Ақибмонии инкишофи нутқ

Вақте ки кӯдакон дар нутқ ва/ё фаҳмиш мушкилӣ доранд, ин метавонад нишонаи ақибмонии нутқ бошад. Агар шумо фикр кунед, ки фарзанди шумо ақибмонии инкишофи нутқ дорад, ба табиби оилавӣ/кӯдакона, ҳамшираи тиббӣ, муаллим ё логопед муроҷиат кунед. Кӯмак ба кӯдакони ақибмонии инкишофи нутқ дошта метавонад иштирок дар машғулиятҳои махсуси гурӯҳӣ, истифодаи кортҳои муоширатӣ ва ғайраро дар бар гирад.
Body

Ақибмонии инкишофи нутқ чист?

Ақибмонии инкишофи нутқ – мушкилӣ дар фаҳмидан ва/ё истифода бурдани нутқи гуфтугӯӣ мебошад. Мушкилот метавонад чунин бошад:

  • барои кӯдак талаффузи калимаҳои аввал ё дар хотир нигоҳ доштани онҳо душвор аст;
  • барои кӯдак аз калимаҳо ҷумла тартиб додан душвор аст;
  • зиёд кардани захираи луғавии кӯдак душвор аст;
  • кӯдак дар фаҳмидани калимаҳо ё ҷумлаҳо душворӣ мекашад.

Баъзан ақибмонии инкишофи нутқ метавонад бо чунин ҳолатҳо, аз қабили вайроншавии спектри аутистики (ASD), синдроми Даун ё ношунавоӣ ва ихтилоли шунавоӣ алоқаманд бошад.

Ақибмонии инкишофи нутқ, ихтилоли нутқ ё вайроншавии инкишофи нутқ?

Ақибмонии инкишофи нутқ аз ихтилоли нутқ ё вайроншавии инкишофи нутқ фарқ мекунад.

Ихтилоли нутқ (талаффузи садо) вайроншавии фаъолияти нутқ аст, ки дар он барои кӯдакон талаффузи овозҳо дар калимаҳо душвор мебошад. Аз ин сабаб, нутқи онҳоро фаҳмидан душвор буда метавонад. Бо вуҷуди ин, кӯдакони дорои ихтилоли нутқ метавонанд малакаҳои хуби забонӣ дошта бошанд. Яъне онҳо калимаю ҷумлаҳоро хуб мефаҳманд ва инчунин мустақилона ҷумлаҳои худро дуруст сохта метавонанд.

Агар кӯдак ақибмонии инкишофи нутқ дошта бошад, ки аз байн намеравад, пас ин метавонад нишонаи вайроншавии инкишофи нутқ бошад. Кӯдакони дорои вайроншавии инкишофи нутқ дар фаҳмидан ва/ё гап задан душворӣ доранд. Чунин душвориҳо ба ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо таъсир мерасонанд.

Кӯдаконе, ки ихтилоли нутқ доранд, на ҳатман ақибмонии инкишофи нутқ ё вайроншавии инкишофи нутқ дошта метавонанд, ва на ҳама кӯдакони дорои ақибмонии инкишофи нутқ мушкилоти нутқ доранд.

Кӯдаконе, ки дар оилаҳои дузабона ба воя мерасанд нисбат ба кӯдаконе, ки танҳо бо як забон гап мезананд, метавонанд забонҳоро сусттар омӯзанд. Инро ақибмонии инкишофи нутқ намешуморанд. Кӯдакони дузабонаи синни мактабӣ метавонанд мисли ҳамсолони худ хондану навиштанро ёд гиранд.

Кадом вақт ҳангоми ақибмонии инкишофи нутқ кӯмак лозим аст

Кӯдакон нутқро бо суръати гуногун аз худ мекунанд. Аз ин рӯ, муқоиса кардани фарзанди худ бо дигар кӯдакони ҳамсол ба шумо кӯмак намекунад то ки фаҳмед, ки оё фарзанди шумо оқибмонии инкишофи нутқ дорад ё не.

