25-36 моҳ – рушди босуръати хаёлот
Инкишофи кӯдак дар давоми аз 25 то 36 моҳа
Муошират
Кадом чизҳои нав?
Дар ин синну сол захираи луғавии кӯдаки Шумо рӯз аз рӯз бойтар мегардад. Дар ин синну сол, аксари кӯдакон метавонанд ҷумлаҳои иборат аз 2-5 калима созанд ва фаҳмидани он ки духтари Шумо чӣ мегӯяд, осонтар мегардад. Вай тадриҷан гӯш кардан ва интизори навбати худро меомӯзад ва метавонад суҳбати кӯтоҳро идома диҳад. Дар ин давра, фарзанди шумо тасвир кардани он чиро, ки дар давоми рӯз бо ӯ рух дод кӯшиш мекунад. Бо ёрии шумо, ӯ ҳатто метавонад бо навбат ба нақл кардани як ҳикояи оддӣ оғоз кунад. Ин барои ӯ ва барои шумо чӣ қадар ҳаяҷоновар аст!
Шумо чӣ гуна кӯмак карда метавонед?
Ҳар рӯз бо духтари худ китоб хонед ва бигзор кӯдак мустақилона саҳифаҳои китоби тасвирдорро варақ занад. Ба ӯ сурудҳо ва қофияҳои оддиро ёд диҳед, шояд аз давраи кӯдакии худ омӯзед. Аз фарзандатон хоҳиш кунед, ки ашёи тасвирҳоро ба шумо нишон диҳад ва аз ӯ хоҳиш кунед, ки калимаҳоро пас аз Шумо такрор кунад ("Гурба моҳӣ мехӯрад"), ҳатто агар он ба талаффузи Шумо монанд набошад. Духтари Шумо ба номгӯи ашё таваҷҷӯҳ хоҳад кард. Кӯшиш кунед, ки на танҳо номи ашёро бигӯед, балки чанд калимаи тавсифиро ҳам илова кунед (масалан, "ҳа - ин мошини калони кабуд аст" ё "Тӯб – ин тӯби калон аст, ҳамин тавр не?").
Ҳиссиёт
Чӣ навигарӣ аст?
Ин як давраи хеле муҳим барои рушди эҳсосии духтари шумост. Вай ҳар рӯз эҳсосоти мухталифро ҳис мекунад - аз хушбахтӣ то ғамгинӣ, ноумедӣ ва баъзан хашм. Ҳамзамон, ӯ дар бораи эҳсосоти одамони дигар меомӯзад, аз ҷумла ҳамдардӣ - эҳсосоте, ки ягон каси дигар метавонад дошта бошад. Мисли он вақте ки ӯ хурдтар буд, вай ҳанӯз ҳам метавонад хашм ва ё ваҳм дошта бошад. Ба кӯдак ҳоло ҳам эҳсосоти "қавӣ" -ро бо суханон ифода кардан душвор аст. Дар ин давра, духтари Шумо мефаҳмад, ки чӣ гуна рафтори ӯ ба рафтори шумо, ва чӣ гуна рафтори шумо ба ӯ таъсир мерасонад. Ҳоло ӯ қодир аст дар ҳолати ҷудоӣ аз Шумо камтар хавотир шавад, гарчанде ки ин баъзан душвор буда метавонад. Ҳар як кӯдак беназир аст.
Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?
Бо духтари худ дар бораи эҳсосот сӯҳбат кунед, ҳикоя нақл кунед ё дар бораи ҳама гуна эҳсосот дар асоси китобҳои мувофиқи синну соли кӯдакатон хонед. Ӯро ташвиқ кунед, ки эҳсосотро тавассути бозичаҳо ё дигар ашёҳо ифода кунад. Он далелро бипазиред, ки баъзан кӯдак ҳанӯз ҳам эҳсосоти худро идора карда наметавонад ва дар ин ҳолат ором бошед, то ки барояш муҳити бехатар фароҳам оред. Бозиҳо, алалхусус нақшофарӣ барои кӯдакатон як роҳи олие барои фаҳмидани ҳиссиёт ва идора кардани онҳо мебошад.
Тафаккур
Чӣ навигарӣ аст?
Духтари Шумо тадриҷан ба фаҳмидани мафҳумҳои муҳим, аз қабили вақт (масалан, рӯз ва шаб, пеш ва баъд) ва мухолифат (хурду калон) шурӯъ мекунад. Илова бар ин, дар ин давра, ӯ шояд ба шумо нишон диҳад, ки мақсади узвҳои гуногуни баданашро мефаҳмад ("Ман бо чашмони худ мебинам"). Вай ба гуруҳбандии ашё аз рӯи ранг, андоза ё шакл шурӯъ мекунад. Вай инчунин ба ҳалли масъалаҳои оддӣ тавассути усули озмоиш ва хатогӣ шурӯъ мекунад: " Агар қошуқ ба зарф нағунҷад, ман метавонам аз он хурдтарашро истифода барам."
Шумо чӣ гуна кӯмак карда метавонед?
