Муошират ва бозӣ: кӯдакони синни томактабӣ
Чиро интизор шудан мумкин аст: Кӯдакони синни томактабӣ ва муошират
Дар синни 3-4-солагӣ фарзанди Шумо метавонад:
- саволҳои нисбатан душвортар дода бо боварӣ, вале ҳанӯз грамматикаи ҳанӯз ҳам номукаммал сухан гӯяд.
- ҷумлаҳои иборат аз 5-6 калимаро талаффуз кунад.
Дар синни панҷсолагӣ, кӯдаки синни томактабии Шумо метавонад:
- ном ва суроғаи худро гӯяд;
- бо истифода аз ҷумлаҳои то нӯҳ калима возеҳ сухан гӯяд;
- сўҳбатҳои пурмазмун дошта бошад ва ба шумо воқеаҳоро бо тафсилоти зиёд нақл кунад.
Дар ин синну сол, кӯдаки синни томактабии Шумо эҳтимол дорад, ки то ҳадди имкон бо Шумо, дӯстонаш ва дигар аъзоёни оила сӯҳбат кунад. Агар Шумо ӯро гӯш кунед ва бо ӯ сӯҳбат кунед, воқеан барои суханронии фарзандатон муфид хоҳад буд.
Кӯдакон дар ин синну сол он қадар чизҳои навро нақл кардан мехоҳанд, ки онҳо баъзан хаста шуда рӯҳафтода мешаванд - ин муқаррарӣ аст. Танҳо кӯдаки синни томактабии худро саросема накарда гӯш кардани ӯро давом диҳед. Кӯдаки Шумо бешубҳа калимаҳои дурустро интихоб мекунад.
Агар Шумо дар хона кӯдаконеро, ки бо забони модарии Шумо гап мезананд, тарбия карда истода бошед, Шумо метавонед интизор шавед, ки рушди забонии онҳо ба инкишофи кӯдакони синни томактабӣ, ки танҳо як забон ҳарф мезананд, монанд хоҳад буд - ва дузабонӣ метавонад дар оянда бартарӣ дошта бошад! Вақте ки кӯдакони синни томактабии дузабона ба боғча ё дигар муассисаҳои томактабӣ мераванд, ин ба онҳо барои дарк кардани малакаҳои муоширати худ ва фаҳмидани забони аксарияти аҳолии кишвари Шумо кӯмак мекунад.
Бозӣ барои ҳавасманд намудани муошират дар кӯдакони синни томактабӣ
Дар ин синну сол кӯдакон барои такмил додани нутқ ва забон ҳанӯз ба машқ ва дастгирии зиёд ниёз доранд. Чӣ қадаре ки Шумо бо кӯдаки синни томактабии худ ё дар ҳузури ӯ бештар сӯҳбат кунед, ӯ ҳамон қадар калимаҳоро дар хотир нигоҳ медорад ва барои муошират истифода мебарад.
Роҳи беҳтарини рушди малакаҳои муоширатӣ дар фарзанди Шумо ин аз машқҳои шавқовар ба монанди сурудхонӣ ё хондани қофияҳои кӯдакона, на машқ кардани талаффуз ё грамматикаи дуруст мебошад.
Инак, якчанд маслиҳат барои ҳавасманд кардани хоҳиши кӯдаки Шумо ба сӯҳбат кардан:
- Вақте, ки Шумо бо фарзандатон сӯҳбат мекунед, ба он чизе, ки ба ӯ таваҷҷӯҳ мекунад, ҷавоб диҳед. Агар кӯдаки синни томактабии Шумо ба гузаштани мошинҳо таваҷҷӯҳ дошта бошад, вақт ҷудо кунед ва дар бораи онҳо сӯҳбат кунед.
- Бо кӯдаки худ бо лӯхтакҳо ё бозиҳои амсилавӣ бозӣ кунед. Вақте, ки кӯдакон ба ягон чиз тақлид мекунанд (ҳайвон, кӯдаки дигар, оташнишон ва ғ.), кӯшиш мекунанд, ки бештар гап зананд - ҳатто он кӯдаконе, ки одатан камгап ҳастанд.
- Якҷоя бо овози баланд китоб хонед. Агар китобхона кор кунад, Шумо инчунин метавонед фарзанди худро ба чорабинии хонандагони хурдсол баред.
- Якҷоя ҳикояҳо нақл кунед: фарзанди Шумо аз гӯш кардани онҳо ҳаловат мебарад. Вай инчунин азёд кардан ва ба Шумо нақл кардани ҳикояҳои оддӣ ҳаловат мебарад. Кадом ҳикояҳо аз давраи кӯдакиатон дар хотир доред? Оё дар фарҳанги Шумо ҳикояҳои анъанавӣ вуҷуд доранд? Истифода бурдани калимаҳо дар ҳикояҳо ва аз кӯдаки синни томактабӣ хоҳиш кардани истифодабарии онҳо низ шавқовар хоҳад буд.
- Якҷоя суруд хонед.
- Ҳикояҳои хандовар нақл кунед ва муаммоҳо созед. Ба кӯдакони синни томактабӣ одатан калимабозиҳои оддӣ, аз ҷумла ҷустуҷӯи калимаҳое, ки қофия доранд ва ҳатто онҳоро худашон месозанд, маъқул аст.
Вақт барои дар назди оинаи нилгун гузаронидан дар кӯдакони синни томактабӣ
Кӯдакони синни 2-5-сола набояд дар як рӯз бештар аз як соат дар назди оинаи нилгун гузаронанд. Сарф кардани вақти аз ҳад зиёд дар назди оинаи нилгун метавонад ба инкишофи нутқ халал расонад ва вақти кӯдаки Шуморо барои дигар фаъолиятҳое, ки ба рушди умумии онҳо мусоидат мекунад, кам намояд.
Ҳама кӯдакон бо суръати гуногун инкишоф меёбанд. Аммо агар Шумо дар бораи ягон ҷиҳати инкишофёбии кӯдаки худ, аз ҷумла рушди забон ва малакаи муоширати ӯ хавотир бошед, тавсия дода мешавад, ки бо аз табиби худ маслиҳат пурсед.