Инкишофи нутқ: 0-8 солагӣ

Айни замон дар фарзанди Шумо ҷарраёни фаъоли инкишофи нутқ мегузарад. Шумо метавонед ба фарзадатонкӯмак расонед: бо ӯ боштар муошират кунед ва бо ӯ бештар гап занед.
Body
Инкишофи нутқ дар кӯдакон: чиро бояд донист

Инкишофи нутқ - ҷузъи муҳими рушди кӯдак аст.

Инкишофи нутқ қобилияти кӯдаки Шуморо барои муошират ва баён ва фаҳмидани эҳсосот мустаҳкам мекунад. Он инчунин фикрронии ӯ, ҳалли мушкилот, инчунин инкишоф ва нигоҳ доштани муносибатҳо бо дигаронро мустаҳкам мекунад. Қобилияти фаҳмидан, истифода бурдани нутқ ва ҳаловат бурдан аз муошират қадами муҳими аввалиндараҷа ба самти саводнокӣ ва заминаи омӯзиш барои хондан ва навиштан мебошад.

Дар 12 моҳи аввал кӯдакони хурдсол асосҳои нутқ ва забон ташаккул меёбанд. Ва онҳо дар давоми се соли аввали ҳаёти худ малакаҳои забониро бо суръати ҳайратангез инкишоф медиҳанд.

Чӣ гуна инкишофи бармаҳали нутқ дар кӯдакон ангезиш дода шавад

Беҳтарин роҳи ҳавасманд намудани нутқи кӯдак ин аст, ки якҷоя бо ӯ дар бораи чизҳои мавриди таваҷҷӯҳаш сӯҳбат кунед. Муҳим он аст, ки аз пайи фарзандатон пайравӣ кунед вақте, ки ӯ ба Шумо чизеро бо ишора, калима гуфтан мехоҳад.  

Бо кӯдакатон гап задан

Бо кӯдаки худ сӯҳбат кунед ва бо ӯ ҳамчун шахсе, ки аллакай гап зада метавонад аз 12 моҳи аввали ҳаёташ чунин муносибат кунед. Вақте ки Шумо гап мезанед, интизор шавед, ки ӯ ҷавоб диҳад. Ва ҳангоме ки кӯдаки Шумо ба гап задан оғоз мекунад, гапи ӯро ӯро такрор кунед. Эҳтимол Шумо хоҳед дид, ки фарзанди Шумо боз ба шумо чизе гуфтан мехоҳад. Ин сӯҳбатро ҷарраёни суҳбатро нигоҳ медорад ва лаззати зиёд меоварад..

Ҷавоб додан ба фарзандатон

Вақте ки фарзанди Шумо калонтар мешавад ва имову ишораҳоро истифода мебарад, Шумо метавонед ба кӯшишҳои муоширатии фарзандатон аксуамал нишон диҳед. Масалан, агар фарзанди Шумо сарашро ҷунбонда бошад, ҷавоб диҳед, ки гӯё "Не" мегӯяд. Агар кӯдаки Шумо ба бозича ишора кунад, ҷавоб диҳед, ки гӯё ӯ мепурсад: "Оё ман метавонам онро гирам?" ё «Ин ба ман маъқул аст».

Вақте ки фарзанди Шумо калимаҳоро истифода мебарад, Шумо метавонед он чизеро, ки ӯ мегӯяд, такрор кунед ва инкишоф диҳед. Масалан, агар фарзанди Шумо "себ" гӯяд, Шумо метавонед бигӯед, ки «Ту себи сурх мехоҳӣ?»

Вақте ки Шумо бо кӯдаки худ муошират мекунед ва ба ҳаракатҳои ӯ посух медиҳед, ин кӯдаки Шуморо ба муошират ҳавасманд мекунад. Шумо дар ҳайрат хоҳед монд, ки пеш аз мукаммал гардидани калимасозӣ, фарзанди Шумо аллакай чӣ қадар суханҳоро медонад. 