Агар шумо яке аз нишонаҳои зеринро дар ягон синну соли фарзанди худ мушоҳида кунед, беҳтар аст, ки ба машварати мутахассис муроҷиат намоед.

То 12 моҳагӣ

Фарзанди шумо кӯшиш намекунад, ки бо шумо тавассути садоҳо, имову ишораҳо ва/ё калимаҳо муошират кунад, хусусан вақте ки ӯ ба кӯмак ниёз дорад ё чизе мехоҳад.

То 2 солагӣ

Кӯдаки шумо:

  • тақрибан 50 калимаи гуногунро намегуяд;
  • ду ё зиёда калимаҳоро якҷоя намекунад – масалан, "об те", "маро бардор";
  • беихтиёр калимаҳоро намегӯяд, яъне кӯдак танҳо калимаҳо ё ибораҳои аз дигарон шунидашударо нусхабардорӣ мекунад;
  • ба назар чунин менамояд, ки кӯдак супоришҳо ё саволҳои оддиро намефаҳмад, ба монанди «Пойафзолро гир», «Нӯшидан мехоҳӣ?» ё "Модар куҷост?"

Дар синни 2 солагӣ тақрибан аз ҳар панҷ кӯдак як кӯдак аломатҳои ақибмонии инкишофи нутқро дорад. Ин кӯдаконро баъзан "дер ба гап даромадагӣ" меноманд. Бисьёрии онҳо баъд аз калон шудан ба ҳамсолони худ расида мегиранд. Аммо баъзеҳо чун пештар дар сухан гуфтан душворӣ мекашанд.

Тахминан дар 3 солагӣ

Фарзанди шумо:

  • аз калимаҳо ибораҳо ё ҷумлаҳои дарозтар тартиб намедиҳад, ба мисли "Модар, ба ман ёрӣ диҳед" ё "Боз нӯшидан мехоҳам".
  • ба назар мерасад, ки супоришҳо ё саволҳои дарозтарро намефаҳмад, ба монанди "Пойафзоли худро гирифта ба қуттӣ гузор" ё "Ту имрӯз барои хӯроки нисфирӯзӣ чӣ мехоҳӣ?"
  • кам ё тамоман ба китоб таваҷҷӯҳ надорад.
  • савол намедиҳад.

Дар синни 4-5 сола ва калонтар

Баъзе кӯдакон то замони ба кӯдакистон ё мактаб рафтанашон метавонанд мушкилоти нутқ дошта бошанд. Агар чунин мушкилотро бо ягон сабаби дигар шарҳ додан ғайриимкон бошад, масалан, ихтилоли спектри аутистики (ASD) ё ношунавоӣ, он метавонад ақибмонии инкишофи нутқ бошад.

Кӯдакони дорои ақибмонии инкишофи нутқ:

  • барои дар хотир нигоҳ доштани калимаҳои нав ва сӯҳбат кардан душворӣ мекашанд;
  • ҷумлаҳои кӯтоҳ ва содда истифода мебаранд ва аксар вақт калимаҳои муҳимро аз ин ҷумла мепартоянд;
  • танҳо ба як қисми супориш аҳамият медиҳанд;
  • дар истифодаи дурусти замони гузашта, ҳозира ва оянда душворӣ мекашанд – масалан, ҳангоми гуфтани амалҳое, ки аллакай анҷом додаанд, ба ҷои «кардам» “мекунам” мегӯянд;
  • ҳангоми сӯҳбат кардан дар интихоби калимаҳои дуруст душворӣ мекашанд;
  • метавонанд маънои калимаҳо, ҷумлаҳо ё мазмуни ҳикояҳоро нафаҳманд.

Дар ҳама синну сол

Фарзанди шумо:

  • аз муоинаи тиббӣ гузашта, ба ӯ ташхиси ношунавоӣ, ақибмонии инкишоф, ихтилоли спектри аутистики, синдроми Даун ва ғайра монда шудааст;
  • корҳоеро, ки пештар иҷро мекард, бас мекунад, масалан, гап намезанад.

