Омӯзонидан ва инкишофи қобилиятҳои эҷодӣ дар кӯдакони синни томактабӣ: ғояҳо ва машғулиятҳо
Ҳавасмандгардонии кӯдаки синни томактабӣ нисбат ба эҷодкорӣ
Барои кӯдаки синни томактабии Шумо вақт, мавод ва фазо барои эҷодкорӣ хеле муҳим аст.
Кӯдакони синни томактабӣ дӯст медоранд,, ки дар бозии эҷодии худ аз ҳад зиёд худро нишон диҳанд. Аз ин рӯ чизҳои мавриди таваҷҷӯҳи фарзанди худро дар хотир доред. Дар хотир доред, ки баъзан фарзандатон мехоҳад, ки Шумо дар фаъолияти эҷодии ӯ фаъолона иштирок кунед. Бо ӯ бозӣ кунед, то Шумо ба ташаккули ҳамаҷонибаи фарзандатон саҳм гузоред.
Ба кӯдак нишон додани мавҷудияти якчанд роҳи иҷроиши амале муфид хоҳад буд. Масалан, чанд роҳ барои кашидани расми одам, сохтани қалъаи регӣ ё навохтани табл вуҷуд дорад. Ин кӯдаконро водор месозад, ки чӣ гуна онҳо ғояҳои худро амалӣ кунанд.
Ба кӯдак бозичаҳои махсус ё гаронбаҳо лозим нест. Маводҳои хонагӣ, коркардшуда ва табиӣ - роҳи арзон барои пайдо кардани бозиҳои хуб ва барангезиши тасаввурот мебошанд.
Дар вақти эҷоди ҳар асари эҷодие, ки фарзанди Шумо меофарад, таърифро кам накунед. Масалан: «Ба ман расми кашидаат маъқул аст. Ту дар мувофиқ истифода бурдани рангҳо фикри хуб дорӣ!" Ин эътимоди кӯдакро ба нафсбати худ мустаҳкам мекунад ва барои эҷодиёти минбаъдаи ӯ ангезае мешавад.
Бозиҳои эҷодӣ чист? Маълумоти муфассал оид ба омӯзиш ва ташаккули қобилиятҳои эҷодӣ дар кӯдакони синни томактабӣ дар зер оварда шудааст.
Машғулиятҳои эҷодӣ: санъати ороишӣ (декоративный)
Объектҳои оддӣ ва маводи коркардкардашуда инчунин ба рушди эҷодии кӯдаки Шумо мусоидат мекунанд:
- Ба фарзандатон як қуттии картони холӣ диҳед, бигзор вай хона, робот, мошини боркаш, ҳайвон – ҳар чизе ки ба ӯ таваҷҷӯҳ дорад, созад. Қуттиро ранг кунед ё онро бо ороишоти хонагӣ дар якҷоягӣ бо фарзандатон оро диҳед.
- Аз ашёҳои истифодашудаи ошхона, коғази ҳоҷатхона ё шишаҳои хурди пластикии об лӯхтакҳо ва одамчаҳо созед. Чеҳраҳоро тасвир намуда либосҳои коғазиро бо ширеш часпонед ва барои мӯй аз пахта истифода баред. Бо ин бозичаҳои нав бо кӯдаки худ ҳикояҳои ҷолибро таҳия кунед.
- Ҳангоми сайругашт кардан дар табиат, барои фаъолияти эҷодӣ маводи табииро ҷустуҷӯ кунед. Масалан, дар тирамоҳ Шумо метавонед баргҳои афтодаро ҷамъ кунед, ранг кунед, аппликатсия кунед ё бо истифода аз ранг дар рӯи коғаз нақшҳои рангоранг созед.
- Аз сарпӯшҳои хурди пластикӣ ва дигар ашёи хурд дастмона ва дастбандҳо созед (макаронҳои ранга ва коктейлҳои резашуда хеле хубанд).
- Дар хона як қуттии эҷодиро нигоҳ доред, ки дорои як қатор ашёҳо ба мисли ресмон, коғази бастабандӣ, стикерҳо ва порчаҳо бошад ва фарзанди Шумо тавонад ҳар чизеро, ки мехоҳад, созад.
- Барномаҳо ё бозиҳоеро пайдо кунед, ки кӯдаки синни томактабӣ метавонад барои эҷоди санъати рақамӣ истифода барад. Масалан, барномаҳо барои расм кашидани ройгон ё якҷоя кардани аксҳо ба коллажҳо мавҷуданд.
