад, масалан, "дастак, пастак, бастак"
- ақаллан баъзе шеърчаҳои бачагонаро такрор карда наметавонад.
Агар ҳангоми хондан фарзанди Шумо:
- ба Шумо гуфта натавонад, ки дар расми китоб чӣ амал рӯй дода истодааст – масалан, касе давида истодааст, аккос зада истодааст, хӯрок хӯрда истодааст;
- тарафи пеш ва паси китобро фарқ карда натавонад, ё дуруст нигоҳ доштани онро намедонад;
- ашёҳои оддиеро, ки дар китоб тасвир шудаанд, номбар карда наметавонад;
- китобҳои пештар хондаашро фаромӯш мекунад, ҳатто хангоми нишон додани муқоваи китоб;
- гӯш карданро дӯст намедорад вақте ки калонсолон ба ӯ мунтазам китоб мехонанд барои гирифтани ёрӣ ё маслиҳат муроҷиат кунед.
Мушкилоти саводнокӣ дар синни 5 солагӣ ва калонтар
Дар нутқи гуфтугӯӣ мушкилоти саводнокӣ зоҳир мешавад, агар барои кӯдак душвор бошад:
- фаҳмидани дастурҳои оддӣ, масалан, "Илтимос, куртаатро пӯш";
- истифода бурдани калимаҳои нав дар сӯҳбат;
- гап задан бо ҷумлаҳои дароз (иборат аз зиёда аз панҷ калима);
- сарфаҳм рафтан ва хаёл карда баровардани калимаҳое, ки якхел сар мешаванд, аз қабили "мошин, моҳӣ, моҳтоб", ва мисли қофия садо медиҳанд, ба мисли "хона, лона, дона";
- калимаҳои соддаро ба қисмҳои таркибии онҳо ҷудо кардан (ҳиҷоҳо ё садоҳои алоҳида), ба мисли “бо-зи-ча” ё якҷоя кардани садоҳо барои сохтани калимаҳо;
- истифода бурдани калимаҳои муқоисавӣ ба монанди "вазнинтар", "калонтар" ё "кӯтоҳтар". Масалан, агар Шумо гӯед: "Мошин калон аст, аммо автобус ...?", фарзанди Шумо бояд ҷавоб диҳад: "калонтар";
- афсонаҳоро бо тартиби дуруст нақл ё такрор кардан.
Агар ҳангоми хондан фарзанди Шумо:
- ба китобу мутолиа шавқу ҳавас зоҳир накунад;
- пайдарпайии воқеаҳоро дар ҳикояҳо иштибоҳ кунад;
- воқеаҳои дар китоб рӯйдодаро бо воқеаҳои дар ҳаёти худ рӯйдода алоқаманд карда натавонад;
- ҳангоми бо овоз мутолиаи китоб парешон шавад, маънояшро нафаҳмад ва аз ин машғулият лаззат набарад ин низ метавонад ба мушкилоти саводнокӣ ишора кунад.
Вақте ки сухан дар бораи қобилияти фаҳмидани чизи чопшуда меравад, мушкилот низ метавонанд ба миён оянд. Лутфан диққат диҳед, агар:
- кӯдак надонад, ки калимаҳои чопшуда аз расмҳо чӣ фарқ доранд ва ин калимаҳоро хондан лозим аст;
- ӯ надонад, ки ҳар ҳарфи алифбо ном ва садо дорад;
- ӯ ақаллан ҳашт ҳарфи гуногунро номбар карда натавонад;
- ӯ медонад, ки чӣ тавр номи худ ва калимахои оддиро бо хати каҷукилеб нависад – муҳим нест он чиро, ки вай навиштааст, хонда мешавад ё не.
Кӯмак ба кӯдакони дорои мушкилоти саводнокӣ
Агар фарзанди Шумо мушкилоти саводнокӣ дошта бошад, машқ кардани забонро давом диҳед ва ба миқдори зиёди маводҳои чопии ҳама гуна намудҳо таъмин кунед, ин муҳим аст. Ин ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад, ки ба машқҳои хониш ва навиштан дар мактаб одат кунад ва омода шавад.
Шумо метавонед:
- Кӯдаки худро дар хондан, навиштан ва расмкашӣ фаъолона дастгирӣ кунед. Ҳатто агар ӯ хато кунад, ӯро таъна накунед. Ба фарзандатон китоб, маҷалла, брошюра ва дигар маводи чопӣ диҳед, ба хондан ташвиқ кунед. Кӯдак ба мутолиаи китобу маҷаллаҳо дар мавзӯи дӯстдоштааш шавқ пайдо мекунад.
- Бо ӯ якҷоя хонед. Баъзан ӯ метавонад ба Шумо хонад ва баъзан Шумо метавонед ба ӯ хонед. Вақте ки ӯ ба душворӣ дучор мешавад, дастгирии Шумо ба ӯ кӯмак мекунад, ки аз ҳад зиёд ғамгин нашавад.
- Барои хондан ва навиштан аз ҳар фурсат истифода баред – лавҳаҳо дар кӯча ва мағозаҳо, меню, нархҳо ва тамғақоғазҳои мағозаҳоро хонед. Ба дӯст ё шахси наздик мактуби электронӣ ё қоғазӣ, хатча ё паёми матнӣ нависед. Ҳамин тавр кӯдак дарк хоҳад кард, ки хондан ва навиштан то чӣ андоза муфид аст.
- Машқи навиштанро ба бозӣ табдил диҳед! Масалан, пешниҳод кардани навиштани кортҳои табрикотӣ ё тартиб додани рӯйхати харид. Ба фарзанди худ хатчаҳо нависед ва онҳоро дар ҷое гузоред, ки ӯ ҳатман онро дида тавонад, масалан, дар сумкааш. Ба ӯ гӯед, ки ӯ метавонад ба Шумо ҷавоб нависад.
- Ба китобхонаи маҳаллӣ обуна шавед ва китобҳоро аз он ҷо ройгон гиред.
- Агар фарзанди Шумо аллакай мактабхон бошад, реҷаи ҳаррӯзаро бо фаъолиятҳои ҳатмӣ, фаъол ва ором тартиб диҳед. Ҳатман ба фарзандатон вақти мустақилона ҷудо кунед, вақте ки ӯ чӣ кор карданашро худаш интихоб мекунад.
Ҳамин ки фарзанди Шумо ба мактаб рафтанро оғоз мекунад, мунтазам аз муаллим дар бораи таҳсили фарзандатон маълумот гиред. Бо муаллим сӯҳбат кунед, ки фарзанди Шумо чӣ гуна аз ӯҳдаи таҳсил мебарояд. Шумо ва муаллим ба ӯ ҳар қадар пештар ёрӣ расонед, таҳсил дар оянда ҳамон қадар беҳтар мегардад.
Барои донистани усулҳои дигар дар бораи хондани якҷоя бо фарзанди худ ва машқҳои якҷоя барои омӯзиши хондан ва навиштан мақолаҳои моро мутолиа намоед.