Кӯдакони дорои нуқсони нутқ ҳарчи зудтар ба кӯмак ниёз доранд. Шумо аз ҳама беҳтар инкишофи нутқи фарзанди худро баҳо дода метавонед. Агар шумо дар ташвиш бошед, ба мушоҳидаҳои худ такя кунед, ба табиби оилавӣ/кӯдакона, ҳамшираи тиббӣ, муаллими кӯдак ё логопед муроҷиат намоед. Агар чунин мутахассис барои ташвиш ягон сабаб набинад, вале шумо ба ҳар ҳол нигарон ҳастед, ба мутахассиси дигар муроҷиат намоед, то андешаи дигар гиред.

Ҳангоми ақибмонии инкишофи нутқ аз куҷо кӯмак гирифтан мумкин аст

Агар шумо фикр кунед, ки фарзанди шумо мушкилоти нутқ дорад, метавонед ба мутахассисони зерин муроҷиат намоед:

  • муаллимон ё мураббиён дар кӯдакистон, муассисаи томактабӣ ё мактаб
  • нутқшинос
  • сурдолог
  • табиби оилавӣ/кӯдакона
  • ҳамшираи шафқат
  • равоншинос

Агар шумо фикр кунед, ки мушкилоти асосии фарзанди шумо фаҳмидан ва истифодаи нутқ аст, метавонед бо нутқшинос муроҷиат намоед. Нутқшинос метавонад арзёбӣ намояд, ки чӣ тавр фарзанди шумо калимаҳоро истифода мебарад ва ба супоришҳо ё саволҳо ҷавоб медиҳад.

Агар шумо фикр кунед, ки фарзанди шумо сустшунаво ё вайроншавии шунавоӣ дорад, беҳтар аст шунавоии ӯро аз ҷониби сурдолог муоина намоед. Ношунавоӣ метавонад ба инкишофи нутқ ва қобилияти муоширати кӯдаки шумо таъсири манфӣ расонад.

Кӯмак ба кӯдакони дорои ақибмонии инкишофи нутқ

Агар ба фарзанди шумо ташхиси ақибмонии инкишофи нутқ гузошта шуда бошад, мутахассисе, ки шумо бо он кор мекунед, метавонад иштирок дар барномаҳои гурӯҳӣ, ки малакаҳои нутқи фарзанди шуморо ташаккул медиҳанд, тавсия диҳад. Мутахассис инчунин метавонад ба фарзанди шумо дар омӯхтани роҳҳои дигари муошират, аз қабили истифодаи кортҳои муоширатӣ, лавҳаҳои тасвирӣ ё китобҳо кӯмак расонад. Мутахассис метавонад ба шумо усулҳоеро омӯзад, то ин ки шумо тавонед дар хона барои муоширати фарзандатон истифода баред. Масалан, шумо метавонед ба ӯ вақти зиёдтар диҳед, то ба шумо ҷавоб диҳад.

Сабабҳои ақибмонии инкишофи нутқ

Сабаби ақибмонии инкишофи нутқ дар аксари мавридҳо маълум нест. Аммо маълум аст, ки дар он эҳтимолан як ҷузъи генетикӣ ё биологӣ нақш мебозад. Яъне, ақибмонии инкишофи нутқ метавонад ирсӣ бошад.

Ақибмонии инкишофи нутқ бештар ба назар мерасад дар:

  • писарон;
  • кӯдаконе, ки дар оила хешовандонашон ақибмонии инкишофи нутқ ё ихтилоли муошират доранд;
  • кӯдакони дорои вайроншавии инкишоф, аз қабили ихтилоли спектри аутистики (ASD) ё синдроми Даун;
  • кӯдакони гирифтори мушкилоти доимии шунавоӣ ва сироятҳои гӯш.

Баъзан ақибмонии инкишофи малакаҳои муошират метавонад аломати ҷиддии вайроншавии инкишоф, аз ҷумла вайроншавии шунавоӣ, ақибмонии инкишоф, ақибмонии зеҳнӣ ва вайроншавии спектри аутистики бошад. Шумо фарзанди худро аз дигарон дида беҳтар медонед. Агар шумо дар ташвиш бошед, ба табиби оилавӣ/педиатр муроҷиат намоед.