Афзоиши қади кӯдак аз 25 моҳагӣ ва бештар
- Кӯдак бо шарофати: ғизои дуруст, саломатии хуб, шароити бехатар ва имконияҳои бозӣ ва таълим, ҳамчунин волидоне, ки ниёзҳои онҳоро ба қадри кофӣ қонеъ мекунанд, ва кӯдак хуб инкишоф меёбад.
- Ба ғайр аз омилҳои ғизоӣ ва ирсӣ, ба инкишофи кӯдак гормонҳои ӯ низ бештар таъсир мерасонанд.
- Мониторинги афзоиши кӯдак муайян кардани нишондиҳандаҳои инкишофи ӯро дар назар мегирад: дар ҳар се моҳ вазн ва қади кӯдакони то 3 сола, ва ду маротиба дар як сол кӯдакони аз 3 то 5 сола бо арзёбии инкишофи онҳо.
Аз 3 солагӣ ва бештар
- Афзоиши кӯдак устувор мешавад, аммо дар баробари афзоиш таносубҳо тағйир меёбанд. Cари тифли навзод нисбатан калон буда, вай пойҳо ва дастҳои кӯтоҳ дошт, аммо ҳоло афзоиши сари ӯ суст шуда, бадан ва хусусан дасту пойҳо меафзояд.
- Бофтаҳои равғани бадани ӯ низ коҳиш меёбад, ки онро дар пойҳо ва дастҳои борик ва сари каме мудаввар дидан мумкин аст.
- Гарчанде, ки мо афзоишро дар асоси ҷадвал пайгирӣ мекунем, он ҳам аз як қатор ҷаҳишҳои хурд иборат аст. Кӯдакон каме вазн мегиранд ва сипас қади онҳо калон шудан мегирад.
- Тағирёбии мавсимӣ низ ба ҳама маълум аст: қади кӯдакон дар фасли баҳор тезтар калон мешавад ва дар тирамоҳ бошад онҳо вазни бештар мегиранд.
- Аз соли сеюм то синни ба балоғат расидан, афзоиш умуман устувор аст.
- Дар ин давра, аксарияти кӯдакон ҳамасола 5,0-7,5 см қад мекашанд ва 2-3 кг вазн мегиранд.
- Дар даҳ соли наздик сари кӯдак боз 3-4 сантиметр калон мешавад.
- Дар ин синну сол таносуби аз ҷиҳати оморӣ муҳим байни қади кӯдак ва қади миёнаи волидайн мавҷуд аст, ва арзёбӣ кардан мумкин аст, ки оё кӯдак мувофиқи нерӯи генетикии худ калон шуда истодааст. Нерӯи генетикии афзоиш ("баландшавии мақсаднок") дар асоси ҳисоб кардани баландии миёнаи волидайн бо истифода аз муодилаҳои барои писарон ва духтарон гуногун, фарқ карда мешавад (усули Таннер):
- Баландии мақсаднок барои писарбача (см) = (қади падар + қади модар) / 2 + 6,5
- Баландии мақсаднок барои духтар (см) = (қади падар + қади модар) / 2 - 6,5
Вайроншавии афзоиши қад
Афзоиши қад раванди мураккабест, ки аз ҷониби бисёр омилҳо таъсиргузор аст, ва баъзе аз омилҳо метавонанд ба тарзи муқарраршудаи афзоиш халали худро расонанд, барои мисол: камғизоӣ, ва ғизои нодуруст, бемориҳои музмин, ихтилоли эндокринӣ, доруҳо, мушкилоти оилавӣ ва ғ. Аз ин рӯ, назорати мунтазами афзоиши кӯдак ин имконияти саривақт ошкор намудани вайроншвӣ ва саривақт дахолат кардан ба он аст.
Кӯдаконе, ки пеш аз мӯҳлат таваллуд шудаанд ё вазни кам/дарозии кам доранд, ба диққати махсус ниёз доранд, зеро агар пас аз ду сол онҳо ба қади волидон ё нерӯи генетикии худ нарасанд, онҳоро фавран муоина кардан лозим аст.
Падару модарон! Кӯдаки Шумо ниёз дорад, ки барои афзоиш ва рушди ҳамаҷонибаи ӯ шароити муносиб фароҳам оред.