Сӯҳбати ҳаррӯза

Якҷоя муҳокима кардани он чизе, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи Шумо рӯй медиҳад, як роҳи хуби зиёд кардани миқдори калимаҳое мебошад, ки фарзанди Шумо шунидааст. Шумо метавонед дар бораи чизҳое сӯҳбат кунед, ки барои фарзандатон муҳим аст, масалан чизҳое, ки Шумо якҷоя мебинед ё анҷом медиҳед – муҳим он аст, ки калимаҳои гуногун дар матнҳои гуногун истифода бурда шаванд. Масалан, Шумо метавонед бо фарзанди худ дар бораи дарахти себ ва чӣ гуна реза кардани себ барои хӯроки нисфирӯзӣ сӯҳбат кунед. Ин ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад, ки маъно ва вазифаи калимаҳоро дар муҳити атрофашон омӯзад.

Фарқ надорад, ки фарзанди Шумо дарҳол фаҳмад, зеро фаҳмиши кӯдаки Шумо дар баробари инкишофи худаш ташаккул меёбад.

Аз лаҳзае, ки фарзанди Шумо ба нақл кардани ҳикояҳо шурӯъ мекунад, онҳоро ташвиқ кунед, ки дар бораи гузашта ва оянда сӯҳбат кунанд. Масалан, дар охири рӯз, Шумо метавонед нақшаҳои рӯзи ояндаро тавассути тартиб додани рӯйхати харид якҷоя муҳокима кунед ё қарор қабул кунед, ки барои дидани модаркалонатон чӣ мебаред. Ё вақте ки Шумо аз сайругашт ба хона бармегардед, метавонед дар ин бора сӯҳбат кунед.

Китобхонӣ бо кӯдак

Китоб хонед ва дар баробари ба камол расидани кӯдак  китобҳои мураккабтарро мутолиа кунед. Хондан ба фарзанди Шумо имкон медиҳад, ки калимаҳоро дар матнҳои гуногун бишнавад ва ин ба вай дар фаҳмидани маъно ва вазифаи калимаҳо кӯмак мекунад.

Пайваст кардани чизҳои дар китоб навишташуда бо он чизе, ки дар ҳаёти фарзанди Шумо рӯй медиҳад, як роҳи хуби ҷалб кардани кӯдак ба сӯҳбат аст. Шумо инчунин метавонед бо сӯҳбат дар бораи расмҳои ҷолиб аз китобҳое, ки бо фарзандатон мехонед, ӯро шавқманд кунед.

Вақте ки Шумо бо кӯдакатон бо овози баланд китоб мехонед, Шумо метавонед ҳангоми хондани он калимаҳо онҳоро ба кӯдакатон нишон диҳед. Ин ба фарзанди Шумо робитаи байни калимаҳои хаттӣ ва гуфтугӯиро нишон медиҳад ва ба фарзандатон кӯмак мекунад, ки калимаҳо қисмҳои алоҳидаи нутқ мебошанд. Ин барои рушди саводнокии кӯдак муҳим аст.

Китобхонаи наздикии хонаи Шумо - манбаи бузурги китобҳои нав мебошад.

Агар оилаи Шумо дузабона бошад, он гоҳ метавонед рушди нутқи кӯдаки худро бо ҳарду забон - масалан, англисӣ ва русӣ ташвиқ кунед. Инкишофи нутқ дар кӯдакони дузабона метавонанд дар баробари кӯдаконе, ки бо як забон ҳарф мезананд, бошад.

Инкишофи нутқ: ҳашт соли аввал

Баъзе аз чизҳои муҳиме, ки фарзанди Шумо метавонад дар инкишофи нутқ дар синни аз 3 моҳагӣ то 8 солагӣ ноил гардад.

3-12 моҳагӣ

Соли якуми ҳаёт барои инкишофи нутқи кӯдак ниҳоят муҳим аст, чунки дар ин муддат ташаккули фаъоли минтақаҳои нутқии мағзи сар ба амал меояд. Соли аввали ҳаёт - давраи пеш аз нутқ мебошад, ки барои инкишофи минбаъдаи сухан гуфтан замина мегузорад. Онро шартан ба марҳилаҳои зерин тақсим кардан мумкин аст:

якум (0 - 3 моҳагӣ) - инкишофи аксуламалҳои эҳсосотӣ ва экспрессивӣ. Дод задан - аввалин аксуламали овозӣ аст. Гиряи кӯдаки солим баланд ва тӯлонӣ аст. Дар 2-3 моҳи аввали ҳаёт, интонатсияҳо (савти садо) ҳангоми гиря гуногун мешаванд. Ҳамин тавр, масалан, гиряи кӯдаки гурусна дилхарош ва доимӣ буда, гиряи дар мавриди нороҳатӣ ба амал оянда беҳолона ва наонқадар назаррас аст. «Маҷмааи эҳё» - оддитарин шакли муоширати пеш аз шифоҳӣ бо калонсолон бо намуди табассум кардан, ҳаракатҳои умумии бетартибона, садобароӣ ва назорати калонсолон бо нигоҳ мебошад.