Барои кори фарзандатон галереяи санъати хонагӣ созед. Девори ошхона ё тахтаи деворӣ барои овезон кардани расмҳо ва аксҳо мавқеи беҳтарин мебошанд. Аз фарзандатон хоҳиш кунед, ки ҳар ҳафта як расми махсус интихоб кунад ва онро дар маркази намоиши ғайриоддӣ гузорад. Ин ба кӯдак нишон медиҳад, ки чӣ қадар Шумо чизҳои эҷодкардаи ӯро қадр мекунед.
Машғулиятҳои эҷодӣ: бозиҳои сужетӣ-нақшдор
Кӯдакони синни томактабӣ тасвир кардани ҳама чизро дӯст медоранд. Инҳоянд чанд маслиҳате, ки ба Шумо ва фарзандатон кӯмак мерасонанд, то ки нақши «дар театр»-ро иҷро намоед:
- Либосҳои кӯҳнаро напартоед ва барои иваз кардан як қуттӣ ё халтаи либосро нигоҳ доред. Бисёр вақт дар мағозаҳои дасти дуюм либосҳо ва лавозимоти арзон ва ғайриоддӣ пайдо кардан осон аст.
- Лӯхтакҳои оддии дастӣ барои иҷрои нақшҳои гуногун дар намоишномаҳои хонагӣ аҳамияти хос дорад. Сохтани ин лӯхтакҳо осон аст. Барои сохтани саҳнаи театри лухтак як қуттии калони картониро истифода бурдан мумкин аст.
- Бозиҳо, сурудҳо ва ҳаракатҳо барои иҷро кардани ҳолатҳои ҳаёти ҳаррӯза хуб мебошанд. Ин метавонад накши табибон, модарон, падарон, фурӯшандагон, сӯхторхомӯшкунӣ, ҳар чизе ки ба фарзандатон маъқул аст, бошад.
- Ҳангоми хондани китобҳо аз кӯдаки худ хоҳиш кунед, ки ҳикояро бо истифода аз ҳаракатҳо ё садоҳо иҷро кунад. Масалан, фарзанди Шумо метавонад худро аждаҳор ё баррача вонамуд кунад.
- Намоиши театрии бачагони синни томактабии худро ба навор гиред. Ба ӯ бигӯед, ки чӣ тавр барномаи таҳриркунандаи видеоро барои сохтани видеоролики махсус истифода бурда онро ба оила ва дӯстон нақл кунед.
Машғулиятҳои эҷодӣ: мусиқӣ, ҳаракат ва рақс
Мусиқӣ, ҳаракат ва рақс метавонанд ба осонӣ як ҷузъи оддии бозии ҳаррӯза бо фарзанди Шумо гардад:
- Ба фарзандатон коса, сарпӯши дег ва қошуқи чӯбин диҳед — акнун ин асбобоҳои нақорамонанд мебошанд!
- Ба фарзандатон видеоҳои кӯтоҳи ҳайвоноти ваҳшиеро нишон диҳед, ки садо мебароранд ва ҳаракат мекунанд. Аз ӯ хоҳиш кунед, ки ҳаракатҳо ва садоҳои ҳайвонотро такрор кунад.
- Асбобҳои худро навозед, то "мусиқӣ" ба ҳаракатҳои ҳайвонот мувофиқат кунад. Масалан, оҳиста такон диҳед, мисли фил оҳиста қадам мезанад ё фаъолона бо овози баланд ба ҳаракат дароред ва онро мисли маймуни ҷаҳидаистода тасвир намоед.
- Бигзор кӯдаки Шумо дар зери мусиқии дӯстдоштаи худ қадам занад, чарх занад, пой кӯбад, ҷаҳад, лағжад ва тоб хӯрад, бигзоред, ки онҳо рақс кунад ва ҳаракатҳои нав пайдо кунад.
- Қофияҳои кӯдакона нақл кунед ва суруд хонед. Ин ба инкишофи ҳисси ритм аз ҷониби кӯдак мусоидат мекунад.
- Диққати кӯдаки худро ба садоҳои ритмашон устувор ҷалб кунед, ба мисли соати садодор ва чакидани қатра. Аз фарзандатон хоҳиш кунед, ки чапак занад, қадам занад ё пой кӯбад.
Оҳиста-оҳиста кӯдакро бо санъат шинос кунед. Мусиқӣ, иҷрои нақшҳо ё тасвирҳоро истифода баред ва худи кӯдак дар бораи он чизе, ки ба ӯ маъқул аст ва ба чӣ бештар таваҷҷӯҳ мекунад, нақл менамояд. Дар бораи ғояи рафтан ба галереяи санъат ё намоишгоҳи наздикӣ ҷойгирбуда муҳокима намуда сипас он чизе, ки дидаед, бо ҳам баррасӣ намоед.