Омӯзиш ва рушди эҷодкорӣ дар кӯдакони синни томактабӣ: чиро бояд интизор шуд

Фаъолияти эҷодӣ дар кӯдакони синни томактабӣ эътимод ба худ, малакаҳои нутқ, ҷисмонӣ ва равонӣ, тасаввурот ва қобилияти изҳори эҳсосотро инкишоф медиҳад. Бозиҳои сюжетӣ-ролӣ (нақшбозӣ) ба кӯдакони синни томактабӣ кӯмак мекунанд, ки ҷаҳони атрофро дарк кунанд. Санъат ва ҳунар ба хештангороӣ ва қабули қарор мусоидат мекунад. Бозӣ бо садоҳо, мусиқӣ ва рақс ба кӯдакони синни томактабӣ имкон медиҳад, ки эҳсосоти гуногунро ифода кунанд.
Body

Бозиҳои эҷодӣ: чаро онҳо барои омӯзиш ва рушди кӯдакони синни томактабӣ муҳиманд

Вақти пеш аз оғози мактаб метавонад давраи эҷодӣ дар ҳаёти кӯдак бошад. Дар ҳоле ки тасаввуроти кӯдаки Шумо ҳанӯз инкишоф меёбад, нақшбозӣ, мусиқӣ, рақс, санъати ороишӣ-амалӣ, ба ибораи дигар, тамоми фаъолиятҳои эҷодӣ:

  • ба инкишофи кобилияти эчодӣ мусоидат мекунад;
  • эътимоди кӯдакро мустаҳкам мекунад;
  • ба кӯдак дар изҳори эҳсосот ва омӯхтани малакаҳои муошират кӯмак мекунад;
  • ба кӯдак дар инкишоф, машқ ва такмил додани ҳамоҳангӣ ва малакаҳои ҳаракат кӯмак мекунад;
  • ба кӯдак имконият медиҳад, ки дар қабули қарор, ҳалли мушкилот ва тафаккури интиқодӣ машқ кунад;
  • ба кудак ёрӣ мерасонад, ки ба ҳодисаҳо бо нигоҳи нав назар кунад.

Омӯзиш ва инкишоф тавассути бозиҳои сюжетӣ-ролӣ

Кӯдаки синни томактабӣ аксар вақт сурудҳо ва ҳикояҳои навро ҳамчун асос барои нақшбозӣ ва намоши "театрӣ" истифода мебарад. Ана, ӯ - рӯбоҳ мурғҳоро мехӯрад ва лаҳзаи дигар ӯ уқоб аст!

Вақте ки кӯдак нақшро иҷро мекунад ва ҷаҳонро бо чашми каси дигар мебинад, ин ба ӯ кӯмак мекунад, ки ҷаҳонро дарк кунад ва эҳсосоти худро ифода кунад.

Нақшбозӣ ва афсонаҳо инчунин ба фарзанди Шумо имкон медиҳанд, ки захираи луғатро инкишоф ва машқ диҳад, тахайюли худро истифода барад ва тарзи сохта шудани ҳикояҳоро биомӯзад. Эҳтимол, кӯдаки Шумо мехоҳад мустақилона афсонаҳо эҷод кунад. Дафъаи дигар, агар Шумо низ иштирок кунед, ба фарзанди Шумо маъқул мешавад.

Кӯдакони синни томактабӣ аксар вақт ба ҳикояҳо пурра ғарқ мешаванд. Масалан, вақте ки Шумо ба кӯдаки синни томактабӣ ҳикоя мехонед, Шумо метавонед пайхас кунед, ки ӯ чӣ гуна имову ишора мекунад, пойҳояшро ҳаракат медиҳад ё қиёфаи чеҳраро тағйир медиҳад ва ба он чизе, ки дар ҳикоя рӯй медиҳад, тақлид мекунад.

Омӯзиш ва рушд тавассути санъат ва ҳунар

Кӯдакони синни томактабӣ фикру ақидаи худро бо воситаи расмкашӣ бо қаламу рангҳо, қолабсозӣ аз пластилин ва гил, бо қайчӣ буридан, бо ширеш аз қоғаз нақш кардан баён мекунанд. Ба фарзандатон бо қаламҳои борик кашиданро кӯмак кунед, ба онҳо тарзи истифода бурдани қайчӣ ё скотчро ёд диҳед.

Кӯдак аз кашидани шаклҳои оддӣ - мураббаъ, доира, секунҷа оғоз мекунад. Пас аз он ки ӯ ба шавқ медарояд, дар "асарҳо"-и худ ба таҷрибаҳо бо таркиб, фазо ва рангҳо шурӯъ мекунад. Масалан, кӯдакони синни томактабӣ хонаҳоеро мекашанд, ки дар болои бомашон офтоб медурахшад. Бо мурури замон, кӯдак мехоҳад, ки ба расмҳо тафсилот илова кунад.

Аммо, ҳатто чунин фаъолиятҳо аллакай ба фарзанди Шумо имкон медиҳанд, ки мустақилона қарор қабул кунанд. Масалан, бом бояд сурх бошад ё кабуд?

Омӯзиши мусиқӣ ва инкишоф

Кӯдакони синни томактабӣ барои ифодаи эҳсосот ва андешаҳо аз асбобҳои мусиқӣ, аз ҷумла овози худ истифода мебаранд.

Ба фарзанди Шумо танҳо ба хотири худи рафти сурудхонӣ хондани суруд маъқул мешавад. Сурудҳо бо нақарот ва оҳангҳои содда ба ӯ писанд меоянд. Ӯ ҳатто метавонад ба оҳанги сурудҳои ба худаш шинос матн эъҷод кунад, ва аксар вақт калимаҳоро аз рӯйдодҳо ва одамони гирду атроф мегирад.

Кӯдаки синни томактабӣ сурудҳои дӯстдоштаашро мешиносад ва номи онро мегӯяд, онҳоро зуд-зуд месарояд. Сурудхонӣ ба кӯдакон кӯмак мекунад, ки фарқи байни тез ва суст, дароз ва кӯтоҳ, баланд ва оромро дарк кунанд.

Кӯдакони синни томактабӣ бозиҳои гурӯҳиро бо сурудхонӣ дӯст медоранд.

Омӯзиш ва инкишоф тавассути рақс

Мусиқӣ ва ҳаракат ба кӯдаки Шумо кӯмак мекунад, ки малакаҳои ҷисмонӣ ва диққатҷалбкуниро инкишоф диҳад. Кӯдаки синни томактабӣ метавонад тез ё суст ҳаракат кунад, ё саҳначаҳоро иҷро кунад ва ҳаракатҳои рақсиро зери мусиқӣ таҳия кунад.

Тавассути ҳаракат, кӯдаки Шумо метавонад эҳсосоти ғамгинӣ, хушбахтӣ, шодӣ ё ҳаяҷонро баён кунад. Масалан, фарзанди Шумо метавонад аз шодӣ ҷаҳад ё бо ғазаб пои худро кӯбад.

Кӯдак бо хушҳолӣ нишон медиҳад, ки чӣ тавр ӯ мисли шабпарак парвоз мекунад, мисли кирмак мехазад ё мисли қурбоққа меҷаҳад. Бозиҳо ба ӯ кӯмак мекунанд, ки дар бораи ҷаҳон бештар омӯзад. Идеяҳои кӯдаки худро ташвиқ кунед – ба ӯ костюм ва лавозимоти заруриро барои рақс диҳед. Масалан, фарзанди Шумо метавонад рӯймолро алвонҷ диҳад, то худро дар парвоз вонамуд кунад.