дуюм (3 - 6 моҳагӣ) - давраи пайдоиши аксуламалҳои овозӣ (ғурунгос задан ва ғавғо кардан). Дар моҳи сеюм ё каме пештар садои ғурунгосӣ пайдо мешавад. Ғурунгос задан – садои давомноки нарму оҳиста, аз ҷумла: «а-а-а-а», «гу-у-у», «а-бм», «бу» ва ғайра мебошанд. Ин садоҳо ё танҳо талаффузашон осон аст  ё бо амалҳои макидан ва фурӯбарӣ алоқаманд мебошанд. Дар давраи ғурунгос задан интонатсияи хурсандӣ пайдо мешавад. Кӯдак ҳангоми худро хуб ҳис карданаш ғурунгос мезанад: ин маънои онро дорад, ки ӯ бароҳат хобидааст, сер ва тоза мебошад. Дар 4-моҳагӣ комбинатсияхои садоӣ мураккабтар шуда, намудҳои нав пайдо мешаванд: «гн-агн», «рн», «хн» ва ғайра. Ҳангоми инкишофи мӯътадили кӯдак дар 4-5 моҳагӣ, ғурунгосҳои бемаънӣ ба гавғо мубаддал мешаванд. Гап задан – талаффуз кардани таркиби ҳиҷо ва тақлид ба нутқи дигарон мебошад. Раванди пуршиддати ҷамъшавии садоҳои ғурунгосӣ пас аз моҳи шашуми ҳаёт ба амал меояд.

сеюм (6 - 10 моҳагӣ) - оғози инкишофи фаҳмиши нутқ ва фаъолона гап задан аст. Аз синни 7 - 8 моҳагӣ то 1 солагӣ садоҳои каме нав пайдо мешаванд. Кӯдак «та-та-та...», «ги-га-ги...» ва дигар садоҳои пайдарпайро якчанд маротиба такрор карда, маҳорати талаффузро сайқал медиҳад ва ҳамзамон ба сухани худ гӯш медиҳад. Пас тадричан миқдор ба сифат мубаддал мешавад. Калимаҳои бетартибона пайдо мешаванд, ки кӯдак дар мавриди дидани шахсони алоҳида, ашё ва амалҳо мебарорад. "Би-би" - ба мошин ишора мекунад, "топ" – қадам мезанад, "ма-ма" - ба модар ишора мекунад ва ғайра.

Дар раванди муошират бо калонсолон кӯдак кӯшиш мекунад, ки ба интонатсия, суръат, ритми овоздиҳии нутқ тақлид кунад ва контури умумии калимаро нигоҳ дорад.

Дар ин давра дарки суханронии дигарон ташаккул меёбад. Аллакай дар 7-8 моҳагӣ, кӯдакон ба калимаҳо ва ибораҳое, ки бо имову ишора ва ифодаи чеҳра ҳамроҳ мешаванд, ба таври кофӣ ҷавоб медиҳанд. Кӯдак дар ҷавоб ба саволҳои «Падар куҷост? Баба?" сарашро мегардонад. Ба номи худаш аксуламал нишон медиҳад. Ҷойгиршавии муқаррарии ашёи рӯзгорро (соат, гаҳвора...) медонад, агар онҳоро қаблан нишон дода, номбар шуда бошанд. Ба ибораи дигар, робитаи байни тасвири овозии калима ва ашё инкишоф меёбад.

чорум (10 моҳагӣ — 1 солагӣ) — вақти пайдоиши калимаҳои аввалин аст. Аввал калимаҳо пайдо мешаванд - калимаҳо-ҷумла месозанд. Як калима метавонад эҳсосоту хоҳишҳоро ифода карда ашёро нишон диҳад. “Модар” ҳам муроҷиат, ҳам дархост ва ҳам шикоят аст. Калимаҳои аввалин аз ҷуфтҳои якхела (бештар) ва нобаробар иборатанд: «па-па», «ди-ди», «би-ка» ва ғайра. Айни ҳол ҳар як хиҷо аз ҷиҳати баландӣ ва давомнокӣ фарк карда мешавад. Ҳами тавр зада гузошта мешавад.Фаъолнокии нутқ дар ин синну сол аз вазъият вобаста буда, аз иштироки эҳсосотии калонсолон дар муошират вобаста аст. Дар синни 1-солагӣ кӯдаки солим 8-10 калима ба мисли "кис-кис", "му", «ням-ням»-ро медонад.