Дар хотир доред, ки духтари Шумо тавассути ҷустуҷӯ ва бозӣ беҳтар меомӯзад. Консепсияҳои навро бо истифода аз ашё ва бозиҳои нақшофарӣ омӯхтан мумкин аст. Кӯдаки худро ташвиқ кунед, ки дар бозиҳои гуногун “нақшофарӣ” иштирок кунад ва баъзан ба бозие, ки фарзандатон идора мекунад ҳамроҳ шавед. Ӯро ба корҳои ҳаррӯза ҷалб карданро давом диҳед. Ин ба шумо имкон медиҳад, то ки якҷоя чизҳои навро омӯзед ва санҷед: "Биё имрӯз гул шинонем!" ё " Оё метавонӣ ҷои бароҳатеро пайдо кунӣ, то ки пиёлаҳоро дар он ҷо гузорем? Ташаккур!"
Ҳаракат
Чӣ навигарӣ аст?
Фарзанди Шумо боз ҳам мустақилтар мешавад. Дар ин давра, кӯдаки Шумо метавонад мустақилона либос пӯшад ва либосашро кашад - албатта на он қадар хуб - дастҳои худро шӯяд ё мустақилона хӯрок хӯрад. Истифодаи ҳоҷатхона ҷанбаи муҳими ба даст овардани мустақилият мебошад. Дар бисёр фарҳангҳо ва оилаҳо ин маҳорат одатан дар ҳамин ин синну сол ба даст оварда мешавад. Ҳаракатҳои фарзанди шумо нисбат ба пештара мураккабтаранд. То охири соли сеюми ҳаёт, фарзанди Шумо эҳтимолан медавад ва ҷаҳида, дар як пояш истода, аз зинапоя баромадан ва фаромадан (агар дар хона нардбонҳо бошад) метавонад. Ӯ эҳтимолан кӯшиш мекунад, ки дар сурати мавҷуд будани скутер ё сечархаи хурд, ба он савор шавад.
Шумо чӣ гуна кӯмак карда метавонед?
Духтари Шумо бо саъю кӯшишҳо чизҳои навро меҷӯяд, аммо ба дастгирии шумо ниёз дорад. Ӯро ташвиқ кунед, ки кӯшиш кунад, новобаста аз он ки сараввал муваффақ шавад ё на, ва малакаҳои навро қайд кунед. Шумо инчунин метавонед малакаҳо ва эътимоднокии кӯдакатонро инкишоф диҳед агар ӯро ба корҳои ҳаррӯзаи оилавӣ - кӯмак ба ҷудо кардани ҷӯробҳо, харидкунӣ дар мағоза, омехта намудани хӯрок ва дигар корҳои оддие, ки ӯ ба он шавқ дорад, ҷалб намоед.
Агар шумо дар наздаш бошед, эҳтимолан фарзанди Шумо бо хоҳишу ҳаваси бештар ба боло баромадан, ҷаҳидан, кашидан, тӯб партофтан ё дигар вазифаҳоро омӯхтан, кӯшиш мекунад. Танҳо бо ҳузури худ, Шумо муҳити бехатарро барои рушд фароҳам меоред.
Барои фаҳмидани усулҳои зиёди дигар оид ба инкишофи кӯдак ба воситаи бозӣ, ба қисмати “Якҷоя бозӣ мекунем” гузаред.
Ташвиши падару модар оид ба инкишоф дар давраи аз 25 то 36 моҳ
Азбаски ҳар як кӯдак ба таври мухталиф рушд мекунад, дақиқ пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки духтари Шумо кай ва чӣ тавр малакаи муайянро аз худ менамояд. Малакаҳои интизорӣ ва номбаргардида дар ин давра (марҳилаҳои инкишоф) ба Шумо танҳо тасаввуроти умумӣ дар бораи тағйирёбие, ки Шумо бо калоншавии фарзандатон ба миён меоянд, медиҳад. Хавотир нашавед агар инкишофи ӯ каме дигар хел сурат гирад.
Аммо барои мутмаъин шудан ҳатман бо табиби оилавӣ ё дигар корманди тиб маслиҳат намоед, агар дар кӯдаки Шумо аломатҳои зерини эҳтимоли ақибмонӣ дар инкишоф дошта бошад, агар фарзанди Шумо баъзе малакаҳоеро, ки дар синни барвақтар дошт гум кард ё ин ки Шумо сабаби дигар барои хавотириро доред:
- вай ба шумо наменигарад (тамос бо чашм нест);
- мушкилии шунавоӣ ва ё биноӣ дошта бошад;
- бо ҷумлаҳои кӯтоҳ ҳарф намезанад (дар якҷоягӣ на камтар аз 3 калима);
- нутқи ноҷо дорад;
- дастурҳои оддиро иҷро намекунад;
- бо кӯдакони дигар, бозичаҳо ва ашёи дигар бозӣ кардан намехоҳад;
- бозии вонамудӣ намекунад;
- давида наметавонад;
- дар рӯи коғаз менависад ва расм намекашад;
- ашёи хурдро дар даст дошта наметавонад.
Reference:
https://raisingchildren.net.au/toddlers/development/development-tracker-1-3-years/2-3-years
Laura E. Berk (2006), Child development (7ht edition), Allyn & Bacon
Dr sci Nirvana Pištoljević (2016), Rani razvoj deteta: šta treba znati, Udruženje pedijatara Srbije, Beograd.