Бо кӯдакони синни томактабӣ чӣ гуна сӯҳбат кардан ва чӣ гуна онҳоро гӯш кардан лозим аст

Лаҳзаҳои муҳим: кӯдакони синни томактабӣ истифодабарии малакаҳои нутқии ташаккулёбандаи худро барои фаҳмидану шарҳ додани ҳама чизе, ки бо онҳо рӯй медиҳад, дӯст медоранд. Кӯдакони синни томактабӣ бо калимаҳо иброз намудани эҳсосоти худро оғоз менамоянд. Онҳо инчунин метавонанд ҷумлаҳо ва ҳикояҳои тӯлониро истифода баранд. Вақте ки кӯдаки Шумо гап мезанад, ба ӯ нишон диҳед, ки ӯро гӯш мекунед ва ӯро тарзе ҳавасманд намоед, ки ҳангоми навбати сухан гуфтан ба шумо мерасад, гӯш кунад ва сӯҳбат кунад.
Body
Сӯҳбат бо кӯдаки синни томактабӣ: чиро интизор бояд шуд

Дар синни 3-5 солагӣ Шумо метавонед аз кӯдаки худ саволҳову суханҳои зиёдеро шунавед. Ин барои он аст, ки кӯдакони синни томактабӣ:

  • ба машқ кардани калимаҳои нав, садоҳои нутқ ва малакаҳои забон ниёзи қавӣ доранд;
  • аз муҳити атроф доимо дар ҳайрат мебошанд;
  • бо одамоне, ки аз худашон зиёдтар медонанд, сӯҳбат карда меомӯзанд.
Ба фарзандатон гӯш диҳед

Вақте ки Шумо ба кӯдак нишон медиҳед, ки ӯро гӯш карда истодаед, ӯ дарк мекунад, ки ин барои Шумо муҳим аст.

Тарзи гӯш кардан ва ба кӯдак нишон додан, ки Шумо уро гӯш мекунед:
  • Дар мавриди сӯҳбат кардан бо кӯдак ҳамаи корҳои худро як сӯ гузоред ва дар ҳама ҳолат ба кӯдак диққат диҳед.
  • Дар вақти сӯҳбат кардан бо кӯдак барои тамоси чашмӣ то ҳадди чашмони кӯдак дар болои фарш бо зону истед.
  • Қиёфа ва ҳаракатҳои кӯдакро бодиққатона мушоҳида кунед. Ин ба Шумо бисёр чизҳоро зоҳир мекунад. Масалан кӯдак метавонад аз ғазаб ларзад ё аз хушҳолӣ як қад парад.
  • Дар мавриди ягон чиз гуфтани кӯдак, хулосаи худро иброз намоед, то ӯ дарк намояд, ки Шумо ӯро дуруст мефаҳмед.
  • Истилоҳотеро истифода баред, ки ба Шумо шавқовар буданро нишон медиҳад. Масалан: “Ҳақиқатан?”, “Оҳҳо”, “Баъд чӣ шуд?”  ё “Давомаш чӣ шуд?”.
  • Дар вақти гап задани фарзандатон саратонро ҷунбонед, табассум кунед ва меҳрубонӣ зоҳир намоед.
  • Кӯшиш кунед, ки то он даме, ки фарзанди Шумо ҳикояашро тамом накунад, босаброна гӯш диҳед.

Кӯдакони синни томактабӣ сӯҳбат кардан ё нақл кардани ҳодисаҳоро дӯст медоранд! Агар Шумо имкони дар ҳамин вақт гӯш кардани фарзандатонро надошта бошед, ба фарзандатон дар ин бора хабар диҳед. Масалан: “Мо қариб ба боғча расидем. Ту метавонӣ зуд нақл карда ба охир расонӣ ё баъд нақл мекунӣ?”. Баъдан давом додани сӯҳбатро аз хотир набароред.

Чи гуна бо кӯдак сӯҳбат кардан лозим аст?

Кӯдаки Шумо метавонад калимаҳои зиёдеро фаҳмида онҳоро истифода барад, вале баъзан ба ӯ дарки гуфтаҳои Шумо хоҳ нохоҳ душвор мебошад.

Инак якчанд маслиҳатҳое, ки дар мавриди соддаву фаҳмо сӯҳбат намудан бо кӯдаки синни томактабӣ кӯмак мерасонанд:

  • Кӯшиш намоед, маҳз он чизеро гӯед, ки Шумо онро дар назар доред. Кӯдаки Шумо шояд ҳазл, шӯхӣ ё муҳоботро нафаҳмида аз Шумо хафа шавад.
  • Боварӣ ҳосил намоед, ки қиёфаи рӯй ва ҳаракатҳои Шумо бо суханҳои гуфтаатон муносиб мебошанд. Масалан дар мавриди иброз намудани дӯстдории худ, ба чашмони ӯ назар карда табассум намоед.
  • Агар кӯдаки Шумо чи гуфтанатонро нафаҳмад, бо тарзҳои гуногун суханҳоятонро такрор намоед. Масалан, “Ҷувздонро ба овезак овезон намо” ва “Ҷувздонро бардошта ба овезак овезон кун”.
  • Ба кӯдаки худ дар дарк намудани “барои чӣ?” ёрдам расонед ва чи гуфтани худро фаҳмонед. Масалан: “Мо дар роҳи калон дучархасаворӣ намекунем, барои он ки моро мошин пахш карданаш мумкин аст”.
  • Ба кӯдак дар мавриди сӯҳбат кардан интизор шудани навбати худро омӯзонед. Бо навбат сӯҳбат карда Шумо дар кӯдаки худ малакаи гӯш карданро инкишоф медиҳед: “Алишер, ҳозир навбати гап задани ман мебошад. Ҳозир ман ки суханамро тамом кардам, пас аз ман ту гап мезанӣ”.
  • Кӯдакро таъриф намуда барои дастовардҳояш дар муошират ҳавасманд намоед. Масалан: “Ташаккур, ки ту то фаро расидани вақти хӯроки нисфирӯзӣ ҳама чизро то охир нақл кардӣ.”
Ба саволи фарзанди худ чи гуна ҷавоб додан лозим аст

Дар мавриде, ки Шумо ба саволҳои кӯдаки худ ба таври ҷиддӣ муносибат мекунед ва барои ҷавоби мукаммал додан ба саволҳои ӯ вақт меёбед, Шумо кӯдакро ҳавасманд мекунед, ки ӯ дар оянда низ боз савол диҳад. Ин ба кӯдак дар дарки муҳити атроф кӯмак мерасонад. “Ҳмм, инро худам ҳам намедонам. Саволи мураккаб. Биё дафъаи оянда ҳангоми вохӯрӣ бо модаркалонат ин саволро ба ӯ медиҳем”.