Аз 12 моҳагӣ то 3 солагӣ

Аз 1 то 3-солагӣ (синни томактабӣ) ташаккули нутқи фаъол ба амал меояд, зеро кӯдак ба роҳ рафтан оғоз мекунад. Бо пайдоиши қобилияти зуд ҳаракат кардан, тассавурот дар бораи муҳити атроф тез васеъ шуда, нутқ низ босуръат инкишоф меёбад: кӯдак дар бораи ашёҳои гирду атроф мепурсад, ки чӣ ном дорад. Дар нутк тахрифи овозхо мушохида карда мешавад, таъкид ва хичохои ибтидоӣ истифода мешавад, овозхои душвор ба назар мерасад, ивазшавии ҳиҷоҳо мушоҳида мешавад.

Дар охири соли дуюми ҳаёт нутқи матнӣ маъмул ташаккул меёбад. Ҳангоми муошират бо калонсолон кӯдак 2-3 калимаро муттаҳид мекунад, масалан, «пи деҳ» (ба ман об деҳ), «дада би» (падар рафт) ва ғайра. Меъёрҳои грамматикӣ тадриҷан ташаккул меёбанд (шумора, ҷинс, ҳолат…).

Кӯдак дар синни 3-солагӣ соддатарин сохторҳои грамматикиро мустақилона истифода мебарад. Ҳангоми муошират бо калонсолон ё ҳамсолон кӯдакон ибораҳои соддаро истифода мебаранд.

Дар синни 3-солагӣ зарурати эҷоди калима пайдо мешавад. Кӯдак бо калимаҳои худ сухан меронад, аммо ҳамзамон қонунҳои забони модарии худро истифода мебарад: «сона» - шона, «мама» - хӯрок, яъне кудак қонунхои асосии забонро аз худ мекунад.

3-5 солагӣ
Акнун Шумо метавонед сӯҳбатҳои дарозтар, аниқтар ва мураккабро интизор шавед. Масалан, фарзанди Шумо метавонад чунин бигӯяд: "Оё ман калон шавам тарбуз мешавам, зеро донаи тарбузро фурӯ бурдам?"

Фарзанди Шумо эҳтимол хоҳад, ки дар бораи мавзӯъҳои гуногун сӯҳбат кунад ва захираҳои луғаваш афзоиш меёбад. Кӯдаки Шумо метавонад дарки грамматикаи асосиро тавассути таҷриба бо ҷумлаҳои мураккабтаре нишон диҳад, ки калимаҳоеро ба мисли “зеро”, “агар”, “ин тавр” ё “вақте” дарбар мегиранд. Ва ҳикояҳои ҷолиб Шуморо низ интизоранд.

5-8 солагӣ

Дар солҳои аввали мактабӣ фарзанди Шумо калимаҳои зиёдеро ёд мегирад ва мефаҳмад, ки чӣ гуна садоҳо дар забон якҷоя амал мекунанд. Кӯдаки Шумо инчунин дар нақл кардани ҳикоя муваффақтар мешавад, зеро ӯ роҳҳои гуногуни якҷоя кардани калимаҳо ва сохтани намудҳои гуногуни ҷумларо ёд мегирад. Ин малакаҳо инчунин ба фарзанди Шумо имкон медиҳанд, ки фикру ақидаҳои худро мубодила кунанд. Дар синни ҳаштсолагӣ кӯдаки Шумо метавонад мисли калонсолон ҳарф занад.

Кӯдакон бо суръати гуногун ба воя расида инкишоф меёбанд ва доираи васеъи инкишофи «муқаррарӣ» вуҷуд дорад. Аммо Шумо фарзанди худро беҳтар медонед. Агар Шумо дар бораи инкишофи забонии кӯдаки худ ягон нигаронӣ дошта бошед, бо табиб, ҳамшираи шафқат ё дигар намояндаи тиббии худ сӯҳбат кунед ва ё ба нутқшинос муроҷиат кунед.